Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 14-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки дирӯз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба унвони зерҳимояаш нома ирсол дошта, тақозо кардааст, ки то санаи 17-уми июни соли равон ҳукми додгоҳро иҷро намуда, аз шаҳрдори узрхоҳӣ намояд. Ҷаноби Ёров афзуд, вай ҳамчун вакили дифои оқои Муҳиддин Кабирӣ, ба раёсати Додгоҳи шаҳри Душанбе нома ирсол дошта, хоҳиш кардааст, ки иҷроиши ҳалномаро боздорад.
Дар ҳамин ҳол корманди дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки чун Додгоҳи шаҳри Душанбе низ ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомониро бетағйир гузошт, бо назардошти мӯҳлати иҷроиши ҳалнома аз Муҳиддин Кабирӣ хоҳиш карда шуд, ки талабҳои онро иҷро кунад.
Аммо вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки агар то таърихи 17-уми июн Додгоҳи шаҳри Душанбе талаби иҷроиши ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомониро бознадорад ҳам, онҳо ба ҳеҷ сурат узр нахоҳанд хост. Зеро ба қавли Бузургмеҳр Ёров, агар Муҳиддин Кабирӣ дар назди шаҳрдорӣ узр пурсад, вай қарори Пленуми Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар бораи ин, ки "ҳеҷ кас ҳуқуқи узрхоҳӣ надорад"-ро нақз хоҳад кард. Ин қарори Пленуми Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2011 расман нашр шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори худро дар заминаи шикояти шаҳрдории Душанбе 30 январи соли равон содир кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро вазифадор кард, ки аз тариқи матбуот аз шаҳрдорӣ узр бипурсад. Аммо Бузургмеҳри Ёров, вакили мудофеи Кабирӣ мегӯяд, ки агар додгоҳи пойтахт шикояти назоратии онҳоро низ бетағйир гузорад, ба Додгоҳи Олӣ шикоят хоҳад бурд: «Дар сурати бетағйир мондани қарори ду додгоҳ дар Додгоҳи олӣ, онҳо ба додгоҳҳои байналмиллалӣ муроҷиат хоҳад кард, зеро Додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд ва таҳти таъсири мақомоти давлатӣ тасмим мегиранд.»
Қаблан, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шуда буд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш ё маъзарат пурсад.
Муҳиддин Кабирӣ дар чанд моҳи пеш дар як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад”, дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд.
Ба дунболи ин шикояти шаҳрдорӣ, Муҳиддин Кабирӣ барои таҳқири ҳайсияташ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон, аз шаҳрдорӣ 20 миллион сомонӣ ҷуброн хост. Ҷаноби Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омодааст ба шикояти шаҳрдорӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон посух диҳад, вале барои узрпурсӣ асосеро намебинад.