Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми омилони марги Фирдавс Раҳматов


Фирдавс Раҳматов.
Фирдавс Раҳматов.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе низомиро дар лату кӯбу марги сарбоз Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум кард.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифоъ рӯзи 2 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд рӯзи гузашта ҳукми худ дар нисбати муттаҳамон дар ҳодисаи куштори сарбоз Фардавс Раҳматовро эълон кард.

Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, сержант - Раббонӣ Сулаймонов ба 18 сол, сержант - Комрон Раҳимов ба 17.5 ва сарбози қаторӣ - Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум шуданд. Дар охирин мурофиа, айбдоркунандаи давлатӣ барои сержант Раббонӣ Сулаймонов 20 сол, сержант Комрон Раҳимов - 19 сол ва сарбози қаторӣ Айём Назаров 18 соли зиндон талаб карда буд.

Фирдавс Раҳматов дар қисми ҳарбии 04080 Вазорати дифои Тоҷикистон дар Конибодом хизмат мекард. Ӯ 7 майи соли 2015 ба хизмат даъват шуд ва расо баъди як моҳаш – рӯзи 7 июн ҷасадаш ба волидонаш супурда шуд.

Бо шикояти волидайни вай додситонии ҳарбии Суғд пас аз таҳқиқи аввалия 3 кӯҳнасарбози ҳамхидмати Раҳматовро дар лату кӯбу марги вай айбдор донист ва парвандаи ҷиноӣ боз кард. Тафтишот мегӯяд, ин низомиён Фирдавс Раҳматовро то мурданаш латту кӯб кардаанд. Ин се нафар аз замони тафтиш дар аввалҳои моҳи июни соли равон ба ҳабси пешакӣ қарор доштанд.​

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд.

Дар вилояти Суғд моҳҳои июн-июли соли равонро аз давраҳои вазнинтарин меноманд, чун дар ин муддат якбора чор ҷасади сокинони маҳаллӣ аз артиш ба хона оварда шуд. Сабаби ин ҳодисаҳо ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш ва мавриди лату кӯб қарор гирифтани навсарбозон аз ҷониби кӯҳнасарбозон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG