Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хостори раҳоии Зайд Саидов ва таҳқиқи бетарафона шуд


Созмони ҳуқуқи башар ё Human Right Watch хостории раҳоии соҳибкори шинохтаи тоҷик Зайд Саидов ва таҳқиқи бетарафонаи қазияи ӯ шудааст.

Созмони ҳуқуқи башар рӯзи 7-уми феврал бо интишори як баёния, маҳкумияти Зайд Саидовро нақзи озодии баён ва демократия хонда, даъват кардааст, ки ин соҳибкор бояд бидуни таъхир раҳо шуда ва дар қазияи ӯ таҳқиқи бетарафона сурат бигирад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабри соли гузашта раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав Зайд Саидовро бо панҷ иттиҳом барои 26 сол равонаи зиндон карда буд.

Стев Свердлов, пажӯҳишгари умури Осиёи Миёна дар Созмони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки мурофаи Зайд Саидов далели он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз интиқод ва нақши аҳзоби мухолифро дар ҷомеа ҳаргиз қабул надорад ва мурофиа Зайд Саидов далели рӯшани берун кардани мухолифон аз саҳнаи сиёсӣ мебошад.

Зайд Саидов, узви маҷлиси шаҳрӣ, дар таърихи 6-уми апрели соли гузашта -- дуруст 6 моҳ қабл аз интихоботи президентии Тоҷикистон, аз азми худ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дода буд. Зайд Саидов ва ёронаш мегуфтанд, ки ҳадафи аслии онҳо ислоҳоти иқтисодӣ аст ва зимни муаррифии барномаи ҳизби худ, оқои Саидов аз номуассирии ислоҳот, фишор ба соҳибкорони хурду миёна, нархҳои миёншикан ва фасоди фарогир интиқод мекард.

Вакилони дифои Зайд Саидов ба Созмони ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки ба дунболи эълони тасмими таъсиси ҳизби нав, зерҳимояшон аз тариқи СМС таҳдид ба марг шуд, то худро аз сиёсат канор бигирад. Чанд рӯз баъд, мақомоти вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Зайд Саидовро фишор оварданд то ба «гуфтугӯ» биояд. Дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо, ки чанд соат ба тӯл анҷомид, мақомот Зайд Саидовро таҳдид кардаанд, ки агар аз тасмимаш даст накашад, барояш оқибати вахим дар пай хоҳад дошт.

Рӯзи 19-уми май Зайд Саидов аз сафари хориҷӣ баргашт ва аз сӯи Оҷонсии зидди фасод дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Боздошти Зайд Саидов дар ҳоле сурат гирифт, ки дастури боздошти ӯ расман содир нашуда буд ва ӯ аз масуният бархӯрдор буд. Бидуни огоҳ кардани вай ва сабабе барои боздошт, пулис ӯро ба идораи Оҷонсии зидди фасод бурд ва барои 41 соат бидуни тамос бо пайвандонаш, нигоҳ дошт.

Рӯзи дигар дар як раъйдиҳии саросемавор, маҷлиси шаҳри Душанбе бар пояи пешниҳоди додситонии шаҳр, масунияти вакилии Зайд Саидовро бекор кард. Манобеи наздик ба шаҳрдорӣ ба Созмони ҳуқуқи башар дар Душанбе гуфтаанд, ки вакилони шаҳрӣ, ба шумули дафтари шаҳдорӣ дар ин замина дастури мустақим аз дафтари президенти Эмомалӣ Раҳмон дарёфт карданд, то масунияти вакилии Зайд Саидов бекор ва дар ғайби ӯ овоздиҳӣ, бидуни он, ки ба ӯ фурсат дода шавад, ки аз худ дифоъ бикунад, сурат бигирад.

Бегоҳи ҳамон рӯз, баъд аз бекор кардани ваколати Зайд Саидов, вакилони дифои Зайд Саидов муаррифӣ шуданд, аммо пулис монеи мулоқоти ҷудогонаи ин соҳибкор бо вакилони дифоаш шуд. Ҳамин тариқ мақомот парвандаи Зайд Саидовро мӯҳри махфӣ заданд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр, баъди севуни моҳи муҳокимаи пушти дарҳои баста, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе аз 12 сентябр идома дошт, соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.

Дафтари матбуоти додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 декабр дар шарҳи ин ҳукм хабар дод, ки “Саидов Зайд Шерович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 қисми 4 банди «г» (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора ба миқдори калон), 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 138 қисми 3 банди «а» (таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 131 қисми 3 банди «б» (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ) ва 170 (серзанагӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста шуд.”

Бино бар ин манбаъ, Зайд Саидов “аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида” ба 26 соли зиндони низомаш сахт, манъи фаъолият дар мансабҳои раҳбарӣ ва машғулият ба соҳибкорӣ барои 5 соли дигар 80 000 сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Ҳамин тавр, Зайд Саидов “аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд.” Додситонии кулл ҳамчунин гуфт, ки “бо таъиноти суд як лаҳзаи айби ба Саидов З.Ш. эълоншуда бинобар исбот нашудани гуноҳаш қатъ карда шуда, се лаҳзаи айби эълоншуда ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд.”

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ аз соли 2001 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди рафтанаш аз ин мақом бо таъсиси чанд ширкат ба яке аз соҳибкорони пештоз дар арсаҳои сохтмони манзилҳои баландошёна дар Душанбе табдил ёфт. Ӯ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш дар моҳи апрели соли 2013 гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро таъсис дод. Баъди ин мақомот алайҳи ӯ чанд парванда кушоданд. Зайд Саидов рӯзи 19 май, баъди бозгашташ аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Фаъолони ҳизби Тоҷикистон ба Созмони ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки Зайд Саидов барои мухолифати сиёсиаш ҳадаф қарор гирифтаааст. Худи Зайд Саидов парвандаашро аз оғоз сиёсӣ меномид ва чандин бор гуфтааст, ки маҳз барои азмаш барои сохтани ҳизби нав ҳадафи таъқиб қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG