Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти мафияи заминфурӯшӣ - аз 5 то 25 сол зиндон


Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ахиран панҷ танро, ки дар миёни онҳо хизматчиёни давлатӣ низ ҳастанд, мутаносибан аз 5 то 25 сол равонаи зиндон кард. Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод, рӯзи 5-уми октябри соли равон содир шуд ва маҳкумшудаҳо ба тамаъҷӯӣ, гирифтани пора, сӯистифода аз мақоми хизматӣ, заминфурӯшӣ ва чандин айби дигар, айбдор дониста шуданд. Ҳукми додгоҳ ба иҷро даромадааст.

Як масъули дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтиши парвандаи ин афрод аз сӯи ин ниҳод сурат гирифт ва барои баррасии ниҳоӣ ба додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ирсол шуд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамакнун ҳукми додгоҳ ба ҳолати иҷро даромадааст ва ин афрод барои адои мӯҳлати ҷазо ба зиндон фиристода шуданд.

Дар миёни маҳкумшудаҳо С.Раҳимов, ки аз авохири соли 1995 дар мақоми директори Муассисаи давлатии стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳои Тоҷикистон - сохтори тобеи вазорати кишоварзӣ фаъолият мекард, низ ҳаст. Додгоҳ ин шахсро ба 25 соли зиндон маҳкум кард

Раҳимов ба он муттаҳам мешавад, ки бо истифода аз мақоми хизматии худ дар 73 ҳолат ҳудуди 247 ҳазор доллар аз ҳисоби заминҳои корами обии ин муассиса ва ҳамчунин Кооперативи тиҷоратии “Озмоиш”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа ва Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар маҷмӯъ 7,43 гектар заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ фурӯхтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Раҳимов ва шариконаш ҳамчунин дар 53 ҳолат нусхаҳои фармонҳои директори Муассисаи давлатии стансияи давлатии озмоиши мошинаҳои Тоҷикистон ва қарорҳои раиси ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро тариқи компютер сохтакорӣ намуда ва ба сокинон додаанд.

Раҳимов ҳамчунин ба он айбдор шудааст, ки бо истифода аз мақоми давлатӣ давоми солҳои 2012-2016 нуқтаи фурӯши гази моеъ, воқеъ дар шаҳркаи Камароби ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, анбори Кооперативи тиҷорати “Озмоиш” ва бошишгоҳи саҳроии ин кооперативро бо 252 ҳаҳор сомонӣ ва 17,5 ҳазор доллари ИМА фурӯхта, аз ин маблағ ҳамагӣ 56.800 сомонӣ ба хазинаи кооператив ворид карда, боқимондаро ба ҷайбаш задааст.

Аммо фарди дигари муттаҳам дар ин парванд Шарофутдинов -- муҳандиси заминсози ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки 58 сотих заминро дар ин маҳал ба таври ғайриқонунӣ бо маблағи беш аз 30 ҳазор доллар ба чанд тан аз сокинон фурӯхтааст. Ба ин тартиб додгоҳ Ҳ. Раҳимовро ба 25 сол, О.Садриддиновро ба 24-сол, О.Шарофутдиновро ба 16 сол ва ду тани дигар аз шарикони онҳоро мутаносибан аз 5 то 8 сол ба зиндон фиристодааст.

Бо ин ки мӯҳлати зиндони ин афрод шурӯъ шудааст, мавқеи онҳо ва наздиконашон ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Барои бори аввал нест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон мансабдоронрон барои фурӯши ғайриқонунии замин равонаи зиндон мекунанд. Аз ҷумла тобистони соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Хуҷанд як мансабдори идораи замини ҳукумати ин шаҳр ва як миёнаравро барои “обу лой” кардани ним миллион доллари сокинон айбдор дониста, аввалиро ҷарима ва дувумиро ба 12,5 соли зиндон маҳкум намудааст.

93 дарсади замини Тоҷикистон кӯҳистон аст ва таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва ҷойҳои корӣ, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад. Замин дар ин кишвар моли давлат маҳсуб меёбад ва хариду фурӯши он манъ аст. Тақсими он ба сокинон барои сохтани хонаи истиқоматӣ бо қарори ҳукумат сурат мегирад.

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ишғоли худсаронаи замину сохтмони бидуни иҷозаи қонун дар он ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷазоҳои ҷаримаи ҳади ақал аз дусаду панҷоҳ нишондиҳандаи ҳади ақал (як нишондиҳанда баробари 40 сомонӣ) ва то 8 соли зиндон бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG