Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар "Abu Dhabi Grand Slam 2024"


Абубакр Шеров
Абубакр Шеров

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абузабӣ – ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медали нуқраро Абубакр Шеров гирифт. Вай дар рӯзи дуюми мусобиқа – 12-уми октябр – дар вазни то 73 кило баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Молдова, Гурҷистон, Русия ва Ҷопон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Паҳлавони 21-солаи тоҷик дар нимфинал Татсуки Ишиҳараи 25-солаи ҷопониро шикаст дод ва ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз ҳарифи пуртаҷрибаи 25-солаи худ Маҳмадбек Маҳмадбеков, намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, мағлуб шуд. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Маҳмадбеков дар ҳайати дастаи Иморот мебошад.

Ин ҷудокори тоҷик зодаи шаҳри Иркутски Русия буда, дар ҳамонҷо тамрин мекард ва узви дастаи мунтахаби ин кишвар буд. Ахири моҳи августи имсол вай тасмим гирифт, ки минбаъд аз номи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2024”– 11-уми октябр – паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов барандаи медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ба рақибаш аз Филиппин голиб омад, вале дар чорякфинал аз Мурод Чопанови русиягӣ шикаст хӯрд.

Паҳлавони 26-сола тоҷик дар даври тасаллобахш Тео Радул Ҳебрарди фаронсавиро мағлуб кард ва барои медали биринҷӣ Эрхембаяр Баттогтохи 29-солаи муғулро шикаст дод.

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2024” паҳлавони шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазодаи 29-сола дар вазни то 73 кило дар нахустин рақобаташ аз варзишгари 24-солаи гурҷӣ Гиорги Чикалидзе ноком шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар ин мусобиқа, ки бори нӯҳум бо мақоми "Grand Slam" ё "Тоскулоҳи бузург" баргузор шудааст, 219 варзишгар (150 мард ва 69 зан) аз 29 кишвари чаҳор қитъаи олам иштирок доранд.

Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифтааст. Дар ду рӯзи аввали мусобиқот мардон дар чор вазн – 60, 66, 73 ва 81 кило, занон бошанд, дар панҷ вазн – 48, 52, 57, 63 ва 70 кило рақобат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дохиланд, ки дар сабқати мардон ширкат меварзанд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 13-уми октябр – боз се паҳлавони тоҷик - Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Умедҷон Раҷабов (ҳарду дар вазни то 90 кило), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) – ба рақобат мепардозанд.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи аввали мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ду медали тилло дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Фаронса бо як медали тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Мунтахаби Нидерланд бо як медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ зинаи сеюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра ва як нишони биринҷӣ зинаи ҳафтумро соҳиб шудааст.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра – 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёз мешаванд: ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷои дуюм 700, ҷои сеюм 500 имтиёз мегиранд.

XS
SM
MD
LG