Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври севуми марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 оғоз ёфт


23-юми июн даври севуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 оғоз ёфт. Ду бозӣ дар гурӯҳи А доир гардид.

Дар Франкфурт дастаҳои мунтахаби Швейтсария ва Олмон рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1. ба поён расид. Ба голи Дан Ндой (дақиқаи 28‑ум), бозигари тими Швейтсария, олмонӣ Никлас Фюллкруг дар замони ҷуброншуда (90+2) посух дод.

Ҳамзамон дар Штутгарт бозӣ миёни тимҳоии миллии Шотландия ва Венгрия (Маҷористон) сурат гирифт. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Маҷористон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро дар дақиқаи даҳуми замони ҷуброншуда ба нимаи дувуми дидор Кевин Чобот ба самар расонид.

Бояд зикр намуд, ки дар дақиқаи 68-ум ҳамлагари тими Маҷористон Барнабаш Варга дар задухӯрди ҳавоӣ бар асари зарбаи дарвозабони шотландӣ Энҷус Ганн ба сараш ҷароҳати вазнин бардошт. Футболбозро дар замбаре, ки ниқоби оксиген дошт, аз майдон берун бурданд.

Дар гурӯҳи А мунтахаби Олмон (7 имтиёз) ғолиб шуд. Швейтсария (5 имтиёз) мақоми дувумро касб кард. Ҳарду даста ба плей-офф баромаданд.

Мунтахаби Маҷористон (3 имтиёз) дар зинаи севум қарор гирифт ва шонси ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанро нигоҳ дошт. Аммо мунтахаби

Шотландия, ки бо як имтиёз ҷойи охиринро гирифт, аз ҳаққи иштирок дар даври баъдии мусобиқот маҳрум шуд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A

1. Олмон — 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо 8:2)

2. Швейтсария — 5 (5:3)

3. Венгрия (Маҷористон) — 3 (2:5)

4. Шотландия — 1 (2:7)

Олмон ва Швейтсария ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи B

1. Испания — 6 (4:0)

2. Италия — 3 (2:2)

3. Албания — 1 (3:4)

4. Хорватия — 1 (2:5)

Испания ба плей-офф баромад.

Даври севум: Хорватия — Италия, Албания — Испания.

Гурӯҳи C

1. Англия — 4 (2:1)

2. Дания — 2 (2:2)

3. Словения — 2 (2:2)

4. Сербия — 1 (1:2)

Даври севум: Англия — Словения, Дания — Сербия

Гурӯҳи D

1. Ҳолланд — 4 (2:1)

2. Фаронса — 4 (1:0)

3. Австрия — 3 (3:2)

4. Полша (Лаҳистон) — 0 (2:5)

Даври севум: Ҳолланд — Австрия, Фаронса — Полша

Гурӯҳи E

1. Руминия — 3 (3:2)

2. Белгия — 3 (2:1)

3. Словакия — 3 (2:2)

4. Украина — 3 (2:4)

Даври севум: Словакия — Руминия, Украина — Белгия

Гурӯҳи F

1. Португалия — 6 (5:1)

2. Туркия — 3 (3:4)

3. Чехия — 1 (2:3)

4. Гурҷистон — 1 (2:4)

Португалия ба плей-офф баромад.

Даври севум: Чехия — Туркия, Гурҷистон — Португалия

Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳамин тариқ, то ҳоло чаҳор дастаи мунтахаб – Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания аз гурӯҳи В ва Португалия аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромадаанд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон 14-уми июл дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия (Маҷористон), Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Полша (Лаҳистон), Ҳолланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

ДАВРИ АВВАЛ

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

Гурӯҳи D, Полша – Ҳолланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1

Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0

Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1

Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1

Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1

Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1

ДАВРИ ДУВУМ

Гурӯҳи B, Хорватия – Албания – 2:2

Гурӯҳи A, Олмон – Венгрия – 2:0

Гурӯҳи A, Шотландия – Швейтсария – 1:1

Гурӯҳи C, Словения – Сербия – 1:1

Гурӯҳи C, Дания – Англия – 1:1

Гурӯҳи B, Испания – Италия – 1:0

Гурӯҳи E, Словакия – Украина – 1:2

Гурӯҳи D, Полша – Австрия – 1:3

Гурӯҳи D, Ҳолланд - Фаронса – 0:0

Гурӯҳи F, Гурҷистон – Чехия – 1:1

Гурӯҳи F, Туркия – Португалия – 0:3

Гурӯҳи E, Белгия - Руминия – 1:0

ДАВРИ СЕВУМ

Гурӯҳи A, Швейтсария – Олмон – 1:1

Гурӯҳи A, Шотландия – Венгрия – 0:1

24 июн, душанбе:

Гурӯҳи B, 23:45, Хорватия - Италия

Гурӯҳи B, 23:45, Албания - Испания

25 июн, сешанбе:

Гурӯҳи D, 20:45, Ҳолланд - Австрия

Гурӯҳи D, 20:45, Фаронса - Полша

Гурӯҳи C, 23:45, Англия - Словения

Гурӯҳи C, 23:45, Дания - Сербия

26 июн, чоршанбе:

Гурӯҳи E, 20:45, Словакия - Руминия

Гурӯҳи E, 20:45, Украина - Белгия

Гурӯҳи F, 23:45, Чехия - Туркия

Гурӯҳи F, 23:45, Гурҷистон - Португалия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG