Дар оромгоҳи деҳаи Навбаҳори ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ рӯзи 17 сентябр маросими хоксупории фармондеҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ Рустам Амакиев баргузор шуд. Полковники 41-сола дар амалиёти зидди афроди мусаллаҳи марбут ба генерал Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит шоми 15 сентябр кушта шуд. Дар маросими дафни ӯ садҳо нафар, аз ҷумла раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода иштирок карданд. Як тан аз зердастони Рустам Амакиев гуфт, ки "полковник аз тири снайпери номаълум дар ҳоле кушта шуд, ки гурӯҳи мусаллаҳро дар самти Харангони Варзоб таъқиб мекард".
Рустам Амакиев соли 1974 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, оиладор ва соҳиби як фарзанд буд. Соли 1997 Донишгоҳи ҳарбии фармондеҳии нирӯҳои десанти ҳавоии шаҳри Рязани Русияро хатм кардааст. Аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон медали "Ҷасорат", "Шараф", дараҷаи 2 ва барои хизмати шоиста қадрдонӣ шудааст.
Низомии дигар, ки дар ҷараёни даргирии шаби 15 сентябр кушта шуд - сарбози 20-сола Абдулаҳад Кабиров, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар аст. Дар изҳороти расмии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар баробари Амакиев инчунин се нафар хизматчиёни ҳарбии ОМОН-и ВКД ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Шоми 16 сентябр мақомоти тоҷик дар бораи анҷоми амалиёти 12-рӯза алайҳи гурӯҳи генерал Назарзода хабар доданд. Дар он амалиёт худи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва боз 11 ҳаммаслаки ӯ кушта шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон, ки дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, рӯзи 17 сентябр раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро дар ташкили гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода ва кӯшиши баҳам задани амнияти Тоҷикистон гунаҳгор кард. Дар чаҳорчӯби ин иттиҳомот 13 узви баландпояи ҲНИТ дар як рӯзи ахир боздошт шудаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъди ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳи Назарзода болои ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи милиса дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 сентябр, ки 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро кушта бар ҷой гузошт, бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.
Муҳиддин Кабирӣ иттиҳомоти додситонии куллро комилан рад кард ва иртиботи генерали шӯриширо бо ҲНИТ беасос номид.
Видео: Фармондеҳи "Алфа"-ро дар зодгоҳаш дафн карданд