Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) эълон кард, ки рӯзи 27 марти соли ҷорӣ 25 узви Маҷлиси миллӣ интихоб шудаанд. Аммо ҳашт курсии палатаи болии парлумони Тоҷикистон ҳанӯз холист, ки яке аз он ҷои раисиҷумҳури пешини кишвар Қаҳҳор Маҳкамов буда, соҳибон ҳафт курсии дигарро Эмомалӣ Раҳмон таъин хоҳад кард.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар интихоботи рӯзи ҷумъа дигарбора ба Маҷлиси миллӣ роҳ ёфт ва зоҳиран раёсати маҷлиси болоии парлумонро барои боз як давраи панҷсолаи дигар ҳифз хоҳад кард. Ӯ аз замони таъсиси ин маҷлис 15 сол боз раҳбарии онро бар ӯҳда дошт.
Дар баробари Убайдуллоев, Бахтиёр Худоёрзода -- раиси дастгоҳи иҷроияи президент, Маҳмаисуф Имомов -- раиси донишгоҳи миллӣ, Наргис Раҳмонова -- котиби илмии пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва Нуралӣ Шоев -- раиси донишгоҳи технологии низ узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе интихоб шудаанд.
Аз Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода -- раиси ин вилоят, Ҷаббори Ғаффор -- раиси Бохтар, Хайруллои Амонулло -- раиси Кӯлоб, Саидумрон Абдураҳмонзода -- раиси Қубодиён ва Миралӣ Раҷабзода -- раиси Норак ва дар Суғд Абдураҳмон Қодирӣ – раиси ин вилоят, Раҷаббой Ахмадзода – раиси Хуҷанд, Наим Набизода - раиси Истаравшан, Ислом Шафиев – раиси Панҷакент ва Раҳмон Шораҳматов - директори литсейи №3-и шаҳри Исфара низ ба палатаи болоии парлумон роҳ ёфтаанд.
Аз Бадахшон Шодихони Ҷамшед - раиси ин вилоят, Қимматгул Алибердиева - раиси Хоруғ, Саидбурҳон Абдураҳмонзода – раиси Дарвоз, Зикрихудо Самадов – раиси Ишкошим, Ҳарамбегим Маҳтобшоева, директори литсейи президентии шаҳри Хоруғ ва ҷониби шаҳру навоҳии тобеи марказ Раҳмоналӣ Амирзода - раиси Ваҳдат, Қаноатшо Лоиқзода - раиси Рашт, Абдураҳмон Ҷӯраев - раиси корхонаи алюминиюми тоҷик ё ТАЛКО, Саёҳат Додоҷонова - раиси ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, Қурбонмурод Неъматов – мудири ширкати "Роҳи тоҷик" узви Маҷлиси миллии кишвар шудаанд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ рӯзи 27 март дар 5 ҳавза сурат гирифт ва дар он 25 номзад ба вакилии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуда буданд.
Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, вакилони маҷлисҳои шаҳру вилоятҳо дар ҳавзаҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва дар ду ҳавзаи пойтахт - яке дар Кохи Ваҳдат ва дигарӣ дар бинои ҳукумати шаҳри Душанбе – барои вакилони маҷлиси болоии парлумон раъй додаанд.
Дар маҷмӯъ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз 33 намоянда иборат аст, ки 25 нафараш аз сӯи маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд ва 8 вакилашро раисиҷумҳур таъин мекунад.
Тибқи Қонуни Асосӣ, раисҷумҳурҳои собиқ низ узви доимии Маҷлиси миллӣ мешаванд. Ҳоло Қаҳҳор Маҳкамов, ки солҳои 1983-1991 ба ҳайси котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунист, раиси Шӯрои Олӣ ва дар солҳои 1990-1991 ба ҳайси нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбари якуми ин кишвар буд, узви 34-ум ва доимии Маҷлиси миллист.
Таърихчаи Маҷлиси миллӣ
Маҷлиси миллӣ ба ҳайси маҷлиси болоӣ дар низоми парлумонии Тоҷикистон дар чорчӯби ислоҳоти Қонуни асосии ин кишвар дар соли 1999 таъсис ёфт ва нахустин интихоботаш соли 2000 сурат гирифт. Он ислоҳоти Қонуни асосӣ дар чавкоти созишномаи сулҳ бо мухолифин анҷом ёфта буд. Ба бисёриҳо бар ин назаранд, ки он вақт тарси шикасти гурӯҳи ҳоким дар интихобот вуҷуд дошт ва палатаи болоии парлумонро мақомоти вақт барои ҳамин таъсис доданд, ки агар назорати Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумон ба дасти мухолифин биафтад, Маҷлиси миллӣ ҳамчун палатаи болоӣ битавонад дар роҳи қудратталабии маҷлиси поёнӣ садҳои қонунӣ эҷод кунад.
Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои фаровоне бархӯрдор аст ва аз ҷумла номзадҳо ба мақомҳои баланде, чун додситони кулл ва додрасҳо дар тамоми сутуҳи додгоҳиро ҳамин маҷлиси тасдиқ мекунад. Баррасии тарҳи будҷа ва таъйиди қонунҳои конститутсионӣ низ баъди тасвибашон аз сӯ Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ супурда мешаванд.
Аммо ҳоло бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, палатаи болоии парлумон маъмулан хоси кишварҳои дорои низоми федеролист ва дар шароити Тоҷикистон ҳифзи Маҷлиси миллӣ дигар зарурате надорад. Хусусан дар ҳоле ки нигаронии доираҳои ҳоким аз эҳтимоли пирӯзии аҳзоби мухолиф дар интихоботҳо натанҳо беасос баромад, балки дар интихоботи парлумони рӯзи 1 март ҳизбҳои мухолиф дар парлумон комилан бекурсӣ монданд.
Аммо раҳбарии Маҷлиси миллиро бархе як навъ таъйиди қонунии мақом ва нуфузи шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба ҳайси раҳбари баъди президент Эмомалӣ Раҳмон дуюми дар низоми сиёсии Тоҷикистон ҳам медонанд. Аммо Убайдуллоев моҳи феврали соли 2015 ба синни 63 расид ва тавре худаш дар як ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ иқрор кард, аз раисиҷумҳур дархости рафтан ба нафақа ҳам кардааст. Ба гуфтаи худи Убайдуллоев, гӯё раисиҷумҳур ин дархости ӯро напазируфтааст.
Бисёриҳо мутмаинанд, ки шаҳрдори Душанбе мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ва ба ин тартиб, ҷойгоҳи нафари дуюм дар низоми раҳбарии Тоҷикистонро ҳифз хоҳад кард, вале нуфузи сиёсии ӯ, бахусус дар тасмимгириҳои муҳими давлат дигар он қадаре нест, ки 15 сол пеш, замони таъсиси Маҷлиси миллӣ ба ҳайси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.