Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кай аз тухму гӯшти мурғи хориҷӣ бениёз мешавад? ВИДЕО


Ахиран порлумони Тоҷикистон пешниҳоди раиси ҷумҳури кишвар барои ихтисоси имтиёзҳо барои рушди арсаи паррандапарвариро тасвиб кард ва ҳамакнун ин санад баъд аз имзои президент Раҳмон мавриди иҷро қарор мегирад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта корхонаҳои паррандапарварии кишвар танҳо 2 ҳазору сад тонна гӯшти мурғ тавлид кардаанд. Ҳарчанд ниёзи Тоҷикистон ба ин намуди ғизо 63 ҳазор тонна будааст.

Чептура чӣ ҳол дорад?

Танҳо корхонаи мурғпарварии наздик ба шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шаҳринав, дар 50-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст. Вақте 13-уми феврал ба маҳалли ин корхонае, ки замоне бо номи Чептура шӯҳрат дошт, расидем, намои зоҳирии он ҳузнангез буд. Бештаре аз сохтмонҳои мурғпарварӣ вайронаву ҳатто раҳбарони корхонаи мурғпарварӣ дар ҷойи корӣ ҳузур надоштанд.

Иқдомоти давлати Тоҷикистон барои рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ҳолест, ки чанд моҳе қабл вуруди гӯшти мурғ аз хориҷи кишвар манъ гардид.

Улфатшо Қиромов, мутахассиси пешбари ин корхонаи паррандапарварӣ моро раҳнамоӣ кард ва гуфт, ки корхонаи паррандапарварии “Чептура” соли 1958 бунёд шуда, бузургтарин корхонаи тавлиди тухм ва гӯшти мурғ дар Тоҷикистон дониста мешуд. Вай иттилоъ дод, ки соли 1988 дар ин корхона беш аз 1 миллион мурғ нигаҳдорӣ шуда, дар як шабонарӯз беш аз як миллион дона тухм тавлид мешуд. Аммо, баъд аз касби истиқлол дар соли 1991, вазъи молии ин корхона рӯ ба завол ниҳод, зеро барои харидории ғизои мурғ корхона маблағи зарурӣ дар ихтиёр надошт.

Улфатшоҳ Қиромов.
Улфатшоҳ Қиромов.

Вай гуфт, "тӯли солҳои ахир корхонаи мо аслан фаъолият намекард. Мо водор шудем, ки биноҳои мурғпарвариро ба соҳибкорон ба иҷора бидиҳем. Феълан се соҳибкор дар се бинои мурғпарварӣ ҳудуди 100 ҳазор мурғро парвариш мекунанд. Ин мурғҳо асосан барои тавлиди тухм истифода мешаванд. Худи корхонаи мурғпарварӣ дар ин ҷо мурғ надорад. Танҳо соҳибкорон машғули мурғпарварӣ ва ба бозор тухми мурғ пешниҳод мекунанд."

Ҷаноби Қиромов аз хабари тасвиби имтиёзҳо барои арсаи паррандапарварӣ истиқбол кард ва гуфт, ки феълан мутахассисони мурғпарвар дар ин корхона гирдиҳам омадаанд ва дар сурати дарёфти ғизои арзони мурғ ва фановариҳои ғарбӣ барои истеҳсоли гӯшти мурғ, “Чептура” метавонад шӯҳрати пешинаи худро дубора ба даст оварад.

Ниёзи Тоҷикистон ба тухму гӯшти мурғи худӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Дар идомаи роҳнамоӣ дар ин корхонаи мурғпарварӣ Улфатшо Қиромов моро бо коргоҳи ба истилоҳ “инкубатор” ё тавлиди чӯҷа аз тухм ошно сохт, ки дар як моҳ зарфияти тавлиди то 100 ҳазор чӯҷа аз тухмро доро аст. Чӯҷаҳои навзод ба коргоҳи дигаре интиқол меёбанд, ки дар он ҷо то чаҳор моҳ нигоҳубин мешаванд. Ҷаноби Қиромов мегӯяд, ки ҳамаи таҷҳизоти корхонаи мурғпарварӣ аз замони Шӯравӣ ба мерос монда, чандон судовар нест. Зеро, фановариҳои ғарбӣ имкон медиҳанд, ки истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ бо сарфи хароҷоти камтар сурат бигирад.

Дар ҳамин ҳол Машокир Назаров, сардори раёсати мурғпарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон 13-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳама кормандони ин арса тасвиби қонуни нави имтиёзҳо ба арсаи паррандапарварии кишвар аз ҷониби раиси ҷумҳурро интизоранд.

Машокир Назаров, сардори раёсати мурғпарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Машокир Назаров, сардори раёсати мурғпарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Вай хабар дод, ки феълан дар Тоҷикистон 100 корхонаи бузургу кӯчаки паррандапарварӣ фаъол мебошанд, ки 80 дарсади тухми мурғи мавриди ниёзи сокинони кишварро тавлид мекунанд. 20 дарсади тухми мурғ ба бозорҳои Тоҷикистон аз Покистону кишварҳои дигари минтақа ворид мешавад. Дар посух ба ин савол, ки корхонаҳои мурғпарварӣ чӣ миқдори гӯшти мурғ тавлид мекунанд, ҷаноби Назаров гуфт, соли 2017 корхонаҳои паррандапарварии Тоҷикистон танҳо 2 ҳазору 100 тонна гӯшти мурғ тавлид кардаанд, дар ҳоле, ки сокинони кишвар дастикам ба 63 ҳазор тонна гӯшти мурғ ниёз доранд.

