Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлуди Муҳаммадсаид Убайдуллоев


Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва аз муҳимтарин мӯҳраҳои арсаи сиёсии ду даҳсолаи охири Тоҷикистон рӯзи 1 феврал 63-сола шуд.

Рӯзи 1 феврали соли 2015 Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон, ба синни 63 мерасад. Cинни 63 дар қонунгузории Тоҷикистон низ синни хосаест, чун синни нафақа барои мардон дар ин кишвар аз ҳамин 63-солагӣ шурӯъ мешавад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз шахсиятҳои муҳим дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи қариб ду даҳаи охир ҳам аз лиҳози нуфуз ва аз нигоҳи мақом раҳбари дуюми кишвар ба шумор меравад. Албатта, нуфузи кунунии Убайдулллоев ҳоло дигар ба ҳадде нест, ки дар поёни солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000 – нуқтаи авҷи нуфузи сиёсиаш – дошт, вале боз ҳам ӯ як меҳвари муҳим дар эътилофи ҳокиме, ки асосан намояндагони Данғараву Фархор ва Хуҷандро дар бар мегирад, боқӣ мемонад.

Бардоштҳо дар бораи тарзи раҳбарӣ ва мероси инак беш аз 18 соли шаҳрдории ӯ бар пойтахти Тоҷикистон яксон нест. Ҳаводоронаш ӯро як менеҷери сахтгир, серталаб, кордон ва ҳатто коркушта ба қалам медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ аз кор хаста намешавад. Мухолифонаш мегӯянд, ки дар асри 21 ҳамчунон бо шеваҳои сталинӣ раҳбарӣ мекунад.

Аммо ба гуфтаи як хабарнигори собиқадори тоҷик, ки чанд сол бо Убайдуллоев ҳам кор кардааст, ӯ дар худ ду шеваи раҳбарии дар нигоҳи аввал комилан мухталиф – авторитаризм ва демократизмро гунҷондааст: “Дар маҷлисҳо, дуруст аст, ки хеле дурушт сӯҳбат мекунад. Вале фақат бо мансабдорон. Дар муносибат бо мардуми оддӣ хеле демократӣ аст. Ҳар кас метавонад ба шаҳрдорӣ занг занад ваё дар сайташ шикояти худро бинависад ва мутмаин бошед, ки мошинаи Убайдуллоев ба кор медарояд ва шикояти шуморо ҳатман мебинанд.”

Шаҳрдории Душанбе дар интихоботи порлумонии имсола насби шиорҳои ҳизби мухолифи наҳзати исломиро дар кӯчаҳои пойтахт иҷозат надод ва дархости раиси ин ҳизб барои иҷораи ягон толор ба хотири баргузории анҷумани интихоботиашро ҳам нодида гирифт. Вале аз тарафи дигар, шаҳрдории Душанбе бо ҷалби хабарнигорони мунтақид ва намояндагони аҳзоби мухолиф яке аз фаъолтарин Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар кишварро созмон додааст. Ба гуфтаи яке аз аъзои ин Шӯро, “дар инҷо мухолифон ба ҷои шиорандозиҳои беҳуда ба корҳои амалие, чун танзими нарху наво дар бозорҳои шаҳру назорати кори идораҳои коммуналӣ дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт ҷалб шудаанд. Ба ҳар сурат, таҷрибаи нодиру ҷолиб аст ин ибтикори Убайдуллоев.”

