Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 36 "ҷиҳодӣ"-ро аз ҷавобгарӣ озод кардааст


Акси Аминаи Аҳмад, яке аз бозгаштаҳо
Акси Аминаи Аҳмад, яке аз бозгаштаҳо

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки то ин дам 36 шаҳрванди кишвар аз майдонҳои ҷанг дар Сурия ва ё марзи миёни Туркия ва Сурия ба Ватан баргашта, аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 36 шаҳрванди кишвар, ки аз майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия ё марзи Туркия ва Сурия ба Ватан баргаштаанд, аз ҷавобгарӣ озод шудаанд. Як мақоми ВКД рӯзи 9 август дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ин афрод ҳарчанд таҳти назорат ҳастанд, аммо озодона дар назди хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

Ӯ афзуд, "Рустамҷон Далеров, Аъзам Хоҷаев, Парвиз Набиев, Рустам Ҳаётов, Комил Шукуров, Аминаи Аҳмад, Ҷамолбӣ Ҳомидова ва дигарон, дар маҷмуъ 36 нафар, мавриди афв қарор гирифтанд. Онҳо аз нофаҳмӣ ё баъди ба доми фиребгарон афтодан, ба тарафи Сурия рафтаанд. Ҳамаашон пушаймонанд ва ҳақиқати ҳолро фаҳмидаанд."

Дар миёни афроди бозгашта занону духтарон низ будаанд, ки ҳамроҳи ҳамсар ё дӯстони худ то Сурия рафта, аммо баъд аз фавти онҳо мавриди озору азияти ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Рустам Ҳаётов, сокини 18-солаи ноҳияи Восеъ, ки соли 2012 барои таҳсил ба Туркия рафта, баъдан ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайвастааст, дар як навори таҳиякардаи мақомоти интизомии Тоҷикистон аз амалкарди "ҷиҳодиён" интиқод намуд. Ӯ дар ин навор, ки шоми 5 август пахш шуд, гуфт, "ҳарчанд воизони "Давлати Исломӣ" моро барои гирифтани рӯза ва хондани намоз ташвиқ мекарданд, вале худашон на рӯза мегирифтанд ва на намоз мехонданд. Бо занҳое, ки шавҳарашон мурдааст, бе никоҳ ҳамхоба мешаванд."

Пеш аз ин, 31 июли соли ҷорӣ Юсуф Раҳмон – додситони кулли Тоҷикистон гуфт, бархе аз занону духтарони тоҷик, ки ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайвастаанд, ҳадди ақалл то панҷ бор шавҳар кардаанд. Ӯ барои мисол аз қазияи зане ёдоварӣ кард, ки 30 июл бо ёрии мақомот аз Сурия баргаштааст. Ӯ гуфтааст, баъди марги шавҳараш тақрибан тӯли як сол мавриди суистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтааст.

"Ин зан ҳамроҳи шавҳараш ба Сурия меравад. Ҳамагӣ дар як моҳ сад доллар ба онҳо медодаанд ва дар як хонае ҷояшон мекунанд, ки духтар ҳеҷ ҷойро дида наметавонад. Вақте шавҳараш захмдор мешавад, зиёда аз ду моҳ касе ӯро суроғ намекунад. Касе табобаташ намекунад ва аз ин захмҳо ҳалок мешавад. Як сол ин зани тоҷикро дар Сурия истифода мекунанд. Баъдан, ҳамаи роҳу воситаҳоро истифода карда, бо ёрии мо сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон омад," -- гуфт додситони кулли Тоҷикистон.

Вай афзуд, тамоми харҷи сафари ҷангиёни пушаймоншудаи тоҷик аз Туркия то кишвар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бино ба иттилои онҳо то кунун беш аз 500 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта, хабари марги беш аз 150 нафари онҳо таъйид шудааст. Ин ниҳод қаблан ваъда дода буд, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз майдонҳои ҷанг дар Сурия ба Ватан бармегардад ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, мавриди афв қарор хоҳад гирифт.​

XS
SM
MD
LG