Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антонио Гутерриш ба Тоҷикистон сафар мекунад


Раҳбари СММ Антонио Гутерриш бори охир ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2017 сафар карда буд. Акс аз мулоқоти ӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 11 июни соли 2017
Раҳбари СММ Антонио Гутерриш бори охир ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2017 сафар карда буд. Акс аз мулоқоти ӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 11 июни соли 2017

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи 29-уми июн ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи 29-уми июн ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад ва қарор аст дар ҷараёни ин барномааш аз Тоҷикистон ҳам дидан кунад.

Дар ин бора рӯзи шанбе вебсайти хабарҳои СММ бо такя ба дафтари матбуоти ин ниҳод хабар додааст. Дар ҳар кишвар ӯ бо раҳбарони ин кишварҳо дидор мекунад ва асосан бо ҷараёни иҷрои тарҳҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ошно хоҳад шуд.

Мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дар назар аст. Боздиди Гутерриш аз минтақа аз шаҳри Тошканд шурӯъ мешавад. Рӯзи 4 июл ӯ дар Остона дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG