Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прага Ислом Каримовро қабул накард


Мақомоти Ҷумҳурии Чех мегӯянд, сафари раисиҷумҳури Узбакистон ба Прага ба далели "оғози таътилоти баҳорӣ" дар ин кишвари аврупоӣ ба таъхир афтод.

Матбуоти Чехия рӯзи 13 феврал хабар дод, ки сафари ҳафтаи ояндаи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ба Ҷумҳурии Чех ба муҳлати номаълум ба таъхир гузошта шуд. Рӯзномаи чехии "Respekt" аз қавли вазири хориҷаи Чехия Любомир Заоралек низ хабари лағви сафари Каримовро тасдиқ кардааст. Заоралек гуфтааст, ин сафар ба таъхир гузошта шуд.

Ҳинек Кмоничек, муовири раисиҷумҳури Чехия Милош Земан ба бахши узбакии Радиои Озодӣ дар шарҳи сабабҳои ба таъхир гузоштани сафари Каримов гуфт: "Сабаб тағйирот дар барнома аст, чунки ин дар замони таътилоти баҳорӣ иттифоқ меуфтод. Тамоми нафароне, ки мо интизор доштем, ҳузур надоранд ва ин ба маъноест, ки мо тавони ба барномаи даровардани хӯроки шом бо сарвазир (Боҳуслав Соботка)-ро надоштем, чунки сарвазир он рӯзҳо нест. Ҳамин тавр, 5 ё 6 вазире, ки бояд созишномаҳои дуҷонибаро бо Узбакистон имзо кунанд, ҳузур нахоҳанд дошт."

Кмоничек аз гуфтани кадом таърихи нави боздиди Каримов аз Прага худдорӣ кард: "Ман инро гуфта наметавонам, чунки ҷадвали кори раиси Ҷумҳурии Чех хеле шадид аст ва пайдо кардани фурсат каме сахттар аст. Мо, албатта, тамоми кӯшишамонро ба харюҷ хоҳем дод, ки ягон таъхири имконпазирро биёбем."

Кмоничек гуфт, зимни ин сафар бояд то 12 созишнома имзо шуд. Сухангӯи президенти Чехия Йиржи Овчачек гуфт, ҷониби Чехия мехост ин созишномаҳо ба маблағи умумии 16 миллиард крон(789 миллион доллар) бо Узбакистон дар сатҳи поёнтари дипломатӣ имзо шавад.

Ҳеник Кмоничек гуфт, эътирози ҳомиёни ҳуқуқ дар таъхири сафари Каримов нақши мустақим надошт: "Агар ин ба қарор таъсире дошта бошад, ман ин таъсирро танҳо дар мавриди шаҳрдори Прага (Томас Ҳудечек) мебинам. Чунки ман медонам, ки ҷониби Узбакистон аз шаҳрдори Прага розӣ набуданд. Онҳо ибтидо розӣ буданд, ки барномаи сафари ҳайати Узбакистонро иҷро кунанд. Вале банохост дастнорас шуданд. Баъдан банохост муовини шаҳрдор, ки барои мулоқот бо ҳайати Узбакистон розӣ шуд, низ дастнорас шуд. Ва ба ин далел тағйироти зиёде инҷо пеш омад, ки бояд ба ҷониби Узбакистон бифаҳмонем."

Ин нахустин мавриди бо баҳонаҳои дипломатӣ мавқуф гузоштани сафари расмии Ислом Каримов ба як кишвари Аврупост.

Ғарб баъди саркӯби ошӯбҳои Андиҷон дар баҳори соли 2005 алайҳи давлати Каримов таҳримот ҷорӣ кард ва аз он замон ба ин тараф раисиҷумҳури Узбакистон танҳо ду дафъа ба Аврупо сафари расмӣ кардааст - дар соли 20011 ба қароргоҳи НАТО дар Брюссел ва дар моҳи октябри соли 2013 ба Латвия.

Даъвати ӯ барои боздид аз Ҷумҳурии Чех, ҳарчанд сафари ҷавобӣ баъд аз боздиди ҳанӯз 10 сол пеши раисиҷумҳури собиқи Чехия Васлав Клаус аз Тошканд буд, ба вокуниши тунди ҳомиёни ҳуқуқ рӯбарӯ шуд. Онҳо Милош Земан ва мақомоти дигари Чехияро интиқод карданд, ки чигуна як ҳоким худкомаро барои боздиди расмӣ ба як кишвари аврупоии пойбанд ба арзишҳои демократӣ даъват кардаанд.

Прага ба дунбол маҷбур шуд, ташреҳ диҳад, ки Каримов ҳанӯз аз сӯи раисиҷумҳури собиқи Чехия Васлав Клаус, ки дар соли 2004 аз Узбакистон дидан карда буд, даъват шудааст ва раисиҷумҳури кунунӣ Милош Земан мулзам аст, ӯро ба ҳайси раҳбари кишвар бипазирад.

Аммо дар ҳафтаи гузашта, вақте гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқ бо як номаи саркушода ба Земан муроҷиат карданд, ӯ дар посух ҳомиёни ҳуқуқро ба пахши маълумоти ғалат айбдор кард.

Ҳуқуқи башар ё Каримов? Земан дар ростои интихоб

Ҳудудан 32 созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар як номаи саркушода аз раисҷумҳури Чехия Милош Земан талаб кардаанд, ки даъвати Ислом Каримовро ба ин кишвари аврупоӣ бознигарӣ кунад. Аммо Земан рӯзи 12 уми феврал, дар камтар аз якшабонарӯз ба ин дархост посух дод ва ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ба пахши иттилооти ғалат муттаҳам кард.

