Додгоҳи гарнизони низомии пойтахти Тоҷикистон рӯзи душанбе, 2 июн муҳокимаи парвандаи сарбози нирӯҳои марзбонӣ Усмон Ғайратовро оғоз кардааст. Усмон Ғайратов ба он айбдор мешавад, ки дар пеши чашми мардум навсарбоз Шаҳбол Мирзоевро бераҳмона лутукӯб кардааст.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, ки ҳоло машғули табобати писараш дар бемористони шаҳри Хуҷанд аст, гуфт, ӯро расман барои ширкат дар ҷаласаи навбатии додгоҳ, ки рӯзи 9 июн доир хоҳад шуд. даъват кардаанд: “Маро расман даъват карданд, ки рӯзи 9 июн ба додгоҳ ҳозир шавам. Вале аҳволи Шаҳбол хуб нест. Баъди чнад рӯзи табобати шадиди шушҳояш дар вазнинхона ӯ тоза ҳамин рӯзи 2 июн каме ба худ омад. Аз ин рӯ, ман рафта наметавонам. Вале як ҷияну як хеши дигарамон дар Душанберо вакил мекунем, то аз номи хонаводаи мо иштирок кунанд.”
Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли Абдураҳмон Шарипов, вакили Шаҳбол Мирзоев хабар дод, ки Усмон Ғайратов ба берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва пoймoл кардани қоидаҳои оинномавии рафтори байни низомиён айбдор мешавад. “Азия Плюс” менависад, рӯзи 2 июн ҳамроҳи Ғайратов Гулрафтор Ширинова - фелдшери қисми тиббии қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ, мустақар дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ба додгоҳ эҳзор шудааст.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Мақомоти ин қисми низомӣ латукӯб ё бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев аз сӯи ҳамхидматонашро рад карда, мегуфтанд, ки Усмоналӣ Ғайратов бо Шаҳбол ... гуштӣ гирифтааст.
Аммо Шаҳбол Мирзоев баъдан ба хабарнигорон қисса кард, ки ҳатто баъди шикастани гарданашро ӯро як шабонарӯз дар дохили бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, ба бемористон нарасондаанд. Ба гуфтаи ӯ, ӯро танҳо баъди онки қасам хӯрдааст, ки сирри ин моҷароро ҳеҷ гоҳ фош нахоҳад кард, ба бемористон бурдаанд.
Алайҳи Ғайратов ҳанӯз рӯзи 14 март бар асоси қисми дуюми моддаи 373-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷониби додситонии низомии гарнизони Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, дар рӯзи аввали мурофиа айбномаи расмӣ алайҳи муттаҳамон қироат шуда, ҳуқуқи тарафайн шарҳ дода шуд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, азбаски Шаҳбол Мирзоев ба далели саломатиаш наметавонад дар мурофиа ширкат кунад, аз додгоҳ хостаанд, то парвандаро бидуни ҳузури худи ҷабрдида баргузор кунанд.
Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фӯрухта ва писарашро рӯзи 28 апрел барои ҷарроҳӣ ба Русия бурд.
Ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав анҷом шуд. Баъди 2 ҳафта, рӯзи 18 май падараш Шаҳболро ба Хуҷанд овард ва ӯ аз он замон то имрӯз дар бемористони Хуҷанд шушҳояшро табобат мекунад.
Қазияи Шаҳбол Мирзоев мавҷи интиқодҳо дар маҳофил ва матбуоти Тоҷикистонро ба бор овард ва мушкилоти мавҷуда дар суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро расонаӣ кард. Сарпечии раёсати нирӯҳои марзбонӣ аз таъмини табобати ин сарбоз, ки ҳангоми адои хидмат маъюб шудааст, мавҷи дигари интиқодҳоро ба вуҷуд овард, ки т о ҳол фурӯкаш накардааст.
Онҳое ки мехоҳанд ба Шаҳбол кумак кунанд, тарзи расондани кумакро метавонанд аз инҷо бубинанд:
http://www.ozodi.org/content/how-you-can-help-the-injured-soldier-shahbol-mirzoev/25354184.html