Муҳаммад Камолов дар як мактаби миёнаи шаҳри Маскав дар синфи дуюм мехонад. Ӯ аз ҷумлаи хонандагони аълохони синф ва мояи ифтихори падараш Маҳмуд Камолов аст.
Маҳмуд Камолов, ки аз Тоҷикистон аст, беш аз 10 сол боз дар Маскав кору зиндагӣ мекунад ва дар ҳаминҷо ба як духтари муҳоҷир аз Озарбойҷон издивоҷ кардааст. Маҳмуд Камолов рӯзи 23 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Дар мактабе ки Муҳаммади ман мехонад, дар ҳар синф ҳатман 2 ё 3 кӯдаки ба истилоҳ «ғайрирус» ҳаст. Ва худи омӯзгорон эътироф мекунанд, ки ин кӯдакони муҳоҷир назар ба кӯдакони маҳаллӣ ҷаҳду кӯшиши хеле бештар нишон медиҳанд дар таҳсил ва аълохонҳои мактаб ҳаминҳоянд. Аз ҷумла Муҳаммади ман!»
Маҳмуд Камолов аммо мегӯяд, ба муҳоҷирон пайдо кардани мактаб барои фарзандонашон кори осон нест: «Бояд ҳатман ҳуҷҷати сабти ном дошта бошӣ, ки кӯдакатро қабул кунанд. Ва ҳар се моҳ бояд ҳуҷҷат барӣ, ки тамдид шудани замони сабти номи волидонро собит кунад. Чунки ФМС – Хадамоти федеролиии муҳоҷирати Русия - дар мактабҳо ҳам рейдҳо мегузаронад ва кӯдаконро тафтиш мекунанд, ки сабти номи қонунӣ доранд ё на.»
Ин дар ҳолест ки ҳомиёни ҳуқуқ аз афзоиши мавридҳои ихроҷи фарзандони муҳоҷирон аз мактабҳои Маскав ба далели сабти ном надоштани волидони онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.
Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» рӯзи 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қурбони мушкилоти аснодии волидонаш кардани кӯдаки муҳоҷир нақзи ҳуқуқи ӯ ва бар хилофи Паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдак аст: «Мо ин масъаларо дар як нишасти Шӯрои оид ба умури миллатҳо дар назди раисиҷумҳури Русия ва ҳам бо мақомоти вазорати маорифи Русия бардоштем. Гуфтем, ки адаптатсия муҳоҷирони хориҷӣ ба муҳити фарҳангиву забонии Русия аз ҷумла аз тариқи мактаб амалӣ мешавад. Ва дур андохтани фарзандони муҳоҷирон аз таҳсил бо чунин баҳонаҳо ин мардумро баръакс дар ҳоли инзивои бештар қарор медиҳад.»
Исаак Калина, раҳбари департаменти маорифи шаҳри Маскав иддаоҳо дар бораи ихроҷи фарзандони муҳоҷирон аз мактабҳои пойтахти Русияро рад карда, гуфтааст, «ин ҳама бофтаи журналистон аст ва дар асл ҳар кӯдаке, ки дар Маскав ба таври қонунӣ зиндагӣ дорад, метавонад дар мактабҳои ин шаҳр таҳсил кунад.» Аммо таъкиди Исаак Калина дар шарҳи мавзӯъ низ рӯи кӯдаконест, ки дар Маскав «ба таври қонунӣ» зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол,бархе омӯзгорон худмонӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ хабар додаанд, ки гӯё дар шӯрои омӯзгорон гуфта бошанд, ки танҳо фарзандони муҳоҷирони сабтиномшударо барои таҳсил қабул кунанд.
Анора Бейшеева, ҳуқуқшиноси муқими шаҳри Маскав, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, рӯзи 23 июн ба Озодӣ гуфт, маъмурияти мактабҳо, албатта, танҳо барои сабти ном доштан ё надоштани волидонаш кӯдакро аз мактаб ихроҷ карда наметавонанд, вале метавонанд барои ин чандин баҳонаи дигар ба истилоҳ «ҷӯр» кунанд: «Ҳангоми қабул кардани кӯдак ба мактаб тавсия дода мешавад, ки волидон ҳатман сабти ном дошта бошанд ва будубошашон дар қаламрави Русия қонунӣ бошад. Ва кӯдак маҷбур аст ҳар се моҳ баробари тамдиди сабти номи волидон замони таҳсили худро низ тамдид кунад. Дар мактабҳо аммо бештар инро баҳона мекунанд, ки ҷои холӣ надоранд. Ваё мегӯянд, сатҳи дониши кӯдаки муҳоҷир паст аст ва ӯро ба синфи аз ҳамсолонаш пойинтар мегиранд. Чунин фактҳо буданд.»
