Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

32 ҳазор сомонӣ ҷарима барои саркашӣ аз моҳонаи паст


Бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Додгоҳе дар вилояти Суғд чор фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Хуҷандро барои он ки ба ноҳияҳо рафта, омӯзгорӣ накардаанд, ба пардохти 32 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат муваззаф кард.

Додгоҳе дар маркази Суғд чор фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ)-ро барои он ки ба ҷойи кори таъинкардаи мақомоти донишгоҳ ҳозир нашудаанд, ба пардохти 32 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф кардааст. Додгоҳ мегӯяд, ин маблағест, ки ҳукумат барои таҳсили ин чор нафар аз буҷа сарф кардааст.

Абдушукур Устобоев яке аз ин чор хатмкардаи ДДХ аст, ки акнун бояд амри додгоҳро иҷро карда ва пулеро, ки барои таҳсилаш сарф шудааст, ба буҷаи давлат баргардонад. Зеро ӯ аз кор дар мактабе, ки идораи маориф барояш таъин карда буд, сарпечӣ кардааст. Абдушукур мегӯяд, барои кор дар макони таъинкардаи маориф шароит надошт ва фаъолиятро бо як кордиҳандаи хусусӣ дар Душанбе сар кард.

Абдушукур факултаи рассомӣ - графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси “ҳунарҳои мардумӣ” соли 2014 хатм кард. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Ҳамсараш дар ҷое кор намекунад. Абдушукур дар хонаи падараш зиндагӣ дорад ва таъмини як оилаи бузург бар души ӯст. Вай мегӯяд, моҳонаи муаллими расм дар мактаби миёна наметавонад зиндагии наздиконашро таъмин кунад.

Донишгоҳи Хуҷанд аз донишҷӯёни саркаш ҷуброни молӣ талаб дорад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

Ӯ ҳоло пул ҳам надорад, ки амри додгоҳро ба иҷро расонад ва маблағи харҷкардаро ба буҷаи давлат бозгардонад. “Ман мефаҳмам, ки давлат моро хононд. Аммо шароити маро ҳам фаҳмед, ки бори зиндгӣ бар дӯшам аст ва наметавонистам рафта, 3 сол бо моҳонаи паст дар кадом ноҳия, дур аз зану фарзанд кор кунам,” -- мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки донишҷӯёни буҷавӣ, ё онҳое, ки аз ҳисоби давлат таъсил мекунанд, бо муассисаҳои таълимӣ қарордод доранд, ки баъд аз хатми донишгоҳ бо роҳхат ба ҳамон ноҳия мераванд, ки идораи маориф дастур диҳад. Ҳукумати Тоҷикистон таълими буҷавиро ба хотири таъмини макотиби дурдаст бо муаллимҳои замонавӣ ба роҳ мондааст.

Се донишҷӯи дигари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд -- Саъдулло Ғайбуллоев, Акобир Дадоҷонов ва Пӯлод Сиддиқов низ баробар бо Абдушукур ба буҷаи давлат 9 ҳазор сомонӣ ворид хоҳанд кард. Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ректори ДДХ, мегӯяд, ин чор нафар дар бахшҳои рассомӣ-графикӣ, геоэкология, биология ва химия таҳсил кардаанд. Инҳо ҳамон ихтисосҳоест, ки мактабҳои дурдаст ба онҳо ниёз доранд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд қаблан низ рӯйхати хатмкардагони буҷавиро, ки бесабаб ба ҷойҳои кории худ ҳозир нашудаанд, нашр карда, вале даъвояш то ба додгоҳ нарафта буд.

Ин барои бори аввал аст, ки мақомот аз дастпарварони худ маблағи таҳсилро бозпас хостаанд.

Саломат Бобоҷонова, ҳуқуқшиноси ДДХ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2014 ҳудуди 500 нафар Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси муаллим хатм карда, беш аз 40 нафари аз кор дар макотиби таъииншуда сарпечӣ кардаанд. Рӯйхати “муаллимони саркаш” то Вазорати маориф рафтааст.

Бар пояии қарордоде, ки донишҷӯ бо донишгоҳ имзо мекунад, хатмкунанда бояд ҳадди ақалл 3 сол дар мактабе кор кунад, ки идораи маориф барояш муайян кардааст. Танҳо баъд аз ин дипломи хатми донишгоҳ ба донишҷӯи собиқ тақдим мешавад ва ӯ дар интихоби ҷойи кор озод мешавад.

Ин тадбир ба хотири таъмини муассисаҳои таълимиву корхонаҳо бо мутахассисон ҷорӣ шудааст. Бар пояи маълумоти расмӣ, дар вилояти Суғд соли равон камбуди 600 муаллим дар макотиби миёна мушоҳида шудааст. Гуфта мешавад, маоши назарногир ва набуди шароити зиндагӣ дар навоҳии дурдаст, муаллимони ҷавонро аз кор дар он маҳалҳо дилсард мекунад.

Саъдулло Ғайбуллоев, яке аз чор хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ҳоло ба бозгардонидани 9 ҳазор сомонӣ муваззаф шудааст, ба ҷойи бозгашт ба зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ ва кор дар мактабе, ки худаш дар он таҳсил карда буд, роҳи муҳоҷирати Русияро пеш гирифтааст. Падари ӯ дар додгоҳ гуфт, сахтии зиндагӣ нагузошт, то писараш аз рӯи касбаш кор кунад ва ба хотири таъмини оила роҳи Русияро пеш гирифт.

XS
SM
MD
LG