Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, шикояти хаттии Шокирҷон Ҳакимов -- муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ ва номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии рақами 19 дар Конибодомро баррасӣ доранд. Ин шикояти Ҳакимов охири ҳафтаи гузашта дастраси КМИРТ шуда, аз 18 банд иборат будааст.
Абдуманнон Додозода – раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи 9 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "воқеан, шикояти хаттии Шокирҷон Ҳакимов, номзади мустақил аз ҳавзаи “Конибодом-19” расидааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад."
Ба қавли Додозода, баррасии шикояти Шокирҷон Ҳакимовро Зокирбой Саидов, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бар ӯҳда дорад ва дар зудтарин фурсат ба ӯ дар чорчӯби қонун посух хоҳад дод.
Шокирҷон Ҳакимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ирсоли ин номаи шикоятӣ мавридҳои зиёди нақзи қонуни интихоботро ба КМИРТ пешниҳод карда ва аз ин ниҳод хостааст, натиҷаи интихобот дар ҳавзаи "Конибодом-19"-ро бекор намояд. Ӯ ҳатто хостори мушаххас шудани замони баргузории интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи "Конибодом -19" шуда ва дар 18 банд далелҳои худро ба КМИРТ пешниҳод кардааст.
Тақсими бюллетенҳо ё баргаҳои зиёдатии раъй ба участкаҳои интихоботӣ, даъватнома нагирифтани баъзе аз интихобкунандагон, таъкиди масъулони участкаҳо ба бознишастагон барои ширкат накардан дар овоздиҳӣ, маблағгузории шаҳрвандони хориҷӣ дар маъракаи қаблазинтихоботии Равшан Раҷабов -- номзади ҲХДТ, пешакӣ дар баргаҳо аломати ҷамъ, яъне тарафдорро ба ин номзад зикр кардан, зиёфат оростан ва тарғибот дар масҷид ба тарафдорӣ аз номзади ҳизби ҳоким аз далелҳои ироакардаи Шокирҷон Ҳакимов ба КМИРТ будааст.
Шокирҷон Ҳакимов дар ҳоле интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи “Конибодом – 19” – ро ғайриқонунӣ медонад, ки бар асоси натиҷаҳои интихобот, Равшан Раҷабов, номзад аз ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ин ҳавза пирӯз дониста шудааст. Худи Ҳакимов баъд аз як рӯзи интихобот гуфта буд, ба иттилои масъулони ҳавзаи “Конибодом – 19” вай 10 дарсади раъйи интихобкунандагонро дар ин ҳавза ба даст овардааст.
Ин бори дувум аст, ки Шокирҷон Ҳакимов дар ҳавзаи “Конибодом – 19” ба унвони номзад ширкат карда, вале пирӯз намешавад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 Шокирҷон Ҳакимов рақиби Насрулло Маҳмудов, номзади ҲХДТ ва ҳоло додситони вилояти Хатлон буд ва ҳарчанд интихобот ба даври дувум кашонда шуд, аммо бо шикасти аввалӣ анҷом ёфт.
Ироаи шикояти хаттии Шокирҷон Ҳакимов ба КМИРТ дар мавриди нақзи қонуни интихобот дар ҳавзаи “Конибодом -19” дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ зимни эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, 11 шикоят ба ин ниҳод расида буд, ки билофосила ҳаллу фасли хешро пайдо карданд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай озод ва демократӣ унвон карда, нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо онро ба оркестре монанд карданд, ки дерижёр дорад.
Бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷаласаи аввалини парлумони нави кишвар рӯзи 17 март ба кори худ оғоз мекунад. Қарор аст, дар ин ҷаласа раиси нави Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон, интихоб шавад. Ин мақомро дар панҷ соли гузашта Шукурҷон Зуҳуров бар уҳда дошт.