Додгоҳи ноҳияи Шӯрообод 8 шаҳрванди Афғонистонро, ки барои ширкатҳои покистонӣ дар ҳудуди ин ноҳия шираи ров, як навъ гиёҳи шифобахш ҷамъоварӣ мекарданд, барои 5.5 соли равонаи зиндон кард. Ин 8 шаҳрванди Афғонистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи "Саломалейк"-и Шӯрообод аз ҷониби марзбонон боздошт гардиданд.
Фурқат Раҳматуллоев, котиби додгоҳи Шӯрообод 13 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳкумшудагон сокинони деҳаи Анҷергии вулусволии Нахиоби вилояти Тахори Афғонистон ҳастанд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштанд, камбизоатанд ва ба хотири пешбурди зиндагиашон ба марзшиканӣ ва ҷамъовари ғайриқонунии шираи камол даст задаанд. Аммо Раҳматуллоев мегӯяд, додгоҳ аъмоли онҳоро бар асоси моддаҳои 234 (ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) ва 335, қисми 2 , (убури ғайриқонунии марз бо гурӯҳи муташаккил)-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ намуда, барои панҷуним солӣ аз озодӣ маҳрум кард.
“Дар мурофиа гуфтанд, ки онҳо камбизоатанд ва шираи камолро ҷамъоварӣ карда, ба Покистон мебаранд, то рӯзгорашон пеш биравад. Аммо ин гуфтаҳои онҳо ҳеч асоси қонунӣ надошт, зеро онҳо ошкоро қонунҳои кишвари моро нақз карданд. Додгоҳ далелҳои мавҷударо баррасӣ кард ва онҳоро аз озодӣ маҳрум намуд,” – шарҳ дод Раҳматуллоев.
Ба гуфтаи манбаъ, афроди маҳкумшуда дар мавзеи “Саломалейк”-и Шӯрообод, ки минтақаи душворгузар воқеъ ҳаст, ворид шуда, барои ҷамъоварии шираи камол ё худ ров хайма мезананд, вале пас аз ду рӯз боздошт гардиданд. Ҳабси 8 шаҳрванди Афғонистон дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба истиснои ширкати “Фароз” ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камолро манъ кардааст.
Ширкати “Фароз” низ ҳар сол тариқи квотаи ҷудонамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва бар асоси тавсияи ин ниҳод шираи камол ҷамъоварӣ мекунад. Идораи ҳифизи табиат дар вилояти Хатлон мегӯяд, бар асоси квота соли 2015 ширкати “Фароз” дар 8 ноҳияи вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ширкаи камол машғул хоҳад шуд.
Тибқи квотаи Идораи ҳифзи табиат ширкати Фароз дар соли равон ҳудуди 160 тон ширкаи камол ҷамъоварӣ кунад. Идораи ҳифизи табиат дар вилояти Хатлон мегуяд аз ҳоло ширкати Фароз дар ноҳияи Фархор,Бохтар, Данғара, Темурмалик ва навоҳии дигар ба ҷамъоварии ширкаи камол оғоз кардааст
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз нестшавии майдонҳои камол, ҷамъовариву фурӯши шираи онро дар соли 2013 манъ кард, вале баъдан онро маҳдудан ва танҳо барои ширкати “Фароз” иҷоза дод.
Шираи камол гиёҳи нодирест, ки аз он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозимаи инсон дору омода мекунанд. Инчунин, ба гуфтаи пизишкон дар аксар доруҳои бедардкунанда таркиби шираи камол мавҷуд аст. Бештар шираи камоли Тоҷикистонро ширкатҳои тавлиди дорӯи Ҳиндустон харидорӣ менамоянд.
То соли 2008 шираи камол озодона аз Тоҷикистон содирот мешуд, вале бо як амри президенти кишвар фурӯши он ба хориҷи кишвар дар шакли хом комилан мамнӯъ дониста шуд.