Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сад пушаймонӣ аз Сурия" - дар дискфурӯшиҳои Душанбе


Як филми мустанад дар бораи ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷои сериалҳои туркиро дар дискфурӯшиҳои Душанбе танг кардааст.

“Сад пушаймонӣ аз Сурия”- филми наве бо ин ном акнун дар қатори сериалҳои серхаридори туркиву ҳиндӣ рафҳои дискфурӯшиҳои пойтахти Тоҷикистонро пур кардааст.

Ин филм лаҳзаҳои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистонро аз майдонҳои ҷанги Сурия ва ё марзи Туркия нишон медиҳад. Ҷавононеро, ки аз карда пушаймон шудаанд ва бо кӯмаки мақомот ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар муқоваи навор, ки 3 сомонӣ фурӯхта мешава, исми ҷавонҳои бозгашта зикр шудааст.

Шаҳбоз, як сокини шаҳри Душанберо дар яке аз дискфурӯшиҳои бозори “Сафариён”вақте вохӯрдем, ки ин филмро харидорӣ мекард. Шаҳбоз мегӯяд, ин наворҳоро тавассути телевизони Тоҷикистон тамошо кардааст, аммо мехоҳад онро бародарону хоҳаронаш низ бубинанд. Ба гуфтаи Шаҳбоз, сӯҳбатҳои зиёд дар ин бора таваҷҷӯҳи хонаводаи ӯро низ ба ин мавзӯъ бештар кардааст: “Вақте дидам ки ин дискро намоиш дода, реклама мекарданд, ман ҳам харидам. Ҳамроҳи ман дар ин дискфурӯшӣ чанд нафари дигар ҳам хоҳиши тамошо ва харидории ин филмро карданд.”

Худи фурӯшандаҳои нуқтаҳои дискфурӯшӣ низ мегӯянд, дар ин шабу рӯз, ки ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, ба хусус ба созмони тундрави "Давлати исломӣ" мушоҳида мешавад, ин гуна наворҳо харидорони зиёд пайдо кардаанд.

Дилшод, тоҷири яке аз ин дискфурӯшиҳо, рӯзи 11-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар қаблан муштариён бештар оҳангҳои нав ва филмҳои туркиро суроғ мекарданд, ҳоло асосан сабти ҳамин филмро мепурсанд. Ӯ мегӯяд, ки танҳо шоми дирӯз 18 диски ин филмро ба харидорони сунну соли мухталиф фурӯхтааст: “Ин филм барои он ба фурӯш баромад, ки аз Тоҷикистон ҷавонон бисёр ба Сурия рафтанд. Акнун мегӯянд, ки ин наворҳоро тамошо кунанду ба ҳар гурӯҳ ҳамроҳ нашаванд. Ҳозир мефаҳмем ки гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ҷавонон се ҳазор сомонӣ медиҳанд ва бо ҳамин ҷавонҳои тоҷикро фиреб карда, ба Сурия мебаранд. Вале вақте ба ин кишвар мераванд, мефаҳманд ки “ҷиҳод” дурӯғ будааст, лекин дигар омада наметавонанд.”​

Филми "Пушаймонӣ аз Сурия"-ро ба фурӯш бароварданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Филми “Сад пушаймонӣ аз Сурия” аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон бо ҳадафи тағйир додани андешаҳои ҷавонон дар бораи ҷанги Сурия ва ифротгароӣ таҳия шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ошкор шудани ширкати садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ховари Миёна дар сафи гурӯҳҳои тундрав, бахусус “Давлати исломӣ”, мақомотро водор кардааст, то маъракаи густурдаи тарғибот алайҳи ин гурӯҳҳоро роҳандозӣ кунанд.

Онҳо мегӯянд, аз он ки ин навор дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо разми ин шабака пахш шуд, аммо дар дискҳо ҳеҷ рамзе болои дида намешавад, зоҳиран гузориши таҳиякардаи вазорати умури дохилӣ тавассути худи ниҳодҳои интизомӣ ба дискфурӯшиҳо роҳ ёфтааст.

Аммо дар вазорати умури дохилӣ дар бораи фурӯши ин филм дар бозор изҳори бехабарӣ карданд.

Ба бовари таҳлилгарон, ҳарчанд соҳибкорон ин филмро шояд ба хотири фоида ба фурӯш баровардаанд, боз ҳам тамошои ин наворҳо барои махсусан бинандаҳои ҷавон бетаъсир буда наметавонад. Маҳини Даврон, хабарнигори тоҷик мегӯяд, мешавад инро як роҳи дигари тарғиботи зидди тундгароӣ миёни ҷомеа ном бурд: “Мақомотро мебоист илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ андеша мекард. Вале акнун ки алакай чандин ҷавони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, аз ошкоршавии онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ мақомот ҳам роҳҳои зиёди мубориза бо тундгароиро рӯи даст доранд. Ва фикр мекунам, шояд ҳамин филмҳо ҳам ҳадди ақал метавонанд ҷавонони тоҷикро аз ҳодисаҳои Сурия огоҳ кунанд, зеро дар ин филмҳо худи ҷавонон нақл мекунанд, ки чи рӯзҳоеро онҷо аз сар гузарониданд.”

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло тақрибан 36 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба Сурия дар хоки Тоҷикистон боздошт шуданд. Акнун кор дар самти муайян кардани макони будубоши ҷавононе идома дорад, ки моҳҳо боз аз Русия бо волидайнашон дар Тоҷикистон тамос надоранд ва тахмин зада мешавад, ки шояд онҳо ҳам ба Сурия ё Ироқ рафта бошанд.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат карда, 150 нафар аз Тоҷикистон дар ин ҷангҳои бегона кушта шудаанд. Нисбати 500 нафар дар Тоҷикистон бо гумони ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG