Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви пешини “Гурӯҳи 24”-ро дар Тоҷикистон зиндонӣ кардаанд


Сулаймон Ҷобиров
Сулаймон Ҷобиров

Сулаймон Ҷобиров, сокини ноҳияи Вахшро, ки моҳи апрел дар Русия “гум” ва дертар дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе “ёфт” шуд, 6 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Яке аз пайвандонаш рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки “дар мурофиа вакили мудофеъ ва модару падараш ширкат доштанд. Додрас ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони “Гурӯҳи 24” гунаҳкор донистааст.”

Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳукмро Додгоҳи шаҳри Душанбе содир кардааст. Феълан шарҳи расмӣ дастрас нест.

Фаъолияти “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи ҳукумат, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Наздиконаш мегӯянд, Сулаймон Ҷобиров солҳои дароз дар шаҳри Самараи Русия кору зиндагӣ мекард ва фаъолияти сиёсӣ надошт.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи "Гурӯҳи 24", моҳи июн гуфта буд, ки Сулаймон Ҷобиров ҳашт сол боз узви ин созмон нест ва ҳеч робитае бо онҳо надорад. "Соли 2016 довталабона аз узвияти "Гурӯҳи 24" даст кашид ва дигар ҳеч майле барои ҳамкорӣ ё пайвастан нишон надод," – афзуд Саидӣ.

Сулаймон Ҷобиров шаш фарзанд дорад. Маълум нест, ки пайвандонаш барои бозбинии ҳукми ӯ талош хоҳанд кард ё не.

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин созмони мухолифи ҳукумат, норӯшан мондааст. Онҳо дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. То ҳол дар куҷо ва таҳти чӣ шароит будани онҳо маълум нест.

XS
SM
MD
LG