Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли мулоқоти Путин ва Трамп дар Порис


Мулоқоти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо мушовири амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон дар Маскав. 23-юми октябри соли 2018.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо мушовири амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон дар Маскав. 23-юми октябри соли 2018.

Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон пас аз мулоқот бо Владимир Путин дар Маскав гуфт, барои мулоқоти раҳбарони Амрико ва Русия, ки қарор аст рӯзи 11-уми ноябр дар Порис доир шавад, барномарезии дақиқ анҷом хоҳанд дод.

"Мулоқот созанда буд"

Оқои Болтон рӯзи 23-юми октябр баъд аз сӯҳбати якунимсоатаи худ бо Владимир Путин, зимни нишасти хабарӣ, мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Русияро "ниҳоят фарогир ва созанда" хонд. Дар оғози мулоқот Путин ба Болтон гуфт, ки вай мехоҳад музокироти худ бо Трампро дар саммити Хелсинки, ки моҳи июл баргузор мешавад, оғоз кунад.

Сафари Болтон ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 20-уми октябр Доналд Трамп эълон кард, ки кишвараш аз Паймони манъи аслиҳаи ҳастаии миёнапарвоз бо Русия, ки соли 1987 имзо шуда буд, хориҷ мешавад.

Оқои Путин ҳамчунин гуфт, ки алорағми ихтилофот, бояд гуфтугӯҳо миёни Русия ва Амрико аз сар гирифта шавад. Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин аз эҳтимоли мулоқот бо Трамп дар ҳошияи маросими 100-уми солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Аввал, ки моҳи ноябр дар Порис баргузор мешавад, хабар дод.

Раиси ҷумҳури Русия аз ҷумла гуфт, "ба бовари ман, мулоқот бо Трамп дар Ҳелсинки дар моҳи июл, муассир хоҳад буд. Ман фикр мекунам, ки нишаст (бо Болтон) созанда буд. Бароятон мегӯям, бо ин ҳама, гоҳе аҷиб аст, ки чигуна Амрико бар хилофи Русия иқдом кунад. Ин иқдомҳо ба ҳеҷ сурат аз тарафи мо таҳрик нашудааст. Чизе, ки онро дӯстона ҳам гуфта наметавонем. Аслан мо ба ҳеҷ иқдоми шумо посух намегӯем, аммо ин иқдомҳо пайиҳам сурат мегиранд."

Ҷон Болтон ҳам гуфт, ки Трамп ҳам мехоҳад, ки моҳи ноябр дар Порис бо Путин мулоқот намояд. "Ман фикр мекунам, ки президент Трамп ҳам алоқаманд аст, ки дар ҳошияи маросими 100-умин солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Аввал бо шумо мулоқот кунад",-гуфт Болтон ба Путин.

Болтон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки расмиёт барои берун шудани Амрико аз Паймони манъи аслиҳаи атомии миёнапарвоз дар вақти муайян оғоз мешавад ва афзуд, ки вақте Амрико дар гузашта аз чунин паймонҳо берун шуда буд, ин раванд чандин моҳро дар бар гирифт.

"Мушкил ин аст, ки инҷо Русия паймони мушакиро ҳоло дар Аврупо нақз кард",- гуфт Болтон. "Таҳдид ин берун шудани Амрико аз ин паймон нест. Таҳдид ин мушакҳои ҳамакнун мустақаршудаи Русия мебошад",-афзуд вай.

Ҷон Болтон дар посух ба суол дар мавриди мудохилаи Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико гуфт, ин кор ба фоидаи Русия нест. Русия иттиҳомоти воридшуда аз сӯи ниҳодҳои истихборотии Амрико дар мавриди дахолат дар интихоботи он кишварро радд кардааст.

Сафари Ҷон Болтон ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 20-уми октябр раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки кишвараш аз Паймони манъи аслиҳаи ҳастаии миёнапарвоз бо Русия, ки соли 1987 ба имзо расида буд, хориҷ мешавад. Путин ба Болтон гуфт, ки мехоҳад бо Трамп дар мавриди назорати аслиҳа гуфтугӯ намояд.

Паймоне, ки онро Рейган ва Горбачёв имзо карданд

Ин паймон соли 1987 байни Роналд Рейган, раиси ҷумҳури вақти Амрико ва Михаил Горбачёв, котиби аввали Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ имзо ва як сол баъд иҷро шуд.

Аммо мақомҳои Амрико аз чанд сол ба ин тараф мегӯянд, ки Русия даст ба сохтан ва тавсеаи ин мушакҳо задааст ва дар соли 2014 низ ба таври ошкоро Русияро ба ин кор муттаҳам карданд. Русия борҳо ин иттиҳомрор рад карда ва ҳамзамон гуфтааст, бахшҳое аз системаи дифои мушакии Амрико дар кишварҳои аврупоӣ, хилофи ин паймон ва нақзкунандаи он мебошад.

Вокунишҳо ба тасмими Трамп

Тасмими раёсати ҷумҳури Амрико барои хуруҷ аз ин паймон, бо интиқоди Русия, ҳимояти Бритониё ва ҳушдори Олмон рӯбарӯ шудааст. Михаил Горбачёв, раҳбари вақти Шӯравӣ, ки зери ин паймон имзо гузошта буд, пурсидааст, "онҳо воқеан дар Вашингтон дарк намекунанд, ки чунин иқдоме ба куҷо мебарад".

Вазири умури хориҷии Олмон гуфтааст, "30 сол аст, ки паймон сутуни муҳими сохтори амният дар Аврупо будааст". Вазири дифои Бритониё мегӯяд, Русия ин паймонро ба хатар андохт ва Кремл "бояд назмро дар хонаашр барқарор кунад."

Ҳамзамон бо ин изҳорот, як сенатори ҷумҳурихоҳ бо интиқод аз мушовири амнияти миллии Трамп, дар шабакаи хабарии Fox News изҳори назар карда ва гуфтааст, ин Ҷол Болтон мебошад, ки эҳтимолан раиси ҷумҳурро қонеъ кардааст, ки аз паймони мушакӣ бо Маскав хориҷ шавад.

XS
SM
MD
LG