Дафтари САҲА дар Душанбе гуфт, 20 корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар шаҳри Бохтар дар як давраи серӯзаи омӯзишӣ кор бо сагҳои наҷотдиҳандаро омӯхтанд.
Ин давраи омӯзишӣ 24-уми май хотима ёфт. Дар ҷараёни он шеваҳои пешрафтаи ҷустуҷӯ ва наҷоти инсон бо кӯмаки сагҳо таълим дода шуд.
Қарор аст дар давоми соли ҷорӣ айни чунин давраи омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғ ҳам ташкил шавад.