Андрей Штройляайн аз созмони Ҳюман Райтс Вотч, ки дар зери номаи саркушода имзо гузоштааст, мегӯяд, аҷалаи Земан ва лаҳни хашмини посухи ӯ ҳайратовар буд. “Ин кор ба андозае зуд анҷом шуд, ки бояд ба суръати он қоил шуд. Аммо муҳтавояш боиси дилсардӣ буд. Ин посух сатҳи ноогоҳӣ аз ончиро ки дар атрофи Узбакистон дар сатҳи байналмилалӣ мегузарад, ба намоиш гузошт,” – гуфт Андрей Штройляйн.

Доираҳои наздик ба президенти Чехия мегӯянд, ки сафари Каримов, дар таърихи 21 то 24 уми ферал, як таҷрибаи умумӣ аст, ки дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои ҷонибҳо анҷом мешавад. Ҳамчунон ки сафари президенти собиқ Ватслав Клаус соли 2004 дар Узбакистон баргузор шуда буд.

Инзивои баъди Андиҷон

Аммо фаъолони ҳуқуқи инсон ин тавҷеҳро напазируфтанд ва гуфтанд, ки сафари Клаус як сол қабл аз хунрезиҳои Андиҷон, ки дар он садҳо аз аҳолии мулкӣ кушта шуданд, ҷараён гирифт. Баъди ин Ислом Каримов дар Ғарб мақоми “рондашуда”-ро гирифт ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Узбакистон таҳримот ҷорӣ кард. Баъди хунрезиҳои Андиҷон, ки дар он нирӯҳои ҳукуматӣ алайҳи тазоҳургарони бесилоҳ оташ кушоданд, сафарҳои Каримов ба Аврупо шадидан коҳиш ёфтанд. Дар ин муддат ӯ танҳо соли 2013, дар нишасти Латвия оиди хурӯҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки дар он Узбакистон низ нақш хоҳад дошт, иштирок кард. Ду соли пеш Каримов дар як нишасте дар Брюссел ҳузур дошт ва танҳо ду нафар - раиси Кумиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва сарвари НАТО Андрес Фог Расмуссен розӣ шуданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд.

Хинек Кмоничек, мушовири Милош Земан мегӯяд, раисиҷумҳур аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон огоҳ аст ва метавонад дидор бо Каримовро барои баррасии ҳамин масоил истифода кунад. “Президент Каримов, президенти Узбакистон аст. Президентҳо бо президентҳо ҳарф мезананд. Мо бояд ин тавонро дошта бошем, ки бо инсонҳо ҳарф бизанем, сарфи назар аз он ки мо дар баъзе масоил комилан бархӯрди дигар дорем. Охир чӣ тавр мешавад масъалаҳоро ҳал кард, вақте бо як инсон ҳарф назанӣ? Агар напурсӣ, ҷавоб ҳам намегирӣ,”- гуфт мушовири президенти ҷумҳурии Чех.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки “дипломатияи нав”-и чехҳоро бартарӣ додан ҳамкориҳои иқтисодӣ унвон мекунанд.

Қарор аст, ки дар мулоқоти Каримов бо Земан як идда қарордод, аз ҷумла созишномаи барқарор кардани роҳҳои ҳавоӣ байни ду кишвар ва додани раводид ба шумори рӯ ба афзоиши талабгорони таҳсил дар Чехия баррасӣ шавад. Аммо гуфта мешавад, ки гуфтугӯҳои тиҷоратӣ дар маркази нишаст қарор хоҳанд дошт. Земан мехоҳад равобитро бо ин кишвари ғанӣ аз захоири энержӣ мустаҳкам кунад.

Феълан гардиши мол дар байни ду кишвар хеле хоксорона буда, то 90 миллион долларро дар бар мегирад. Матбуоти ҷуҳмурии Чех имзои созишномаҳое бо маблағи аз 10 то 50 миллион долларро дар ҷараёни сафари Каримов пушгӯӣ мекунад.

Милош Земан аз замони интихобаш ба сифати раисиҷумҳур ҳамеша ҷонибдори равобити наздик бо шарикони шарқиаш буд. Ин сиёсати ӯро баъзе мунтақидон ҳамчун “дипломатияи нав”- ҷумҳурии Чех унвон кардаанд, ки дар он манофеъи иқтисодӣ болотар аз ҳуқуқи инсон қарор дорад.

Рӯзноманигори масоили сиёсӣ дар Прага, пойтахти Чех Ярослав Плесл мегӯяд, гумон намеравад, ки рӯйхати зиддунақизи меҳмонони Земан, бо шумули Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ва Виктор Янукович, раисҷумҳури Украина чехҳоро, ки аз талошҳои Земан барои такягоҳҳои иқтисодӣ дар қаламрави собиқ шӯравӣ пуштибонӣ мекунанд, зиёд нороҳат кунад.

“Земан сиёсати худро ба самти Шарқ равона кардааст ва то замоне дар қудрат бошад, аз ин сиёсат пайгирӣ мекунад ва дар бозори кишварҳои АвроОсиё ҷйи по меҷӯяд,”- мегӯяд Ярослав Плесл.
XS
SM
MD
LG