Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бозиҳои кишварҳои БРИКС Русия ғолиб, Тоҷикистон 17-ум шуд


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 5-уми варзишии кишварҳои БРИКС (BRICS Sports Games 2024), ки рӯзҳои 12-23-юми июн дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Русия доир гардид, 20 медал (3 нуқра ва 17 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои 5-уми варзишии кишварҳои БРИКС, дар мусобиқот беш аз 4700 варзишгар аз 90 кишвари олам иштирок карданд. Варзишгарон аз рӯи 27 намуд барои 387 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо 110 вазишгар шомил буд, ки дар мусобиқот аз рӯи 14 намуди варзиш ширкат варзида, дар чаҳор ришта – гуштии камарбандӣ (9 медал). кураш (7 медал), самбо (3 медал) ва ҷудо (1 медал) - гирифтанд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони 34 кишвар медал ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 16 давлат бо нишонҳои тилло сарфароз гаштанд.

Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам бо назардошти сифати онҳо дастаи мунтахаби Русия бо касби 502 медал (262 тилло, 141 нуқра ва 99 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард.

Мақоми дувумро мунтахаби Беларус бо касби 247медал (55 тилло, 85 нуқра ва 107 биринҷӣ) соҳиб шуд. Мунтахаби Чин бо касби 62 медал (20 тилло, 24 нуқра ва 18 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Узбекистон (17-39-58), Бразилия (7-20-23), Эрон (4-12-20), Озарбойҷон (4-9-21), Ҳиндустон (3-6-20), Қирғизистон (2-11-38) ва Қазоқистон (2-10-17) дохил шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 20 медал (3 нуқра ва 17 биринҷӣ) ҷойи 17-умро ишғол кард.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бо 20 медал (бидуни нишони тилло) пас аз Узбекистон (114 медал, 17-тоаш тилло), Қирғизистон (51 медал, дутоаш тилло) ва Қазоқистон (29 медал, дутоаш тилло) ҷойгир шуд. Туркманистон дар ин бозиҳо ҳузур надошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG