Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъоварии нону равған ва биринҷ барои мизбонии президент дар Кӯҳистони Мастчоҳ?


Ин аксро аз як деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ фиристоданд.
Ин аксро аз як деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ фиристоданд.

Сокинони чанд деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд, мақомот аз онҳо талаб кардаанд, барои мизбонии меҳмононе, ки сафари раиси ҷумҳур ба ноҳияро омода мекунанд, гӯшту биринҷу нон ҷамъ биёранд. Мақомоти ноҳия иддаоҳо дар ин бораро рад намуданд ва гуфтанд, ки аз ҳеҷ кас чунин талабе накардаанд.

Чанде аз сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ бо Радиои Озодӣ тамос гирифтанд ва гуфтанд, онҳоро маҷбур мекунанд, ки дар маъракаи гирдоварии ғизо барои меҳмонон аз Душанбе ширкат кунанд. Қарор аст, ҳайате бо сарварии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 август ба Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кунад. Маъмулан мақомоти ноҳиявӣ барои истиқболи раиси ҷумҳур талоши зиёде ба харҷ медиҳанд, то ба гуфтаи худашон “раҳбари давлатро сазовор пешвоз бигиранд” ва вазъи минтақаи таҳти сарварии худро серу пур намоиш диҳанд.

Як сокини деҳаи Водифи ноҳия, ки нахост, номаш бурда шавад, рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони деҳа аз ҳар оила хостаанд, «як кило биринҷ, як кило гӯшт ва ду нон оварда ба ҷамоат супоранд.» Ҳамин гуна шикоятҳо инчунин аз сокинони деҳаҳои Деҳҳисор ва Деҳҳавз низ ба Радиои Озодӣ расид. Яке аз сокинони деҳаи Деҳҳавз тасдиқ кард, ки аз мақомоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастур гирифтаанд, ки бояд маҳсулоти хӯрокӣ ҷамъоварӣ кунанд. Ба қавли ӯ, деҳаашон 30 оила дорад ва бар асоси нақшаи мақомот “бояд 100 килограм картошка, 50 килограм равған ва ҳамин миқдор биринҷу гӯшт ҷамъоварӣ кунад.”

“Мо ҳарчанд арзу шикоят кардем, ки мардум шароити додани ин қадар маҳсулотро надоранд, аммо мақомоти ноҳия гуфтанд, ки ҷамъ кунед. Набошад деҳаатонро ба рӯйхати сиёҳ мепартоем. Мардум камбизоат аст, худашон ғизо надоранд, роҳ нест,” - гуфт ин сокини Деҳҳавз. Ӯ нагуфт, “рӯйхати сиёҳ” чист ва ба он чӣ гуна деҳот шомил мешаванд.

Шикояти сокинон аз ҷамъоварии маҳсулоти хӯрока дар ҳолест, ки мақомоти Кӯҳистони Мастчоҳ иддаои онҳоро қотеона рад мекунанд. Отабек Аҳмадов, як масъули дастгоҳи ҳукумати ноҳия рӯзи 19 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи ин хабарҳо “беасос мебошанд.”

Ҷаноби Аҳмадов, ки нахост дар ин бора зиёд суҳбат кунад афзуд, “касе инро гуфтааст, номаъқул кардааст.” Аммо сокини як деҳаи дигари ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски сокинон натавонистанд, гӯшт ҷамъоварӣ кунанд, қарор шуд, "пул партофта, ҳамакаса як гусфанд харанд ва ба мақомот супоранд". Ӯ таъкид кард, ки мардуми ноҳия бо меҳмоннавозӣ ва ҳимматбаландии худ шуҳрат доранд, аммо дар айни ҳол вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо хуб нест, чун роҳ муддате баста буд ва натавонистаанд, ғизо захира намоянд. Аз сӯе ҳам ба гуфтаи ӯ, "чунин корҳо набояд маҷбурӣ бошанд. Якташ дорад, якташ надорад, хиҷил мешавад."

Аммо як корманди масъули ҳукумати вилояти Суғд дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, ки шикоятҳо аз ҷамъоварии маводи ғизоӣ "ягон асос надоранд, зеро аз маркази вилоят хеле кумак, аз ҷумла маводи хӯрока, орду биринҷу равған, гӯшт ва дигар махсулотҳо фиристода шуда буд, маблағҳои хеле зиёд барои бунёди иншоотҳо дар маркази ноҳия ва деҳаи Роғ равон шуд. Барои обёрии 250 гектар замин оби полезӣ кашида оварданд ва аллакай 40 га замин дар ноҳия аз худ карда шуд" Ӯ тахмин зад, ки ин шикоятҳоро "шояд баъзе аз ашхос ба манфиати сиёсии худ истифода" мекунанд.

Сафари раисҷумҳур ба вилояти Суғд, ки аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сар мешавад, панҷ рӯз давом мекунад ва Эмомалӣ Раҳмон ба дигар ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Зафаробод меравад. Сафарҳои раиси ҷумҳур ба минтақаҳо борҳо аз он лиҳоз танқид шудаанд, ки мақомоти маҳаллӣ барои ташкили пешвозу гуселҳо хароҷоти зиёд мекунанд. Президентро дар ин гуна сафарҳо ҳайати бузурге аз мақомоти расмӣ ҳамроҳӣ мекунад. Дар расонаҳо пештар аксаран хабарҳое пайдо мешуд, ки чӣ гуна ин ё он соҳибкор, ё мансабдоре "довталабона" барои истиқболи президент маблағҳои худро сарф кардаанд.

Ба гуфтаи раисони ҷамоатҳо дар дигар ноҳияҳо, азбаски дар буҷаи ноҳиявӣ хароҷот барои мизбонии раиси ҷумҳур пешбинӣ нашудааст, мақомот рӯ ба ҳамёни мардум меоранд. Дар гузашта на танҳо барои мизбонии раиси ҷумҳур, балки барои кӯмакҳои башарӣ ба сокинони манотиқи офатзада аз мардум дар дигар ноҳияҳо маводи ғизоӣ ва ашёву асбоби рӯзғор ҷамъ овардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон соле як дафъа ба шаҳру ноҳияҳо сафар мекунад ва ба гуфтаи мақомот, ҳадаф аз ин сафарҳо ошноии наздик бо зиндагиву мушкилоти мардум аст.

Бори аввал нест, ки мақомот дар маҳалҳо дар Тоҷикистон пеш аз сафари раиси ҷумҳур ба ноҳияҳо иқдомҳои баҳсбарангез кор гирифта буданд, ки баъзеҳо онро худсарона номиданд. Аз ҷумла моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти ноҳияи Рашт Мавҷигул Ғарибова, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Рашт ва модари Ҷунайдулло Худоёров, як корбари зиндонии шабакаҳои иҷтимоиро шаш соат маҳкам карданд, то ба президент суол надиҳад.

Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров, ду сокини бознишастаи ноҳияи Восеъ, ки ба гуфтаи худашон барои тантанаи ҳақиқат ва зидди фасод мубориза мебаранд, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ин кору ҳаракати онҳо ба мақомоти маҳаллӣ "намефорад" ва барои ҳамин чанд дафъа дар остонаи сафари президент ба минтақа онҳоро ҳабс кардаанд.

XS
SM
MD
LG