Одилҷон Зокиров як моҳ боз дари мақомоти Русияро мекӯбад, то қарори манъи вуруди бародарашро ба ин кишвар бекор кунад. Бародари ӯро гӯё барои вайрон кардани муҳлати будубош аз Русия ихроҷ кардаанд.
Чанде пеш бо истифода аз моддаи пуристифодаи “18.9”-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мақомоти Русия амаки Одилҷонро аз қаламрави кишвар берун карданӣ шуданд. Аммо ӯ тавонист, қарори додгоҳро дар зинаи болоӣ бекор кунад.
Зокиров мегӯяд, дар аксар маврид додгоҳҳои Русия бе баррасии парванда ва мурофиа ҳукми ихроҷи муҳоҷиронро содир мекунанд. “Ӯро ба додгоҳ бурданд, вале вай дар мурофиа иштирок накардааст. Баъд аз чанде ҳукми додгоҳ содир мешавад ва ба ӯ танҳо мегӯянд, ки имзо гузор. Пас аз он ихроҷ мекунанд”, -- афзуд ӯ.
Ихроҷи дастҷамъии муҳоҷирони корӣ ба як таҷрибаи маъмулӣ ё рӯзмарраи додгоҳҳои Русия табдил ёфтааст. Ба иттилои Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ”, танҳо дар соли гузашта аз Русия ҳудуди 130 ҳазор нафарро ихроҷ кардаанд.
Бештари ихроҷшудагон муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Баррасии парвандаи муҳоҷирон дар додгоҳҳо ба ном сурат мегирад ва дар аксар маврид бе ҳузури онҳо, ки имкони ҳимоят аз худро надоранд. Чӣ расад ба пешниҳоди хидмати тарҷумон ва ё даъвати намояндаи сафорат, ки инро қонун талаб мекунад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Констатин Троитский, намояндаи Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” мегӯяд, “додрас ҳар як парвандаро алоҳида баррасӣ намекунад, балки якбора бастаи парвандаҳоро баррасӣ мекунад. Яъне, парвандаи панҷ нафар ва ё даҳ нафарро. Ман худ шоҳид будам, ки ба мурофиаи додгоҳӣ беш аз 20 нафарро оварданд. Дар чунин мурофиаҳо барои баррасии парвандаи нафаре, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор мешавад, 1 ё 2 дақиқа ҷудо мешавад.”
Ба гуфтаи Светлана Ганнушкина, роҳбари Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ”, “баррасии рӯякии парвандаҳо бо ҳукмҳои аз қабл маълум” мушкили умумии низоми додгоҳӣ аст. Аъзои низоми додгоҳӣ ошкор мегӯянд, ки онҳо аз ҷиҳати равонӣ, касбӣ ва ҳам корпоративӣ пойбанди система ҳастанд. Бинобар ин, ба додрасҳо мушкил аст ҳукмеро содир кунанд, ки манфиати ҳамкасбонашонро поймол мекунад.
“Ҳукмҳо пеш аз ҳама аз супоришҳое бармеоянд, ки аз боло дода мешаванд. Додрасҳо ошкоро инро эътироф мекунанд. Дар таҷрибаи мо ҳолате буд, ки додрас гуфт, бигзор ба ман аз боло дастури дигар диҳанд, баъд он вақт мебинед, чӣ гуна қонунро медонам”, - афзуд Ганнушкина.
Омор баёнгари он аст, ки аз замони сахттар кардани қонунҳои муҳоҷират дар соли 2013, супоришҳои қатъие барои ихроҷи муҳоҷирон дигар дода нашудааст. Аммо дар ояндаи наздик боз ин гуна дастурҳо аз боло дода мешавад ва ё не, коршиносон пешбинӣ карда наметавонанд.