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд бештаре аз корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон ба тавлиди тухми мурғ машғуланд, вале танҳо се корхона -- “Беҳамто” дар ноҳияи Ёвон, корхонаи мурғпарварии “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара ва як корхонаи мурғпарварӣ дар вилояти Суғд гӯшти мурғро ба бозор пешниҳод мекунанд.

Ин масъули вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд рушди арсаи мурғпарварӣ дар Тоҷикистон аз соли 2007 шурӯъ шуда буд, вале то ҳол мо ба парвариши мурғҳои гӯштӣ камтар таваҷҷӯҳ мекардем: "Бо ихтисоси имтиёзҳо ба ин соҳа мутмаинам то се соли оянда то 20-30 дарсади гӯшти мурғи мавриди ниёзи сокинон дар дохили Тоҷикистон тавлид хоҳад шуд."

Чаро воридоти гӯшти мурғ аз хориҷ манъ шуд?

Машокир Назаров афзуд, ки тасмими мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифати гӯшти мурғ аз хориҷи кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз рақобати носолим дар ин соҳа ихтисос шуда буд. "Мо ба кишварҳои содиркунандаи тухм ва гӯшти мурғ сафарҳо доштем ва мушоҳида кардем, ки ҳатто дар мағозаҳои ин кишварҳо ин намуди маҳсулот гаронтар аз қимати бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешавад. Таҳлилҳои мо собит карданд, ки маҳсулоти мӯҳлати истифодааш гузашта аз мағозаҳо ба корхонаҳои мурғпарварӣ бозпас дода мешаванд ва онҳо бо задани мӯҳрҳои нав дар болои тухм ва гӯшти мурғ дубора ба кишварҳое мисли Тоҷикистон содирот мешаванд",-афзуд Машокир Назаров.

Ҷаноби Назаров мӯътақид аст, ки бо истифода аз имтиёзҳои ҳукуматӣ корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон шароит пайдо мекунанд, ки фанноварӣ ва ғизои паррандаро бо харҷи камтари маблағ ба кишвар ворид созанд. Дар пайи ин амр нархи маҳсулоти соҳаи паррандапарварии Тоҷикистон дастикам 23 дарсад пойин хоҳад омад. Гузашта аз ин, ҳукумат тасмим гирифтааст, ки тавлиди ғизои мурғ дар дохили Тоҷикистонро роҳандозӣ кунад, ки низ ба коҳиши харҷи ин соҳа сабаб мешавад.

Аз андоз озод шудани бархе аз соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи мурғпарварии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфта буд, ки аз ин ҳисоб будҷаи кишвар 150 миллион сомонӣ хисорот мебинад, аммо кӯшиш мекунанд аз дигар ҳисобҳо ин маблағро ҷуброн кунанд.

Интиқоди президент аз воридот гӯшти пастсифат

Иқдомоти давлати Тоҷикистон барои рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ҳолест, ки чанд моҳе қабл вуруди гӯшти мурғ аз хориҷи кишвар манъ гардид. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як интиқодаш рӯзи 28-уми ноябр аз вуруди гӯшти пастсифати мурғ ба Тоҷикистон шадидан нигаронӣ ва раҳбарони панҷ ниҳоди масъули ин ҷараёнро муҷозот кард. Раҳбарони Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти беҳдоштии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Оҷонсии “Тоҷикстандарт” барои хунукназарӣ дар заминаи вуруди маҳсулоти пастсифат, ба хусус гушти мурғ аз хориҷи кишвар, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Дар охирин маҷлиси ҳукумат дар соли 2017, ки рӯзи 29-уми декабр баргузор шуд, мақомот аз таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Ҳамин тавр ин ниҳод дар заминаи сохторҳои барҳамхӯрдаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ амал хоҳад кард.

Аз гӯшти пастсифат мақомот "гап шуниданд"

Ду мақомдори дигар – Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори хадамоти гумрук ва Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар ин замина огоҳӣ гирифтанд. Аммо дар ҷаласаи охири ҳукумат Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мақомаш барканор гардид.

Баъдан мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби аслии барканории Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мақоми раиси ин ниҳоди давлатиро ошкор накарданд. Вале гуфтанд, ки ӯ дар робита ба воридоти гӯшти пастсифати мурғ "гап шунида буд".

Ҳамакнун мақомот мегӯянд, ки Кумитаи нави бехтарии озуқаворӣ бояд назорати маҳсулоти ғизоии воридшаванда ба Тоҷикистонро назорат кунад ва нагузорад, ки маводи хилоф бо меъёрҳои бехатариву тандурустӣ дар фурӯш гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG