Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаҳвора хатар доштаст. Бозори "памперс" гарм мешавад. ВИДЕО


Бо он ки чанд насл дар Тоҷикистон дар гаҳвора бузург шудааст, ҳоло ин баҳс ба миён омадааст, ки то куҷо бастани кӯдак дар гаҳвора дуруст аст?

Гаҳвораро модарони тоҷик як ҷойи хоби амн ва роҳатбахш барои кӯдакон медонанд. Аммо ҳоло на ҳамаи модарони ҷавон мехоҳанд, ки кӯдакони худро дар гаҳвора бузург кунанд. Онҳо ба ин боваранд, ки кӯдак дар гаҳвора наметавонад ҷисман хуб рушд кунад ва ин ба сиҳатиаш зарар дорад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Баҳси нав. Кӯдаконро дар гаҳвора бандем ё набандем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Бе гаҳвора мушкил буд ва ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Аз замин боло ва гарм аст. Аз ҳама муҳим ин аст, ки кӯдак ором мехобад.
Зайнаб

Парпеч кардани кӯдак ва истифодаи гаҳвораро, ки аз дастёри аслии модарони серкори тоҷик ва як ҷойи гарму хуб барои кӯдак дониста мешуд, тибби нав акнун зиёд тавсия намедиҳад. Дар зоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзи ба дунё омадани кӯдак ба модарон усулҳои нави нигоҳубини навзод фаҳмонда мешавад. Муҳаббат Саъдуллова, момодоя дар зоишгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи 14 сентябр гуфт, “ҳоло дигар ба мо печонидани кӯдак мумкин нест. Бояд озод бошанд."

Ба Таҳмина, ки ахиран дар зоишгоҳи рақами яки пойтахт фарзанди нахустини худро ба дунё овард, усулҳои нав писанд аст. Ҳарчанд худаш дар гаҳвора бузург шудааст, аммо ният дорад, ки фарзандашро рӯйи катҳои махсуси кӯдакона ва бо дасту пойи озод бузург кунад. Вале барои ин бояд ӯ бо модар ва модарарӯсаш як муддат вориди баҳс шавад. “Мегӯянд, кӯдакро ба гаҳвора бандӣ, вале намехоҳам дар гаҳвора хобад. Озод бошад дар кати кӯдакона. Вақте ман ӯро парпеч кунам, бетоқатӣ мекунад, вақте бо либос озод мемонам, роҳат хоб меравад”, – гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон бо тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз усулҳои нави нигоҳубини кӯдак кор гирифта мешавад. Шералӣ Раҳматуллоев, як масъули Вазорати тандурустӣ мегӯяд, парпеч кардан ва умуман бастани кӯдак соатҳои дароз дар гаҳвора ба рушди ҷисми ӯ зарар мерасонад ва метавонад, ки ба камвазнӣ ва қадпастӣ оварда расонад.

Ӯ гуфт, “замоне ки касе гаҳвораро ихтироъ кардааст, шояд зарурат буд. Мардуми дигар ҳам як намуд кат доранд, ки кӯдакро дар он ба воя мерасонанд. Ман зидди гаҳвора нестам. Ман зидди он ҳастам, ки бисёр модарону хоҳарони мо соатҳои дароз кӯдакро дар гаҳвора нигоҳ медоранд. Агар одамони калонсолро дасту пояшонро баста, 6-8 соат дар гаҳвора нигоҳ доранд, чӣ мешавад?»

Шералӣ Раҳматуллоев
Шералӣ Раҳматуллоев

Дар воқеъ, баъзан ҷавонон аз шакли сари худ ва иллатҳои дигари ҷисмашон норозигӣ карда, гаҳвораро сабабгор медонанд, ки соатҳо дар он нигоҳ дошта шудаанд. Ба гуфтаи муттахассисон, ҳоло махсусан дар шаҳрҳо кӯдакон зиёд дар гаҳвора бузург намешаванд ва занон ҳам ба шеваи озод гузоштани кӯдак бартарӣ медиҳанд. Вале модарон дар шароити маҳдуди рустоҳо, махсусан дар фасли сармо, гаҳвораро ягона илоҷи хушку гарм нигаҳ доштани кӯдак медонанд. Маҳз ба ин хотир гаҳвора ба гуфтаи онҳо барои модарон дастёри беминнату беҳтарин аст.

Зайнаб, модаре, ки 5 фарзандро дар гаҳвора бузург кардааст, мегӯяд, маҳз гаҳвора буд, ки ӯ тавонист як ҳавлии калонро саришта ва 5 кӯдакро солим ба воя расонад. "Бе гаҳвора мушкил буд ва ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Аз замин боло ва гарм аст ва аз ҳама муҳим ин аст, ки кӯдак ором мехобад", - мегӯяд Зайнаб.

Шералӣ Раҳматуллоев, маъсули Вазорати тандурустӣ бо нигаронӣ аз вазъ дар рустоҳо мегӯяд, модарон дар истифодаи гаҳвора аз як тартиби муайян кор бигиранд. Ба таъкиди ӯ кӯдак ҳатман ҳангоми шир додан бояд аз гавҳора берун оварда шавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҷунбонидани гаҳвора мумкин нест.

Ҷонибеки Асрориён
Ҷонибеки Асрориён

Баҳсҳо сари истифода аз гаҳвора ва тарғиби усулҳои наву берун аз гаҳвора хобондани кӯдак дар ҳолест, ки мардумшиносони тоҷик мегӯянд, гаҳвора таърихи беш аз 1000-сола дорад ва он қаблан дар шакли арғунчак вуҷуд дошт. Ҷонибеки Асрориён, мардумшиноси тоҷик, гуфт, ҳар як ҷузъи гаҳвора ҳикмати худро дорад ва безарару бехатар аст.

Бо ҳама ин баҳсҳо Асрориён эҳтимоли аз байн рафтани гаҳвораро, ки ҷузъе аз анъанаҳои миллии Тоҷикистон аст, рад мекунад. Бо вуҷуди пешрафти илму техника ва ба бозор баромадани даҳҳо намунаи арғунчаку катҳои хоб барои кӯдакон бозори гаҳвора ҳанӯз ҳам сард нест ва ҳанӯз ҳам маросими марбут ба гавҳора мисли гаҳворабандону гаҳворабарон дар Тоҷикистон роиҷ ҳастанд ва ҳифз мешаванд.

XS
SM
MD
LG