Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари бастаи Ҳизби сотсиалистӣ ва утоқҳои сокити Ҳизби коммунист. Дар ситоди номзадҳо ба президентӣ чӣ мегузарад? ВИДЕО


Дар ситоди интихоботии номзадҳо чӣ мегузарад?

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи ситодҳои интихоботии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон рафтанд ва бубинед, чӣ диданд.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки бештари ситодҳои интихоботии номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон фаъол нестанд. Ҷӯшу хурӯш, рафтуои зиёди тарафдорон, ки хоси ситоди як номзад ба мақоми президентӣ аст, тақрибан дар ҳеч яке аз ситодҳо дида намешавад. Сабаби “оромӣ” ва ҳатто баста будани дари баъзе аз ситодҳоро раҳбарони ҳизб ба мулоқоти номзадҳову шахсони боэътимодашон бо интихобкунандагон рабт доданд. Вале нагуфтанд, ки дар ҳолати зарурӣ интихобкунандагон онҳоро аз куҷо пайдо кунанд ва варақаҳои таблиғотиву барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро чӣ гуна дастрас намоянд.

Дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр панҷ нафар – Рустам Латифзода аз ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҳизби сотсиалистӣ, Мироҷ Абдуллоев аз ҳизби коммунистӣ, Рустам Раҳматзода аз ислоҳоти иқтисодӣ ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби халқии демократӣ – номзад шудаанд.

СИТОДИ ҲИЗБИ АГРАРӢ

Ситоди интихоботии Рустам Латифзода, номзади Ҳизби аграрӣ дар ошёнаи севуми Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дар ду утоқ ҷойгир шудааст. Рӯзи 7-уми октябр хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ситод танҳо роҳбари дастгоҳи ҳизб ва яке аз ихтиёриёнро пайдо карданд. Каси дигаре дар ситоди ҳизб дида намешуд. Ҳангоми ворид шудан ба бино ва баромадан ба ошёнаи севвум ҳеч маълумоти роҳнамоикунанда ба ситод сабт нашуда буд.

Танҳо дар даромадгоҳи бино варақаи таблиғотии Рустам Латифзода насб шуда буд, ки дар нуқтаҳои дигари пойтахт низ дида мешавад. Дар ҳуҷраи тахминан панҷметрии ситоди аграриҳо асосан шиорҳои ҳизбӣ ва чанд акси номзад Рустам Латифзода дида мешуд. Дар поёни аксҳои Рустам Латифзода ҷое бо забони русӣ “Наш будущий президент” (Президенти ояндаи мо) навишта шуда буд. Часпондани пуфакҳои зиёд нишони он буд, ки масъулини ҳизб чанд рӯз пеш 15-солагии таъсиси ҳизби аграриро ҷашн гирифтаанд.

Бастаи варақаҳои таблиғотии ҳизби аграрӣ низ дар гӯшае мехобид ва масъулони ҳизб гуфтанд, имрӯз ихтиёриён онҳоро дар гӯшаҳои Душанбе паҳн мекунанд. Муин Абдусамадов, роҳбари дастгоҳи Ҳизби аграрӣ, мегӯяд, ба ҷуз аз ситод дар Душанбе, инчунин, дар марказҳои вилоятҳо низ ситодҳои интихоботӣ доранд.

Ба бовари Абдусамадов, онҳо муваффақ шуданд, ки номзади ин ҳизб ва барномаи ӯро ба мардум шинос кунанд. Масъули Ҳизби аграрӣ афзуд, онҳо дар тамоми кишвар 30 ҳазор варақаҳои таблиғотӣ паҳн кардаанд. Ҳизби аграрӣ соли 2005 таъсис шуда, дар порлумон феълан 7 курсӣ дорад. Дар ду интихоботҳои гузаштаи президентӣ номзадҳои ҳизб ширкат карда, бо раъйи кам мағлуб эълон шуданд.

Коршиносон ҲАТ-ро аз ҳизбҳои тарафдори ҳукумат ё ба истилоҳ “кисагӣ” меноманд, ки танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот ба саҳна ворид шудааст. Масъулони ҳизб ҳамеша ин гуна назарҳоро рад карда, гуфтаанд, онҳо ҳизби мухолиф ҳастанд.

СИТОДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТӢ

Ситоди Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар бинои ҳизб дар канори хиёбони марказии Душанбе ҷойгир аст. Феълан ҲХДТ ягона ҳизбе аст, ки бинои алоҳидаи худро дорад. Дар муқоиса ба ситоди номзадҳои дигар ситоди интихоботии ҳизби ҳоким фаъолтар ба назар мерасад. Ҳарчанд ҷӯшу хуруши зиёд дар инҷо низ дида намешавад. Ситоди ҲХДТ дар ошёнаи дуюми ин ҳизб дар толори маҷлисгоҳ ҷойгир шудааст.

Дар деворҳо дар баробари акси номзади ҳизб Эмомалӣ Раҳмон маълумот дар бораи чаҳор номзади дигар низ насб шудааст. Маълум нест, ҳадаф аз ин кор чӣ аст, ҳарчанд масъулони ҳизб гуфтанд, “онҳо акси номзадҳои рақибро ҳам мечаспонанд".

Дар ситоди ҲХДТ навбатдор менишаст, ки вазифааш посух додан ба зангҳои телефонӣ ва мактубҳо будааст. Абдураҳмон Хонзода, раиси дастгоҳи ҲХДТ, гуфт, ситоди ҳизбашон рӯзона 12 соат кор мекунад. Хонзода афзуд, дар минтақаҳо низ ситодҳои монанд ба ин фаъол шуда, ба таблиғи номзадии Эмомалӣ Раҳмон ва барномаи ӯ машғуланд. Ба ин хотир, ба гуфтаи ӯ, 20 ҳазор варақаи таблиғотӣ паҳн кардаанд. Дар китобхонаи дафтари марказии ҲХДТ бастаҳои зиёди варақаҳои таблиғотӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон меистод. Дар соате, ки мо дар онҷо будем, масъулини ҳизб бастаҳои зиёди варақаҳоро ба мошинҳо бор мекарданд.

Ҳизби ҳокими халқии демократӣ номзадии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дигарбора ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст. Мунтақидони ҳизб, ҲХДТ-ро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз имкониятҳои давлатӣ барои корзори таблиғотиаш истифода мекунад. Ҳарчанд масъулони ҳизб борҳо ин иддаоро рад кардаанд.

СИТОДИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТӢ

Ситоди интихоботии номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро дар яке аз гӯшаҳои назарногири шаҳри Душанбе пайдо кардем, аммо бо дари баста. Мушоҳида мешуд, ки азъои ситод хеле кам ба ин макон меоянд. Абдуҳалим Ғаффоров раиси ҳизб ва номзад ба мансаби президентӣ дар як тамоси телефонӣ гуфт, азбаски тамоми аъзои ситод дар мулоқот бо интихобкунандагон ҳастанд ва аз ин рӯй дари ситод баста аст.

Ӯ дар посух ба суоли он ки имкон надорад як нафар ҳам ситодро навбатдорӣ кунад, гуфт: “Як гурӯҳ дар Бадахшон ва гуруҳи дигар дар Душанбе ва Хатлон ҳастанд. Гуфтем, агар зарур шавад, бо телефон тамоми маълумотро ба журналистон медиҳем”.

Бо ин ҳол, маълум нест, шаҳрвандоне, ки мехоҳанд, аз ин ситод варақа ва адабиёти таблиғотӣ гирифтанӣ бошанд, ё ҳамчун ризокор ба кори ин ситоду ин номзад мадад расонданӣ бошанд, бояд куҷо раванд, бо кӣ дар тамос шаванд. Онҳое ҳам, ки дар ин наздикиҳо кору иқомат мекунанд гуфтанд: “Аъзои ситоди интихоботӣ гоҳ-гоҳе ба ин ҷо меоянд. Бисёри вақт онҳо инҷо нестанд. Як журналисти дигар ҳам омада буд, аммо инҷо касеро наёфт.”

Номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ба мақоми президенти Тоҷикистон бори севум пешниҳод шудааст. Ӯ дар ду интихоботи гузаштаи президентӣ ноком буд. Мухолифон Абдуҳалим Ғаффорови 69-соларо ба пуштибонӣ аз ҳукумати кунунӣ ва ҳизбашро барои, ба истилоҳ, "кисагӣ" будан танқид мекунанд, вале худи ӯ ин ҳамаро рад мекунад. Замоне ӯ раҳбарии як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро ба уҳда гирифт ва дертар Вазорати адлия онро ба расмият шинохт. Ин ҳизб ҳоло ҳудуди 23 ҳазор узв дорад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дари бастаи ситоди Ҳизби сотсиалистӣ ва утоқҳои сокити Ҳизби коммунист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

СИТОДИ ҲИЗБИ КОММУНИСТ

Ба фарқ аз ситоди номзади ҳизби сотсиалист ба мақоми раисиҷумҳур ситоди номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба мансаби президент дар қароргоҳи ин ҳизб дар кӯчаи марказӣ ҷойгир шудааст. Дарвозаи қароргоҳи ҳизб кушода аст, деворҳои дохили бинои ҳизб бо аксу нимпайкараҳои доҳии коммунистҳо, Ленин, фаъолони имрӯзаву гузаштаи коммунистҳо ва шиору навиштаҳо мунаққаш шудааст. Аммо аксари кулли дари утоқҳо баста буд, ҳатто дари ситоди номзад ба мақоми президент, ки дар утоқи раиси ин ҳизб ҷой доштааст.

Чанд узви ҳизб хабар доданд, ки Мироҷ Абдуллоев, раиси ҳизб ва номзад ба мансаби президент, дар минтақаҳои кишвар бо сокинон дар мулоқот аст. Мироҷ Абдуллоев 72-сола аст ва бори аввал ба ин мансаб пешбарӣ шудааст. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ яккаҳукмрон буд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ нуфузашро аз даст дод. Коршиносон мегӯянд, ин ҳизб кайҳо боз дар Тоҷикистон тарафдори зиёд надорад ва ҳукумат онро танҳо ба хотири гуногунрангии фазои сиёсӣ нигоҳ доштааст.

СИТОДТИ ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ

Замоне ки ба ситоди Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон расидем, раис ва номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз ин ҳизбро дар ситод танҳо ва машғули кор пайдо кардем. Рустам Раҳматзода гуфт, то поёни маъракаи таблиғотӣ соатҳои башумор доранд ва ҳашт шахси боэътимоди ӯ дар саросари кишвар муаррифии номзаду барномаҳои ӯро идома медиҳанд.

Худи ӯ барои анҷоми чанд суҳбат бо расонаҳо дар ситод будааст, вале ҳамеша ситодашон навбатдор дорад. Рустам Раҳматзода гуфт, ҳизби зери раҳбарии ӯ беш аз 31 ҳазор узв дорад, ки шаст дарсади онҳо ҷавонон ҳастанд.

"Ин навбат ҳам ба ҷавонон такя кардем. Дар интихоботӣ порлумонӣ низ ба ҷавонон такя карда будем, ки дар ин ҳолат 17 дарсади овозҳоро соҳиб шудем. Ин имкон дод, ки панҷ узви ҳизби мо вориди порлумон шаванд ва мо фраксия таъсис диҳем. Ҳоло ҷавонтарин вакил дар порлумон узви ҳизби мо аст", -- афзуд ӯ.

Раҳматзода мегӯяд, ҷуз аз ду ситод дар Душанбе дар маркази вилоятҳо низ ситодҳои интихоботӣ доранд. Рустам Раҳматзода бори аввал дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад, вале ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шуда, ҳоло узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумон аст. Дар интихоботи президентии солҳои 2006 ва 2013 раҳбари пешини ин ҳизб Олимҷон Бобоев иштирок карда, раъйи камтар ба даст оварда буд.

Дар ситоди интихоботии номзадҳо чӣ мегузарад, дар ин гузориши видеоӣ бинед:

Дар ситодҳои номзадҳо ба президенти Тоҷикистон чӣ мегузарад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

XS
SM
MD
LG