Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиразани 72-сола ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам шуд


Як зани 72-сола дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам шуда, дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Мақомот гуфтанд, ки ӯро ба хотири пирӣ ва бемориаш дастгир накарданд, аммо то поёни таҳқиқи ҳодиса набояд маҳалли зисташро тарк кунад.

Бояд бо ин ду нафар рӯбарӯ дар назди муфаттиш суҳбат кунам. Ҳар ончи ҳаст, гуфта медиҳам. Дар ин ҳодиса қурбонӣ ҳастам.

Боздошти баъзе аз ҷавонҳо ва афроди миёнсол бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон касеро ба ҳайрат намеорад. Аммо иттиҳоми як пиразан барои муомилоти маводи мухаддир бисёриҳоро дар минтақа шигифтзада кардааст.

Мақомоти интизомӣ ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ин зан ном намебаранд. Дар намояндагии Оҷонси зидди маводи мухаддир дар Хатлон танҳо аз ин зан бо номи рамзии Р. А. ёд карданд. "Ин зан ҳамчун миёнарав дар қочоқи тақрибан 400 грамм ҳашиш муттаҳам аст. Алайҳи ӯ бар асоси моддаи 200, қисми 3, банди “в”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин пиразан рӯзи 12-уми апрели имсол дар назди хонааш боздошт ва баъдан ба далели беморӣ ва афсурдагӣ озод шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ пиразанро рӯзи 25-уми апрел пайдо кард ва асли қазияро аз ӯ пурсид.

  • (Ному насаби ин зан барои мо маълум аст, аммо ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот феълан ошкор намекунем)

Ӯ гуфт, ноогоҳона ба кори "сиёҳ" афтод ва аз кардаи худ пушаймон аст. "Як сокини вилояти Суғд аз ман чанд дафъа хоҳиш кард, ки мавод ёфта диҳам. Ин дархостро аз яке аз шиносҳо дар Кӯлоб кардам. Ҳамин тавр, дар байн мондам. Бадии кор дар он аст, ки пули ин мавод низ ба номи ман фиристода шудааст", - шарҳ дод ӯ.

Пиразани 72-сола мегӯяд, дар ин ҳодиса фиреб хӯрдааст ва ба ҷуз дарди сару таҳдиди зиндон фоидаи дигаре нагирифтааст. Ӯ гуфт, "бояд бо ин ду нафар рӯбарӯ дар назди муфаттиш суҳбат кунам. Ҳар ончи ҳаст, гуфта медиҳам. Дар ин ҳодиса қурбонӣ ҳастам."

Пиразани муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир соҳиби чаҳор фарзанд буда, як писараш чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, тақрибан сад сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад ва аз фарзандонаш ҳам кумак дарёфт мекунад.

Дар се моҳи аввали имсол дар вилояти Хатлон ҳафт ҳолати қочоқи маводи мухаддир сабт ва нисбат ба омилонаш парванда боз шудааст. Ҳар ҳафта барномаи телевизионии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ аз боздошти чанд нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир гузориш медиҳад.

XS
SM
MD
LG