Диловар Олимов, сокини 39-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, бо иттиҳоми ҳамла бо табар ба раиси Додгоҳи ноҳия Давлатманд Раҳимзода боздошт шудааст. Мақомоти Додситонии ноҳияи Панҷ рӯзи 2-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки алайҳи Олимов бар асоси моддаи “сӯиқасди куштор” парванда боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Бо ҳамсари аввалааш никоҳи расмӣ надошт ва мегуфт, ки ду кӯдакаш аз ӯ нест. Лекин Додгоҳ падарии ӯро муқаррар карда, барои ҳар кӯдак 130 сомонӣ алимент таъин намуд
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, "баъди онки Диловар Олимов бо зарби табар раиси Додгоҳро захмӣ кард, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, нирӯҳои интизомӣ ӯро дар бозори марказии ноҳия пайдо ва дастгир кардаанд."
Ин манбаъ афзуд, Диловар Олимов чанд сол боз даргири як баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш буд ва масъулияти баррасии парвандаро Давлатманд Раҳимзода бар ӯҳда дошт. "Диловар чаҳор соли пеш аз ҳамсараш ҷудо шуда, оилаи дигар бунёд кардааст. Бо ҳамсари аввалааш никоҳи расмӣ надошт ва ду кӯдакашро мегуфт, ки аз ӯ нест. Лекин Додгоҳ падарии ӯро муқаррар карда, барои ҳар кӯдак 130 сомонӣ алимент таъин намуд", - нақл кард ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, зоҳиран Диловар Олимов аз чунин қарор розӣ набуд ва то кунун чанд бор бо раиси додгоҳ вориди баҳси лафзӣ низ шудааст. "Ҳатто як бор раиси Додгоҳ ӯро бо зӯри посбонҳо аз мурофиа пеш карда буд. Ин бор ӯ аз зери бағалаш табарчаро бардошта, ҳамла кардааст", - гуфт манбаъ. Қаблан Диловар Олимов бо ҷурми авбошӣ маҳкум шудааст.
Давлатманд Раҳимзода – раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон – бегоҳи 31-уми август мавриди ҳамла қарор гирифта, ба далели захм бардоштан дар бемористон бистарӣ шуд. Як манбаъ дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла ба раиси додгоҳ дар ҳуҷраи кориаш сурат гирифтааст.
Зайнулобиддин Ҷӯраев, сокини Исфара, дар додгоҳ ҷурми худро ба дӯш гирифта, гуфта буд, ки ба паёмади ин ҳодиса аз қабл омодагӣ дошт.
"Ҳодиса соати тақрибан панҷи бегоҳи панҷшанбе рух дод", - афзуд мусоҳиби мо. Ӯ гуфт, "ин ҷавон ба утоқи кории раис ворид шуда, бо табарча ба сари ӯ ҳамла кардааст. Ҳамчунин мизу курсиҳоро шикастааст. Ин ҷавон дар боздошт қарор дорад ва раиси суд дар беморхона бистарӣ ҳаст."
Нурмамад Умронов, сардухтури ноҳияи Панҷ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 2-уми сентябр раиси додгоҳ барои идомаи табобат ба Душанбе рафтааст. "Пешонааш кафидааст, чашми рост, гӯш ва дасташ низ осеб дидааст. Худаш забонхат дод, ки барои табобат ба Душанбе меравад. Бояд аз ташхиси компютерӣ гузарад. Мо ба ӯ хун рехтем ва ҳар коре, ки аз дастамон меомад, анҷом додем", - афзуд ӯ.
Ба қавли сардухтур, Давлатманд Раҳимзода аз ин пеш аз бемории қалб ранҷ мебурд ва таҳти назорати пизишкон қарор дошт. Пеш аз ин ҳодиса ӯ, дар беморхонаи Ибни Сино дар шаҳри Душанбе табобат гирифта будааст.
Кори даҳҳо сокини Тоҷикистон бо далоили мухталиф ба Додгоҳ афтодааст ва бархе аз онҳо аз баррасии нодурусти парвандаи худ ва афроди наздикашон шикоят доранд. Моҳи июли имсол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт, "натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти судӣ нишон дод, дар ин давра баъзе судяҳо ба вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо роҳ додаанд. Баъзе қарорҳое, ки ғайриқонунӣ қабул шуда буд, аз тарафи судҳои болоӣ бекор гардид."
Ӯ гуфт, бо ҳадафи аз миёни бурдани камбуд дар кори додрасҳо дар нимсолаи дувуми соли 2017 чанд маърака ба нақша гирифта шудааст, ки “омӯзиш ва ҷамъбасти асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ” аз ҷумлаи он аст.
Ҳарчанд ҳодисаи ҳамла бо табар ба раҳбарияти Додгоҳ дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст, чанд соли қабл ҳодисаи пошидани тезоб ё кислота аз тарафи як сокини пиронсоли шаҳри Исфара ба сару рӯи раиси онвақтаи додгоҳ Абдуҳамид Давронов сабт шуда буд. Ин ҳодиса тобистони соли 2012 иттифоқ афтод ва баъдан дар моҳи октбяри ҳамон сол нафари муттаҳам ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар натиҷаи пошидани тезоб чеҳра, чашми чап ва дигар узвҳои Абдуҳамид Давронов сӯхтанд.
Зайнулобиддин Ҷӯраев, сокини Исфара, дар додгоҳ ҷурми худро ба дӯш гирифта, гуфта буд, ки ба паёмади ин ҳодиса аз қабл омодагӣ дошт. Ин сокини Исфара аз соли 2003-юм дар додгоҳи шаҳр баҳси соҳибмулкӣ ва истифодаи қитъаи замин дошта, ба гуфтаи худи ӯ, аз бархӯрди номуносиби додрас ба хашм омадааст.