Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патрушев: Муҳоҷирон ҳанӯз тӯъмаи осонгири “Давлати исломӣ” ҳастанд


Николай Патрушев
Николай Патрушев

Николай Патрушев -- дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ки мубаллиғони гурӯҳи "Давлати Исломӣ" асосан дар миёни муҳоҷирон ҷо гирифта, онҳоро ҳар лаҳза мисли тӯъмаи осонгир фурӯ мебаранд.

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, ҳанӯз аз тӯъмаи мубаллиғони гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ё ДИИШ-и собиқ будани муҳоҷирони корӣ дар он кишвар шадидан нигаронӣ кард. Оқои Патрушев 27 август дар ҷараёни сафараш ба Шарқи Дур дар сӯҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, ки ҳоло Интернет ва бахусус шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ фосилаи дури миёни Шарқи Дур ва Ховари Миёнаро хеле наздик кардаанд.

Вай афзуд, "мубаллиғони гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар миёни муҳоҷирони корӣ бештар шудаанд. Онҳо талош доранд, ки бо ваъдаи зиндагӣ ва шароити беҳтар асосан муҳоҷиронро ба Ироқу Сурия бубаранд."

Бино ба иттилои расмӣ то як ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагӣ дар Русия ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, аз 519 шаҳрванди кишвар, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд, қисми асосиашон муҳоҷири корӣ буда, солҳо боз дар Русия қарор доштаанд.

То ин дам ҳадди ақалл мақомоти расмии Тоҷикистон ду бор дар бораи ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар масҷидҳои Русия ба сафи "Давлати Исломӣ" сӯҳбат кардаанд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта Акрам Амонов -- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми суханронияш дар палатаи поёнии парлумони кишвар ошкоро аз маҳалли “Роспект Мира”, макони калонтарин Масҷиди Маскав ёдовар шуд ва гуфт, ки ҷангиёнро аз онҷо ба Сурия мефиристанд.

Аммо Дамир Ҳазрат Муҳиддинов, ноиби раиси Идораи мусулмонони Русия, ки моҳи июл дар ҳошияи конфронси байнулмилалии “Ислом алайҳи терроризм” дар Душанбе сӯҳбат мекард, таблиғи ифротгароиро дар дохили масоҷиди Русия ғайримкон донист. Муҳиддинов гуфт, феълан дар Русия 8 ҳазор масҷид вуҷуд дорад, ки комилан таҳти назоратанд.

"Мо аз забони ашхоси расмии бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мешунавем, ки дар масҷидҳои Русия бахусус масҷиди ҷомеаи Маскав ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористиву тундгаро сурат мегирад. Мо қатъиян ба чунин масъалагузорӣ мухолиф ҳастем ва то андозае як навъе таҳқир ҳам дар нисбати рӯҳониёни ин кишвар меҳисобем"- гуфт ноиби муфтии Русия ва афзуд, ки ҷилавгирӣ аз таблиғгарони ифротӣ вазифаи мушаххаси мақомоти интизомӣ ва сохторҳои махсус аст ва онҳо бояд дар ин самт кор бубаранд.

XS
SM
MD
LG