Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон, 5 тан аз сокинони ин ноҳия ва шаҳри Хуҷандро тибқи ду банди Кодекси ҷиноӣ -- “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” ва “Барангехтани кинаву адовати динӣ” гунаҳкор донист ва барои ду сол равонаи зиндон кард. Ҳашт тани дигар танҳо аз рӯи банди аввал аз сӯи додгоҳ айбдор дониста шуданд ва ҳар кадом бо пардохти 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, раҳо шуданд.
Вакилони дифои 5 гумонбар ба пайравӣ аз равияи “Салафия" гуфтанд, ки зерҳимояҳояшон дар ҷараёни мурофиаи додгоҳи мансуб ба ин гурӯҳ будани худро эътироф карданд, вале гуфтаанд, онҳо ба кору амалҳои барангезандаи “кинаву адовати динӣ”, даст назадаанд. Инҳо ҷавонони аз 20 то 30-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд буда, умдатан дар бозорҳои маҳаллӣ тиҷорати хурд доштанд.
Сафаралӣ Маҳсиддинов, вакили дифои ду нафар аз ин гурӯҳ, ки алайҳи онҳо ба ҳайси раҳбарони ин гурӯҳ тибқи ду банд айб пешниҳод шуд ва барои ду солӣ ба зиндон маҳкум шуданд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояҳояш ва шарикони онҳо дар толори мурофиаи додгоҳӣ пайрави равияи Салафия будани худро эътироф карданд, вале барангехтани кинаву адовти мазхҳабиро рад намуданд:
“Онҳо мегӯянд, ки дар ҳақиқат таҳсил карда, бо ақидаҳои равияи Салафия ошно шудаанд. Вале ягон амале, ки боиси сар задани кинаву адоватҳои милливу динӣ байни мардум мегардад ё дар ҷомеа ҷангу ҷанҷол ба вуҷуд меорад, ба ин гуна амалҳо даст назадаанд. Онҳо гуфтанд, ки фақат дар намозхонӣ каме фарқ доштанд, риш мондаанд ва шими кӯтоҳ пӯшида, қадамҳояшонро васеътар гузошта, намоз мехонданд.”
Ба гуфтаи манобеъ аз додгоҳи Ғафуров, 3 нафар аз ин гурӯҳ дар Арабистони Саъудӣ таҳсил карда, дигар шарикони худро таълим додаанд. Ба гуфтаи вакили дифоъ Сафаралӣ Маҳсидинов, яке аз зерҳимояҳояҳои вай низ дар Саудӣ таҳсил дошт, вале баъд аз даъвати мақомоти Тоҷикистон, тарки таҳсил кард ва ба ватан баргашт.
Онҳо аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар моҳи январ дастгир шудаанд ва замони тафтиши парванда танҳо 3 нафари онҳо дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешуданд ва дигарон ба шарти берун нарафтан аз маҳали зисти худ, дар озодӣ қарор доштанд .
Муҷозоти ин гурӯҳи 13-нафарии мансуб ба равияи Салафия дар ҳолест, ки аввали ҳафтаи гузашта додситони вилояти Суғд муовини имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров домулло Искандар Фиробҷанов ва панҷ тан аз сокинони ин ноҳияро бо моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 (фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ) айбдор кард ва парвандаи онҳоро барои муҳокима ба додгоҳи вилоятӣ ирсол дошт.
Аввали ин ҳафта Сангинмурод Ҳакимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов зимни мулоқот бо фаъолони ин ноҳия дар ҳузури ҳудуди 500 нафар кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва сокинон масъулони умури дин, ба хусус аз имом хатибони ноҳия даъват кард, то он афродеро, ки "намозро ба тарзи дигар мехонанд" ва "байни намозгузорон тариқа эҷод мекунанд", зери назорат бигиранд ва барои ислоҳи вазъ бикӯшанд.
Равияи Салафия дар соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд ва дар соли 2014 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин гурӯҳро, созмони террористӣ эълон кард.