Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати ТВҳои мустақил ба пахши рақамӣ


Телевизионҳои мустақили Тоҷикистон аз он изҳори нороҳатӣ доранд, ки дар ҷараёни татбиқи барномаи давлатии пахши рақамӣ дар ҳошия қарор хоҳанд гирифт.

Ин матлаб дар ҷаласаи аввали гурӯҳи корие баён шуд, ки ба хотири ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон баргузор шуд. Ин гурӯҳ аз 13 нафар – 6 намояндаи Кумитаи радио ва телевизион, ширкати «Тоҷиктелеком», Маркази миллии қонунгузорӣ ва 7 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ – коршиносони телевизион ва созмонҳои ҷамъиятӣ иборат аст.

Зиннатулло Исмоилов, мудири телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ)» ва раиси Анҷумани радио ва телевизионҳои мустақили Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин барнома манфиати телевизионҳои мустақил ба назар гирифта нашудааст ва онҳоро бесарнавиштӣ интизор аст.


Зиннатулло Исмоилов
Зиннатулло Исмоилов
Вай афзуд, аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳам заминаи фаъолияти телевизионҳои мустақил дар ҳолати гузаштан ба пахши рақамӣ муайян нашудааст: «Мо ба Кумита муроҷиат мекунем, ба мо мегӯянд, ки дар барнома сухан танҳо дар бораи 4 шабакаи умумимиллии давлатӣ ва се шабакаи давлатии маҳаллӣ сухан меравад. Мо чӣ ​кор кунем? Мегӯянд, намедонем. Ҳамчун субъекти тиҷоратӣ ҳам агар сӯҳбат кунем, ин ба он маъност, ки аксари телевизионҳои мустақил дар навоҳии наздимарзӣ фаъоланд ва ягона манбаъи вусъати фазои иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ мебошанд, метавонанд оҳиста аз байн раванд. Зеро вақте ҳам давлатҳои ҳамсоя ва ҳам мо ба пахши рақамӣ гузаштем, дигар пахши аналогии имрӯзаро тамошо карда намешавад.»

Аммо Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва узви гурӯҳи корӣ ба Радиои Озодӣ нигарониҳои телевизионҳои мустақилро бепоя хонда, гуфт, барнома хоси ягон телевизион, қабл аз ҳама давлатӣ нест ва бар пояи қонунҳои иқтисоди бозорӣ амал мекунад. Вай афзуд, ҳам радиову телевизиони давлатӣ ва ҳам мустақил танҳо як мактуб ба мо мекунанду халос: «Онҳо ҳам дар қатори шабакаҳои давлатӣ бо «Телерадиоком» шартнома мебанданд, масъалаи интиқоли сигналашон то фиристандаро ҳал мекунанд. Дар асоси шартнома ба мултипакет ворид мешаванд. Ҳоло мо аллакай аз ду телевизиони мустақил «Азия» ва СМ - 1» гирифтем ва ба онҳо посух додем, ки марҳамат, мушкиле нест.»

Аммо Зинатулло Исмоилов мегӯяд, барои як соати пахш бояд ба «Телерадиоком» аз 20 то 30 сомонӣ ҳаққи мавҷпароканро пардохт кунанд. Самад Ҳикматов дар ҷавоб мегӯяд, нархҳо ҳанӯз маълум нашудаанд ва онҳоро Агентии зиддиинҳисории Тоҷикистон пас аз хатми барнома маълум мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 4 шабакаи умумимиллӣ («Ҷаҳоннамо», «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон») ва 3 шабакаи маҳаллии давлатӣ («Суғд», «Бадахшон», «Пойтахт») ва 27 телевизиони мустақил фаъолият мекунанд.

Гузариши Тоҷикистон ба пахши рақамӣ тақозои «инқилоби рақамӣ» аст, ки дар тамоми ҷаҳон идома дорад ва кишварҳо вобаста ба тавони худ дар ин самт пеш мераванд. Аммо, ба қавли онҳо, дар Тоҷикистон ин «инқилоб» сари фарзандони худ, пеш аз ҳама телевизионҳои мустақилро хоҳад хӯрд.

Яке аз телевизионҳои маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб.
Яке аз телевизионҳои маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб.
Икром Мирзоев, раҳбари собиқ ТВ «Сомониён», ки аз сӯи мақомот баста шуд, мегӯяд, азбаски манфиати молиявӣ аст, Кумитаи радио ва телевизион ҳам бар зиёни худ кор намекунад, имтиёзе намедиҳад ва телевизионҳои мустақил маҷбуранд дарҳои худро банданд: «Қабл аз ҳама ба даст овардани фиристандаҳо пеш меояд, ки барои телевизионҳои мустақил қариб имконпазир аст. Масалан, фиристанда барои 10 километр – 25 ҳазор доллар меистад, барои 50 км – 250 ҳазор. Беҳтар ин, ки ба моҳвора пайванданд. Аммо ин қадар пул аз куҷо? Ҳукумат дар ин росто бояд сиёсати худро дошта бошад, ки надорад. Барномаро аз идораҳои русӣ гирифта, фақат тарҷума кардаанд. Воқеиятҳои Тоҷикистон ба назар гирифта нашудаанд. Моҳи июни соли 2015 пахши аналогӣ қатъ мешавад ва дар баробари ин телевизионҳои мустақил ҳам аз кор мемонанд.»

Гузариш ба пахши рақамӣ як барномаи умумиҷаҳонӣ аст, ки бар асоси Нақшаи минтақавии пахши рақамии Иттиҳоди байнулмилалии робитаи электронӣ роҳандозӣ шудааст. Ин созмон ба кишварҳои ҷаҳон Созишномаи минтақавии «Женева – 2006» - ро пешниҳод кард, ки аз сӯи 119 кишвари ҷаҳон ба имзо расид ва Тоҷикистонро онро 16 июни соли 2006 имзо кардааст. Бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли 2010 Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамиро қабул кард.

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло 47% - и кишвар ба пахши рақамӣ гузаштааст ва мавҷпарокани «Телерадиоком» дар ҳоли ҳозир 10 шабакаи радиотелевизионии умумимиллӣ ва телевизионҳои хориҷӣ, назири «Евронюс», «National Geographic», «Спорт», «НТВ + Спорт» - ро пахш мекунад.

Сокинони Душанбе ва навоҳии атрофи он ин шабакаҳоро тариқи қабулкунандаҳо (receiver), ки дар бозор 150 сомонӣ қимат доранд, метавонанд тамошо кунанд. Ҳоло ширкати «Телерадиоком» қудрати пахши рақамии 16 шабакаро дорад ва дар оянда метавонад теъдоди онро ба 32 бирасонад.
XS
SM
MD
LG