Масъулони додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзи душанбе 6-уми май бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки «Ҷумъахон Сайдамирхонов, сокини шаҳри Кулоб, соли таваллуд 1987, бо моддаи 200 қисми 2, барои фурӯши маводи мухаддир ба миқдори кам ба 4 соли зиндон маҳкум гардид.»
Ин дар ҳолест, ки Ҷумъахон Назаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб гуфт, ин ҷавон дар пушти пойгоҳи низомии русҳо дар ин шаҳр аз ҷониби кормандони милиса якуним моҳ пеш боздошт шуд. Ҳангоми боздошт, аз ӯ қуттиҳое гугирде , ки дар дохилашон бангдона ҷой шуда ва бо забони русӣ “Это Вам”, яъне "Ин барои шумо" навишта шудааст, пайдо мегардад.
Ба гуфтаи Назаров, боздоштшуда дар пурсишҳои аввал ба муфатишони ШКД иқрор шудааст, ки ӯ ба сарбозону афсарони ин пойгоҳ маводи мухаддир мефурӯшад. Ӯ иқрор шудааст, ки ҳамчун устои таъмири пойафзол вориди қисми низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб шуда ва ба сарбозони рус маводи мухаддир мефурӯхтааст.
Аммо Баҳром Шарипов, раиси додгоҳи Кӯлоб мегӯяд, ҳангоми тафтиш ҳеҷ далели ҷиддие пайдо нашуд, ки фурӯши бангдона аз ҷониби Саидамирхонов дар дохили қисми низомиро собит кунад. Аз ин рӯ, додгоҳ Саидамирхоновро танҳо барои нигаҳ доштани маводи мухаддири навъи бангдона ва истеъмоли он ҳабс кардааст. Далелҳои қаблан ба муфатишон гуфтаи ин ҷавон, ки таи се соли ахир дар дохили пойгоҳи низомии Русия ба фурӯши маводи мухаддир машғул будааст, ба гуфтаи раиси додгоҳи Кӯлоб тасдиқи худро наёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Матушкин дар як шарҳи хаттӣ ба Радиои Озодӣ маълумоти омада дар ин хабар бар пояи иттилоъи мақомоти Тоҷикистонро "бофта" ва "тафтишношуда" номид. Дмитрий Матушкин менависад, "дар ин авохир дар гарнизони Кӯлоб чунин мавридҳо ошкор нашудаанд. Ҳангоми вуруд ба қаламрави иншооти низомӣ назорати қатъӣ ба роҳ монда шуда, режими қавии убуру мурур бо асноди махсус ва танҳо барои мақомоти расмии ин воҳид амал мекунад."
Сухангӯи пойгоҳи 201 Матушкин меафзояд, " ҳамаи низомиёни ин воҳид ба сурати нақшавиву ғайринақшавӣ бо супурдани ташхисҳои лозим, ки истеъмоли анвоъи мухталифи маводи мухаддирро маълум мекунанд, аз муоинаи амиқи тиббӣ мегузаранд.Фармондеҳии пойгоҳи низомӣ ҳамчунин вазъро бодиққат пайгирӣ мекунад ва алайҳи ҷалби низомиёни Русия ба доираи мӯътодон ва корбарони маводи мухаддир мубориза мебарад."
Тавре ба назар мерасад, ки давоми ду соли ахир мубориза бар зидди фурӯши маводи мухаддир дар Кӯлоб ҷиддӣ шудааст. Пас аз он, ки дар соли 2011 15 сокини Кӯлоб ҳангоми истеъмоли аз меъёр беши маводи мухаддир ҳалок шуд, ин мавзӯъ аз ҷониби мақомот ҷиддӣ гирифта шуд. Соли гузашта пулиси Кӯлоб 13 нуқтаи пинҳонии фурӯши маводи мухаддир ошкор ва 25 нафарро дар робита ба ин боздошт кард.