Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва раиси мурофиаи ин парванда ба радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ рӯзи 19-уми феврал Исроил Қодиров ва Асанбек Давлатмамадов, мардикорони мардикорбозори маҳаллаи “Гулистон”-и Хуҷандро ба қатли Мунирхон Хоҷаев, муовини декан ва мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 14-солӣ ба зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Додгоҳ ин дуро бо ҷурмҳои “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги зарардида шудааст” ва “раҳзанӣ”, мутобиқи бандҳои 110 ва 249 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор донист.
Ба гуфтаи додгоҳ, маҳкумшудаҳо гуфтаанд, ки бегоҳи 4–уми ноябри соли 2013, ки онҳо аз мардикорӣ ба ҳуҷраи иҷораи худ бармегаштанд, дар маҳаллаи “Гулистон”–и Хуҷанд Мунирхон Хоҷаев, муовини декан ва мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд онҳоро гӯё боздошт карда ва бо нишон додани шаҳодатномаи сурхе ба ҷойи торику хилваттар мебарад ва ҳардуро зери пурсуҷӯҳои беасосу дашному таҳқир мегирад. Бино ба иддаои Қодиров ва Давлатмамадов, онҳо пай мебаранд, ки Хоҷаеви дар ҳолати мастӣ қарордошта корманди мақомоти қудратӣ нест ва ӯро зери мушту лагад мегиранд. Гуфта мешавад, Хоҷаев шаҳодатномаи кории худро ба Қодиров ва Давлатмамадов нишон дода, онҳоро таҳдид кардааст. Пулис субҳи рӯзи дигар ҷасади Хоҷаевро бо захмҳои зиёд дар канори роҳ дарёфт кардааст.
Замони боздошти ин нафарон дар шаҳри Исфара, кормандони пулис телефони ҳамроҳ ва палтои муаллим - Хоҷаевро дарёфт карда буданд. Онҳо дар шаҳри Исфара, ки баъди лату кӯби муаллим он ҷо фирор карда буданд, 90 сомонӣ пули аз ҷайби Хоҷаев рабудаашон ва маблағи аз фурӯши телефони мобили ӯ ба даст овардаашонро сарфи майнӯшӣ кардаанд. Маҳкумшудаҳо дар толори додгоҳ гуфтаанд, ки қасди куштани Хоҷаевро надоштанд. Аз ин рӯ, баъди он ки Хоҷаев аз зарбу латашон аз ҳуш рафт, хавотир шуда, аз телефони ҳамроҳи вай ба ҳамсару фарзандаш занг задаанд, ки ӯро ба манзилашон баранд.
Додгоҳи Хуҷанд дар бораи афроди муттаҳам ба қатли муаллими донишгоҳ мегӯяд, ки Исроил Қодиров, сокини вилояти Хатлон 34 сол ва Асанбек Давлатмамадов, сокини вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 сол дошта, ҷойи кори доимӣ надоштанд ва дар Хуҷанд бо мардикорӣ рӯзӣ ба даст меоварданд.
Давлатмамадов оиладор буда, дар зодгоҳаш ҳамсару ду фарзанд доштааст ва мақомоти маҳаллӣ бо ироаи хислатномае шахсияти ӯро дорои хислатҳои бад арзёбӣ кардаанд.
Қатли муовини декани факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд миёни ҳамкасбонаш ва сокинони дигар сару садоҳои зиёдеро дар пай дошт.
Мақомоти пулиси Суғд ба думболи ҳодиса гуфта буданд, ки қатли Хоҷаев ба фаъолияти касбии вай дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рабте надорад.