Шахсоне, ки пас аз табобати бемории COVID-19 дубора ба ҷои корашон баргаштанд, мегӯянд, надоштани варақаи муолиҷа сабаб шуд, ки маоши худро дарёфт накунанд, ё танҳо 50 дарсади онро бигиранд.
Табибон мегӯянд, додани варақаи корношоямӣ кори маъмурияти бемористонҳо аст ва онҳо дар шабурӯзи авҷи беморӣ ба табобати беморон машғул буданд ва фурсати навиштани варақаро надоштаанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар чунин ҳолатҳои истисноӣ мақомот бояд бо иловаи тағйироте дар қонун ин мушкилро ҳал кунанд.
Шабнам пас аз як моҳи муолиҷа аз COVID-19 ҳафтае пеш ба ҷои кораш баргашт. Ба ӯ гуфтанд, танҳо 50 дарсади маошашро мегирад, зеро ӯ танҳо маълумотнома дар бораи беморӣ дорад ва бояд варақаи корношоямӣ низ пешниҳод мекард. Шабнам дар хона табобат кард, аммо зери назорати табибон буд.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, вақте маълумотнома дар бораи бемориро пешниҳод кард, аз ӯ варақаи корношоямӣ хостанд. Дар беморхона онро ба Шабнам надоданд ва гуфтанд, наметавонанд, ба сабаби гузаштани рӯзҳои беморӣ ин санадро ба ӯ бидиҳанд: “Духтур гуфт, ки бо санаи гузашта дигар варақаи корношоямӣ дода наметавонад чун мақомот онҳоро ҷарима мекунанд. Дар натиҷа, ман на маошамро ба пуррагӣ гирифтам ва на тавонистам, ки барои варақаи корношоямӣ музди муайяне гирам”.
Агар санад диҳем, ҷазо мегирем
Табибон мегӯянд, додани варақаи корношоямӣ кори маъмурияти бемористонҳо аст. Як пизишки беморхонаи Қарияи Боло бидуни зикри номаш гуфт, ҳар рӯз камаш се нафар барои варақа муроҷиат мекунанд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, вақте ин ё он пизишк ба бемор бо санаи гузашта варақаи корношоямӣ медиҳад, ҷазо мегирад: “Беморе, ки табобат гирифта, ба хона рухсат шуда буд, баъди чанд рӯз дубора муроҷиат кард ва табибе ҳам ба ӯ варақаи корношоямӣ дод. Аз Хадамоти назорат дар соҳаи тиб ӯро 1700 сомонӣ ҷарима карданд. Инро бояд худи раҳбарият ҳал кунанд, чун табибон вақте 14 рӯз бидуни истироҳат ба табобати беморон машғул мешаванд, табиист ки вақти додани варақаи корношоямӣ надоранд.”
Мисли Шабнам афроди зиёде, ки COVID-19-ро аз сар гузарондаанд, шикоят мекунанд, ки табибон барояшон варақаи корношоямӣ надоданд. Дастрас нашудани ин санад ба коргарони бемор ва корфармо мухолифат пеш овардааст. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ба корманди бемор бояд варақаи беморӣ, яъне муваққатан корношоямӣ дода шавад, ки он бояд ба ҷои кор пешниҳод гардад.
"Муздашонро бояд бидиҳанд"
Бар асоси варақаи корношоямӣ корхона метавонад, ба корманд бо назардошти собиқаи кориаш аз 60 то 80 дарсади маошро пардохт кунад. Муҳаммад Қурбонов, як масъули Иттифоқи касабаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Музди меҳнати нафароне, ки чунин бемориро гузарониданд, тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пардохт карда мешавад. Пеш аз ҳама корфармоён бояд донанд, ки тибқи талаботи моддаи 157 Кодекси меҳнат, ин бемориест, ки бо айби корманд сар назадааст ва бояд музди моҳонаи ӯ пардохт карда шавад”.
Охири ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон ҳукуматро муваззаф кард, барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор мегиранд, чора андешад.
Саид Давлатзода муовини раҳбари Хадамоти назорати давлатии фаъолият дар соҳаи тиб рузи 5-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт пешниҳоди варақаи корношоямӣ ба беморон бояд аз рӯзи боз шудани таърихи беморӣ то баста шудани он дода шавад. Вай афзуд: “Барои мисол агар бемор аз 1 то 14-уми апрел дар беморхона бистарӣ шуда ва нисбати ӯ таърихи беморӣ боз шуда бошад, пас варақаи корношоямиро дар ҳамин рузҳо бояд дод. Дар ғайри суръат ҳолатҳои вайрон шудани қонуни меҳнат пеш меояд, ки ҷавобгарӣ дорад.”
Мақомоти Тоҷикистон охири моҳи апрел эътироф карданд, ки COVID-19 дар кишвар ҳаст ва танҳо беморони вазнин дар бемористонҳо табобат гиранд. Ҳамин тавр даҳҳо нафари дигар, ки миёнашон корманди ин ё он ниҳоду созмонҳо кам набуданд дар хона низ табобат гирифтанд.
Аксари онҳо мегӯянд, на ба беморони дар бемористон табобат гирифта варақаи корношоямӣ пешниҳод шудааст ва на ба афроде ки дар шароити хона табобат гирифта буданд. Бархе ҳам мегӯянд, дар баробари ин ки нисфи маош ё умуман маош нагирифтанд, ҳамчунин пешниҳод нашудани варақаи корношоямӣ боварии корфармо ба коргарро коҳиш медиҳад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!