Вақте гапи Пӯлод, як муҳоҷири дигар аз Тоҷикистон, бо мудири мактаби фарзандонаш «гурехт», мудир бо ин баҳона ки дар мактаби онҳо ҷои холӣ нест, ҳарсе фарзанди ӯро ҷавоб дод. Ӯ маҷбур шуд, кӯдаконашро ба як мактаби дигар, ки аз манзили иҷораашон хеле дур аст, бидиҳад. Кӯдакони Пӯлод бо табдили мактаб дар як муҳити комилан наве уфтоданд, ки бояд ҳама чиро боз аз сифр шурӯъ кунанд.
Аксари кӯдакони муҳоҷирон дар Русия, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба мисли фарзандони Пӯлод, дар тӯли таҳсил чандин мактабро иваз мекунанд ва ҳар бор ҳаёти мактабии худро маҷбуранд аз сари хат оғоз кунанд. Ин ба ақидаи равоншиносон, ба вазъи равонии чунин атфол осеби ҷиддӣ мерасонад.
Каримҷон Ёров, раҳбари «ЭтМос», яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Маскав мегӯяд, талаби сабти ном аз муҳоҷирон аз сӯи маъмурияти мактабҳои пойтахти Русия дар ҳолест, ки ҷорӣ шудани патент зарурати сабти номро аз байн бурдааст ва ин тақозои мактабҳо вон волидонеро, ки патент доранду сабти ном не, дар як ҳоли танг қарор медиҳад: «Пеш ҳам сабти ном ва ҳам иҷозатномаи кори волидони ин кӯдаконро тафтиш мекарданд. Аз ФМС - Хадамоти муҳоҷирати Русия - ба мактабҳо меомаданд барои тафтиш, ки кӯдакони муҳоҷирон қонунӣ таҳсил доранд ё на? Ҳоло аз ҳатто аз онҳое ки патент доранд, боз ҳам ҳуҷҷати тамдиди сабти ном талаб мекунанд. Ҳол онки дар сурати доштани патент сабти ном дигар шарт нест.»
Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳарчанд патент муҳоҷиронро аз убури мурури ҳатмии марзи Русия, ки пеш ҳар се моҳ анҷом медоданд, озод кард, вале кӯдакони онҳо то ҳол маҷбуранд ҳар се моҳ аз Русия бароянду дароянд. Каримҷон Ёров мегӯяд: «Амалан кӯдакони муҳоҷирон қурбони бозиҳои калонсолон шудаанд. Ва ин ҳама ошкоро поймол шудани ҳуқуқест, ки Паймони ҳуқуқи кӯдак ба тамоми атфол, аз ҷумла ба кӯдакони муҳоҷир, замонат додааст ва ҳамаи давлатҳо бояд ба он арҷ бигузоранд.»
Бино ба омори ФМС, дар мактабҳои шаҳри Маскав тақрибан 70 000 нафар фарзандони муҳоҷирон таҳсил мекунанд. Аммо ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи демографияи Мактаби олии иқтисодии Маскав, танҳо 70 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар Маскав ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Фисади ба боғчаву кӯдакистон рафтани кӯдакони муҳоҷирон дар Маскав, бино ба омори расмӣ, боз ҳам камтар – то 25 дарсад будааст.
Дар ин масъала бахусус муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сахт «ақибмонда»-анд, чунки танҳо 10 дарсади кӯдакони онҳо ба боғчаву кӯдакистон мераванд. Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари созмони «Муҳоҷират» ва ҳуқуқ» мегӯяд, вақт аст ки диаспораҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия кӯдакистонҳои вижае барои кӯдакон аз ин кишварҳо бисозанд. Кӯдакистонҳое, ки фарзандони муҳоҷиронро барои таҳсил дар мактаб омода кунад.