Пизишкони вилояти Хатлон дар панҷ моҳи охир 20 муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷикро аз Русия ҳамчун "бемори равонӣ" сабт кардаанд. Табибон гуфтанд, ки ин афрод пас аз "депортатсия" ва бекории тӯлонӣ дар кишвар ба фишори сахти равонӣ ва афсурдагӣ печиданд.
Дар инҷо ду дасти холӣ мондам. Руҳафтода шудам. Намехостам, бо касе суҳбат кунам. Нақшаи фирор аз хонаро мекашидам.
"Баъзеҳо ба хонаҳояшон баргаштанд"
Саидаҳрор Подабонов, як масъули Маркази равоншиносии вилояти Хатлон, рӯзи 16-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, марҳилаи аввали табобати онҳо понздаҳ рӯзро дар бар мегирад. "Баъзеи онҳо аллакай ҷавоб шуда, ба хонаҳои худ баргаштанд ва баъзеи дигар ҳанӯз дар бемористон ҳастанд", - афзуд ӯ.
Подабонов гуфт, бо ҳар муҳоҷир дар алоҳидагӣ суҳбат кард ва иллати руҳафтодагии онҳоро пурсид. Аксарият гуфтаанд, бо сабаби набуди кору даромад ва имкони бозгашт ба Русия ба муддати ҳадди ақал 5 сол навмед шудаанд. Ӯ гуфт, "чунин муҳоҷирон зиёданд. Баъзеашон худро ба кори дигар мезананд ва аз ин тариқ аз бунбаст раҳо мешаванд. Аммо ноомади кор дар ватан баъзе муҳоҷиронро якбора дилсард мекунад. Бар замми ин, бепулӣ мушкилоти хонаводаро меафзояд. Боис ба моҷаро мешавад", - афзуд ӯ.
Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ кардааст
Аз замони шурӯи муҳоҷирати кории тоҷикон то соли 2017, аз Русия 300 ҳазор муҳоҷири тоҷикро "депортатсия" ва ё ихроҷ кардаанд. Онҳое, ки ихроҷ шудаанд, ҳақ надоранд, барои панҷ сол ба Русия баргарданд. Маскав соли 2017 ба тақрибан 100 ҳазор нафаре, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекарданд, иҷоза дод, худро дар ниҳодҳои зарурӣ сабтином кунанд ва ба кори қонунӣ машғул бошанд.
Вале ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо айби нақзи қонунҳои Русия ҳамоно идома дорад ва сафи бекорон дар дохили кишвар аз ин ҳисоб меафзояд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, агар бархе ба хотири нақзи Кодекси ҷиноӣ ихроҷ шаванд, шумори хеле зиёди онҳо бар асоси қонунвайронкуниҳои сабуки маъмурӣ ба ин ҳол афтодаанд.
"Баъзан маргро аз зиндагӣ беҳтар мешумурдам"
Низом, сокини 31-солаи ноҳияи Вахш, пас аз хатми мактаби миёна ба Русия рафт ва дар онҷо дар фурӯшгоҳе кор мекард. Пули хуб ба даст меовард ва ҳар моҳ "ҳақ"-и хонаводаро ҳам мефиристод. Аммо чанд рӯз таъхир дар пардохти қарзи телефон ва таҳияи санади будубош далел шуд, то ӯро аз Русия биронанд.
Низом мегӯяд, пас аз бозгашт ба ватан ва бекориву ҷайби холӣ бисёр афсурда шуд. "Дар онҷо кор мекардӣ, пул ба даст меомад. Ҳам худат хурсанд ва ҳам сарат боло, ки хонаводаро таъмин мекунӣ. Дар инҷо ду дасти холӣ мондам. Руҳафтода шудам. Намехостам, бо касе суҳбат кунам. Нақшаи фирор аз хонаро мекашидам. Баъзан маргро аз зиндагӣ беҳтар мешумурдам", - мегӯяд ин сокини Вахш.
Наздикони Низом ӯро ба бемористони касалиҳои равонӣ бурданд, то пизишкон барои аз бунбаст берун омаданаш кумак кунанд. Ӯ тақрибан ду ҳафта дар бемористон истод ва ҳоло ба хонаашон баргаштааст.
"Писари ноноварашро ба дасти пизишкон супурд"
Лоиқ Холиқов, сокини 50-солаи ноҳияи Кушониён, низ писараш Дилшодро ба Маркази равоншиносии вилояти Хатлон супурдааст. Мегӯяд, писараш моҳи ноябри соли 2017 аз Русия ронда шуд. Ба гуфтаи падар, бекории писар ӯро ба як ҳолати бади равонӣ гирифтор кард. Вай гуфт, писараш баъди бозгашт аз Русия "як муддат истоду бемор шуд. Сабаби дақиқашро намедонам. Ба назди мулло бурдем, дуо хонондем. Ҳоло ба инҷо овардем, ки табобат кунанд."
Пизишкон мегӯянд, баъзе хонаводаҳо ба мисли Лоиқ Холиқов беморони равонии худро аввал ба назди мулло бурда, сипас, ба шифохона меоранд, ки "хатост". Онҳо мегӯянд, дар бархе ҳолат, ҳамин кашолкорӣ ва муроҷиат ба афроди ғайриҳирфаӣ боиси “кӯҳна шудани дард” ва мураккабтар шудани ҷараёни муолиҷаи бемор мешавад.
Аввал дуо мехонанд, баъд - табобат
Саидаҳрор Подабонов дар муроҷиат ба афроди дучори мушкилоти мисли бемориҳои равониву асаб ва афсурдагӣ гуфт, саривақт ба мутахассисон муроҷиат кунанд. Вай гуфт, "бадбахтӣ ин аст, ки бисёриҳо аз муроҷиат ба мутахассиси равоншинос шарм мекунанд ва ин ҳолат вазъро хатарноктар мекунад."
Масъулони идораи тандурустии Хатлон дар панҷ моҳи имсол тақрибан 120 бемори равониро сабт кардаанд, ки панҷяки онҳо муҳоҷирони корӣ будаанд. Шумораи умумии чунин беморон дар вилоят ба беш аз ҳазор нафар мерасад.