Аммо ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони Убайдуллоев мегӯянд, нуқтаи авҷи нуфузи сиёсии ӯ аллакай моли гузашта шудааст. Убайдуллоев дар поёни солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000, бахусус баъди шикастани “шох”-и “боевикҳо” дар пайи як сӯиқасди нокоми соли 2000 ба ҷони шаҳрдори Душанбе, ба як мӯҳраи ивазнашаванда дар сохтори идории ҳукумати вақти Тоҷикистон ва як навъ ба сояи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфта буд. Дар он аём Убайдуллоевро ҳатто вориси эҳтимолии тахти Тоҷикистон дар пайи анҷоми давраи ниҳоии раёсати Эмомалӣ Раҳмон медонистанд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи тамдиди замони раҳбариаш дастикам то соли 2020-ро ба даст овард ва дар ин сол синни Убайдуллоев аллакай ба 68 мерасаду дигар гумон аст, ки ӯ даъвои раёсат кунад. Охирин шанси ӯ, ба ақидаи бисёриҳо, интихоботи президентии соли 2013 буд. Ибтидо ҳадсу гумонҳое буд, ки шояд Убайдуллоев билохира барои баромадан аз сояи Эмомалӣ Раҳмон ҷуръат кунад. Аммо ӯ ибтидо тавассути сухангӯияш Шавкат Саидов овозаҳо дар бораи эҳтимоли рафтанаш ба интихоботро рад кард ва сипас, дар моҳи октябри соли 2013 дар ҷамъбасти анҷумани ҳизби ҳокими халқии демократӣ бо як суханронии пурэҳсос аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард: “Дар дунё ягон давлат дар 12 сол ин қадар дастовард надорад. Ин сухани "по дар ҳаво" нест. Агар дӯстдории давлату миллат дар қалби Эмомалӣ Раҳмон намебуд, мо ба чунин рӯзҳо намерасидем. Саҳми ин мардро на дар адабиёт, на кас бо сухан ифода карда наметавонем."

Ба ақидаи соҳибназарони тоҷик, дар солҳои охир арши сиёсии Тоҷикистон тағйири қобили мулоҳизае кард ва ҳоло дар он сози аввалро на Убайдуллоев, балки нафарони наздик ба оилаи раисиҷумҳур менавозанд. Ба гуфтаи як мусоҳиби мо, ки аз бурдани номаш ба далели ҳассосияти мавзӯъ худдорӣ кард, дар ин гурӯҳбандии нави нирӯҳо дар арши сиёсӣ Убайдуллоев дигар он нуфузи баъди раисиҷумҳур дуюмро надорад, вале ҳамчунон як мӯҳраи лозим барои ҳифзи эътилофи кланҳои Данғараву Фархор лозим боқӣ мемонад: “Убайдуллоев мефаҳмад, ки ӯ дигар дуюм нест ва ҳеҷ гоҳ якум ҳам намешавад. Вале зоҳиран ӯ дигар ба ин ҳама тан додааст.”

Матбуот маъмулан аз сар ба сар шудан бо шаҳрдори пурнуфузи Душанбе парҳез мекунад, чунки Муҳаммадсаид Убайдуллоев баъди нашри матлабҳои интиқодӣ аксаран таҳдид ба додгоҳ мекунад. Ӯ ҳатто Шабакаи аввали телевизиони давлатиро ба додгоҳ дод ва бурд, вале ин Шабака ҳамагӣ чанд рӯз пеш, дар остонаи мавлуди шаҳрдор бори дигар бо нашри гузорише аз як кӯчаи пурлою роҳаш хароби пойтахт аз фаъолияти ниҳодҳои зери дасти Убайдуллоев сахт интиқод кард ва ҳатто нашрияҳои мустақилро ба боди мазаммат кашид, ки дар ивази “инъом”-ҳо аз танқиди шаҳрдору шаҳрдорӣ лаб фурӯ бастаанд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст. Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол - солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт. То соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт.

Маҳмуд Худойбердиев
Маҳмуд Худойбердиев

Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштан, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд. Аммо ҳамагӣ баъди чанд моҳ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе интисоб шуд. Убайдуллоев баъди таъсиси маҷлиси болоии порлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва инак 15 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

Соҳиби орденҳои “Дӯстӣ” ва “Исмоили Сомонӣ”.

Амирҷон Убайдуллоев
Амирҷон Убайдуллоев

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 3 фарзанд – ду писар ва як духтар – дорад. Писари калониаш – Ҷамолиддин Убайдуллоев – 35 сол дошта, раҳбари раёсати созмонҳои хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мебошад. Амирҷон Убайдуллоеви 33-сола як сол пеш баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул аз Вошингтон ба Душанбе баргашт ва муовини сардори раёсати молияии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон таъин шуд. Духтари шаҳрдори Душанбе Нигина Убайдуллоева 26 сол дорад.

XS
SM
MD
LG