Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бисмиллоҳхон ба ҷои Карзай ба нишасти НАТО меравад


Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон.

Афғонистонро дар нишасти сарони НАТО дар Бритониё, вазири дифои он кишвар Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ намояндагӣ мекунад.

Дафтари расонаҳои Кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон бо нашри як иттилоия мегӯяд, ки рӯзи якшанбеи 31 август дар нишасти Шӯрои амнияти миллии он кишвар, ки бо раҳбарии Ҳомид Карзай бургузор гардид, дар мавриди ширкати ҳайати он кишвар дар нишасти сарони НАТО баҳсҳо сурат гирифт ва тасмим шуд, ки дар сурати мушаххас нашудани раиси ҷумҳури нав то замони баргузории нишасти сарони НАТО, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои ин кишвар дар нишасти Валес ширкат хоҳад кард. Қабл аз ин низ хабаргузориҳои хориҷӣ аз қавли мақомоти раёсати ҷумҳури Афғонистон дар ин бора хабарҳо ба нашр расонида буданд.

Пас аз он ки, сухангӯи президенти Афғонистон гуфт, ки Ҳомид Карзай дар нишасти сарони НАТО иштирок намекунад, ин сарусадо баланд шуд, ки ин кишварро дар нишасти Валес, ки ҳафтаи ҷорӣ доир мешавад, кӣ намояндагӣ хоҳад кард. Намояндагони ду номзади даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон қаблан гуфта буданд, ки дар сурати пирӯзӣ, раҳбари тимашон бо барномаи рӯшан дар ин нишаст иштирок хоҳад кард. Вале ҳоло чунин ба назар мерасад, ки натоиҷи интихоботи даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон дар рӯзҳои наздик эълон намешавад ва ҳукумати Афғонистон ҳам ба ночопр исми раҳбари ҳайати худ ба ин нишастро эълон кард.

Дар ҳамин ҳол тибқи гузоришҳо, нахуствазири Бритониё Давид Камерон дар як тамоси телефонӣ аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ даъват кардааст, ки дар нишасти сарони НАТО ширкат намояд. Аммо ба иттилои тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ, доктор Абуллоҳ гуфтааст, ки бинобар бӯҳрони интихоботӣ дар ин нишаст иштирок карда наметавонад. Нахуствазири Бритониё ҳамчунин ба номзади дигари даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай тамоси телефонӣ дошта ва аз ӯ низ даъват кардааст, ки дар ин нишаст ширкат кунад. Оқои Аҳмадзай гуфтааст, ки дар ин маврид тасмими худро дертар эълон хоҳад кард.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон қаблан гуфта буд, ки мумкин раиси ҷумҳури он кишвар Ҳомид Карзай дар нишасти Валес иштирок накунад. Сироҷулҳаққ, муовини сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, агар то пеш аз моҳи сентябр натиҷаи интихоботи Ағонистон рӯшан нашавад, мумкин як мақоми олирутбаи ҳукумати феълии Афғонистон дар нишасти Уэлси Бритониё иштирок кунад.

"Раисиҷумҳур Карзай гуфтааст, ки худаш дар ин нишаст иштирок намекунад. Аммо ваъда дода ба онҳо, ки як мақоми ҳукумат иштирок мекунад. Ё раиси ҷумҳури оянда иштирок мекунад ва ё ҳам яке аз аъзои баландпояи давлат дар он нишаст иштирок мекунад."

Нишасти сарони Паймони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Валеси Бритониё баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар он Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва сарони кишварҳои дигари узви ин паймон ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG