Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Қудратов гуфт, ба ҳеҷ куҷо нахоҳад гурехт (2 ВИДЕО)


Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро, ки Шӯҳрат Қудратовро ба ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст, бетағйир боқӣ гузошт.

Дар ҳоле ки вакилони мудофеи Шӯҳрат Қудратов дар аризаи худ қонунмандии боздошти шахси зери ҳимояи худро зери шубҳа гузошта, тағйири чораи нигаҳдории ӯро ба ҳабси хонагӣ ё ваъдаи тарк накардани ҷои истиқомат дархост намуд, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳабси думоҳаи Қудратовро бетағйир боқӣ гузошт. Ин ҳукмро рӯзи 23-юми июл Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бароварда буд.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора ва қасди расондани он ба додрас дастгир шуд. Вай ҳамчун вакили мудофеи вазири собиқи саноат Зайд Саидов бо муфаттишони ин оҷонсӣ дар ҳоли "муборизаи ҳуқуқӣ" қарор дошт ва пеш аз ӯ вакили дигари Зайд Саидов Фахриддин Зокиров низ аз ҷониби ин ниҳод бо иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт шуда буд.

Шӯҳрат Қудратов дар додгоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

Зимни мурофиаи баррасии шикояти вакилони Шӯҳрат Қудратов дар додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳматулло Зоҳиров, гуфт, ки ки Амир Суламаев. зерҳимояи Қудратов, чанд моҳи пеш яке дигар аз вакилони дифоъи худро бо чунин айбе ба истилоҳе "подстава" кардааст. Ҷаноби Зоиров гуфт, ки бо он ки Шӯҳрат Қудратов таҷрибаи даҳ солаи вакили дифоӣ дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист ба чунин "подстава" дода шавад.

Аз сӯи дигар Зоиров гуфт, ки ҳангоми баёнот додан Ш. Низомов, додрасе, ки Шӯҳрат ба пора додан ба ӯ айбдор дониста мешавад, гуфтааст, ки "ҳеҷ маслиҳате дар ин бора бо Шӯҳрат Қудратов сурат нагирифтааст ва Шӯҳрат низ ба ӯ пора надодааст." Бо назардошти ҳамин Шӯҳрат Қудратов, ҳамчун порадиҳанда дониста намешавад ва дар асл Амир Суламаев, шахси порадиҳанда ба шумор меравад," -- гуфт ҷаноби Зоиров.

Ҷаноби Зоиров бори дигар изҳор дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки рӯзи гузашта марҳилаи тафтишотӣ анҷом гирифта ва айб расман нисбати Шӯҳрат Қудратов эълон шудааст, Шӯҳрат ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ба ҷараёни таҳқиқ парванда таъсир гузорад ва ҳамин гуна бо назардошти он ки се фарзанди ноболиғ, падару модари бознишаста дорад ва ягона таъминкунандаи хонавода мебошад, чораи дар озодӣ бо "берун нарафтан аз маҳалли зист" будани ӯ беҳтар аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки худи Шӯҳрат низ ба ин шароит таъкид кард ва аз додгоҳ хост, ки додгоҳ ба ӯ имкони дар озодӣ буданро бидиҳад. Шӯҳрат бо исрор таъкид кард, ки бо дархости озодӣ қасди фирорро надорад. Зеро вай гуфт, ки "агар ин гуна қасде медошт, аллакай соле пеш ин корро мекард, чун ба ӯ паёмакҳо ё СМС -ҳои таҳдидомез расида буд."

Ба ғайр аз парвандаи Зайд Саидов Шӯҳрат Қудратов дар чандин парвандаи дигари пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

Шаш моҳи маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ барои Шӯҳрат Қудратов

Додгоҳи шаҳри Душанбе Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъро, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, барои шаш моҳ аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард. Ин тасмим рӯзи ҷумъаи 1 август дар пайи баррасии парвандаи марбут ба садамае, ки бо ширкати Шӯҳрат Қудратов дар таърихи 27 феврали соли ҷорӣ рух дода буд, гирифта шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки торнамои вазорати корҳои дохилӣ навишта буд, "27 феврали соли 2014 Шӯҳрат Қудратов сари чанбараки худрави тамғаи МЕРСЕДЕС БЕНС" дар кӯчаи Аҳмади Дониш дар шаҳри Душанбе ба ду мошини тамғаи КИА ва ОПЕЛ бармехӯрад ва пас аз бархӯрди хашин бо соҳибони ин мошинҳо ва бидуни ҷуброни зарар аз маҳалли ҳодиса ғайб мезанад. Пас аз ин ҳодиса Шӯҳрат Қудратов худрави худро барои таъмин ба устохона медиҳад, аммо кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилиро аз ҳодисаи садама огоҳ намекунад. Шоҳидони садама ҷои ҳодисаро аксбардорӣ намуда ва ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат карданд, ки таҳқиқи он идома дорад."

Раҳматулло Зоиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов зимни тасдиқи ин хабар, ки додгоҳи шаҳри Душанбе Шӯҳрат Қудратовро аз ҳаққи ронандагӣ барои шаш моҳ маҳрум кард, гуфт, ки "cоҳиби мошини тамғаи КИА дар мурофаи изҳор кардааст, ки ба Шӯҳрат Қудратов ҳеҷ даъвое надорад, чун ба худрави ӯ аз пушт мошини тамғаи ОПЕЛ бархӯрдааст."

Ҳарчанд, ки ба гуфтаи ин зан, худрави Шӯҳрат Қудратов бошад аз пушт ба мошини тамғаи ОПЕЛ бармехӯрад. Ҷаноби Зоиров гуфт, ки худрави ин зан, ки тамғаи КИА будааст, бо пули бима таъмиру бозсозӣ шудааст ва аз ин рӯ, вай даъвое ба касе надорад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди

Тоҷикистон рӯзи 30 июл зимни наишсти матбуотӣ бо ишора ба боздошти Шӯҳрат Қудратов аз ин садама низ ёддоварӣ кард ва бо нишон додани аксҳои ин ҳодиса ба хабарнигорон гуфт, ки "Шӯҳрат Қудратов ба соҳиби худрави КИА муроҷиат карда мегӯяд, ки "ман одами баобрӯ ҳастам, арз накунед, зарарро пардохт мекунам. Аммо баъдан каттагӣ мекунаду маблағро намедиҳад. Он зан дар ин садама 3 ҳазор сомонӣ зарар дидааст, ки то ҳол Шӯҳрат Қудратов онро пардохт накардааст.”

Аммо Раҳматулло Зоиров, мегӯяд, зимни мурофаи имрӯз, ин мавзӯъ матраҳ шуд ва Шӯҳрат ба он зан муроҷиат карда гуфт, ки "ман магар ба шумо ваъдае карда будам?" Он зан дар посух гуфтааст, ки "не, ин ҳарфҳоро соҳиби мошини ОРЕЛ омада аз номи Шумо ба ман гуфт."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин раду бадалҳо, ҷаноби Зоиров мегӯяд, ки гуфтаҳои Абдуфаттоҳи Ғоиб дар мурофиаи додгоҳӣ исботи худро наёфт.

XS
SM
MD
LG