Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Банкир"-ҳо пулҳои "Амонатбонк"- ро ба яғмо бурданд


Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа як масъули «Амонатбонк»-ро бо ҷурми тасарруфи қариб 1,5 миллион сомонӣ ба 6 сооли зиндон маҳкум кард.

Раҳмат Қосимов, муовини раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа, ки раисии мурофиаи мазкурро ба зимма дошт, гуфт, Салим Бобоев, мудири таҳвилхонаи амалиётҳои намояндагии «Амонатбонк» дар вилояти Хатлон, 14 соли охир дар дафтари бонки давлатии амонатгузорӣ ифои вазифа карда, «ба сохтакории хизматӣ, тасарруфи молу мулки боваркардашуда ва азхудкунии пулу моли ба тариқи кредит додашуда машғул гардида», қариб 1,5 миллион сомонии «Амонатбонк»-ро ба яғмо бурдааст.

Додситонии шаҳри Қӯрғонтепа, ки тафтиши парвандаи мазкурро ба дӯш доштааст, гуфт, кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла бонкҳои давлатӣ, тибқи қонун, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолиятҳои соҳибкориро надоранд, аммо Салим Бобоев бар хилофи манфиатҳои хизматиаш амал карда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бидуни номнавис шудан дар нозироти андоз ва бе пешниҳоди бизнес-план, ғайриқонунӣ «барои фаъолияти соҳибкорӣ»-аш аз филиали №42-и Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» қарзи кӯтоҳмуддат ба маблағи 800 000 сомонӣ, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.

Муфаттишони парванда мегӯянд, Салим Бобоев дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Румӣ бо сарфи ним миллион сомонӣ маблағи «Амонатбонк» барои худ манзили истиқоматии пуршукуҳ сохтааст.

Ғайр аз ин, хазинадори бонки мазкур наздики 300 ҳазор сомонии дигарро низ тасарруф карда, ба одамони гуногун «қарз» медодааст.

Ҳоло ҳукми додгоҳ алайҳи Салим Бобоев, ки ҳамчунин ба пардохти ҷаримаи ҳангуфте ҳам маҳкум шудааст, нерӯи қонунӣ нагирифтааст ва нафари муттаҳам ҳуқуқи шикоят бурдан ба додгоҳи таҷдиди назарро дорад.

Аммо зимни мурофиаи додгоҳӣ маълум шуд, ки Салим Бобоев наздики 1,3 миллион сомонии «тасарруфшуда» аз «Амонатбонк»-ро ҷуброн кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии Қӯрғонтеппа нисбати як корманди дигари масъул дар бонки давлатии «Амонатбонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо гумони тасарруфи қариб 2 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ҳоло тафтиши парвандаи мазкур ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ин маблағи ихтисосёфта барои пардохти маоши афроди бознишаста ва омӯзгорон будааст.

Раҳбарияти филиали «Амонатбонк» дар вилояти Хатлон аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ду сол қабл ҳам мақомоти ожонсии зиддифасоди Хатлон Уктам Кулдошев, сардори шуъбаи дороиҳои Сарраёсати оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоятро, барои бо кормандони масъули «Амонатбонк» ғайриқонунӣ тасарруф кардани қариб як миллион сомонӣ нафақапулии афроди бознишаста боздошт ва муҷозот карда буданд.
XS
SM
MD
LG