Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД – Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, як эътилофи амнитяӣ, ки 6 кишвари пасошӯравиро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад, гуфт, фикр намекунад, ошӯби ахири генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим “рӯйдоди ҷиддие бошад, ки кадом ҳаводиси манфиро дар Тоҷикистон ба дунбол биорад.”
Бордюжа, ки рӯзи 18 сентябр бо шабакаи телевизионии “Россия 24” сӯҳбат мекард, гуфт, даргириҳои мусаллаҳона байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи генерал Назарзода боиси бесубот шудани вазъ дар Тоҷикистон нагардиданд. Ӯ афзуд: “Ман масъалаи марбут ба бандаеро, ки ахиран хунсо карданд, ҷиддӣ намегирифтам. Ман мефаҳмам, ки чӣ рух дод. Вале ман фикр намекунам, ки мо битавонем ин амалҳо, аз ҷумла амалҳои генерал Назарзодаро ҳамчун кӯшиши табаддулоти давлатӣ ваё бесубот кардани вазъ дар Тоҷикистон маънидод кунем. Ман фикр намекунам, ки ин як рӯйдоди хеле ҷиддие бошад, ки битавонад кадом ҳаводиси манфиро дар Тоҷикистон ба дунбол дошта бошад. Вазъ дар онҷо ба қадри кофӣ босубот аст.”
Сӯҳбатҳои Николай Бордюжа дар бораи ҳаводиси ахири Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар рӯзи 16 сентябр бо эълони хабари ҳалокати генерал Абдуҳалим Назарзода ва 12 нафари ахир аз ёрони ӯ гуфтанд, ки амалиёт дар дараи Ромит алайҳи ин гурӯҳи саркаш анҷом ёфтааст.
Амалиёт алайҳи гурӯҳи Назарзода субҳи 4 сентябр дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе оғоз ёфт. Мақомот мегӯянд, тайи 12 рӯзи ин амалиёт аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев, ва аз тарафи муқобил 27 нафар кушта шуда, 139 тани дигар бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, алайҳи 100 нафар аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.
Николай Бордюжа ҳамчунин дар робита ба сабабҳои ошӯби ахири генерал Назарзода гуфт, дар Тоҷикистон таъсири нирӯҳое мушоҳида мешавад, ки “аз даст додани ин кишварро таҳаммул накардаанд.” Ӯ дар ин робита гуфт, “дар солҳои 90 Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин амал мекард, ки фикр мекард, Тоҷикистон алакай дар ҷайбаш аст.” Дабири кулли СПАД ҳамчунин таъкид кард, ки дар ин авохир дар Осиёи Марказӣ таъсири созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳам меафзояд.
Ин изҳороти намояндаи баландмақоми СПАД тақрибан такрори баёнияҳои ахири мақомоти Тоҷикистон аст, ки дар ошӯби генерал Назарзода раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумлаи раиси ин ҳизб Муҳиддини Кабириро айбдор мекунанд. Дар пайи кушта шудани генерал Назарзода 13 тан аз раҳбарони аршади ҳизби наҳзат, бо шумули ду муовини Кабирӣ – Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳаит - дастгир шудаанд.