Субҳон Усмонов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 10 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар натиҷаи ин барфрезиҳо, боми 2 мактаб, 2 ферма, як бинои маъмурии корхонаи пахтаи «Зархам» ва чанд боми хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб зарар дидааст."
Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Усмонов, "дар ҷамоати деҳоти "Зиракӣ" -и ноҳияи Кӯлоб боми фермаи хочагии дехқонии "Бахт" низ фурӯ рафт ва зиёда аз 82 сар моли калони ин хоҷагӣ дар берун мондаанд.”
Ба гуфтаи Нурулло Одинаев, муҳандиси хоҷагии деҳқонии "Бахт", боми фермаи мазкур ду қабат болопӯш дорад, вале ба иллати ғафсии барф, бардошт накарда ва фурӯ рафтааст. Ӯ афзуд, дар баробари бом, деворҳои паҳлуии ферма низ осеб дида, ба ҳолати садамавӣ омадаанд.
Гуфта мешавад, баландии барф дар ҷамоати Зиракии ноҳияи Кӯлоб то 70 сантиметрро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, субҳи 2 феврал бар асари ҳавои сарду пурбарф як ҳавопаймои ширкати "East Air", ки дар масири Маскав - Кӯлоб парвоз мекард, дар фурудгоҳи Кӯлоб нишасти изтирорӣ анҷом дода буд.
Мақомоти фурудгоҳи Кӯлоб гуфтанд, ки ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб соати 7-25-и субҳи 2 феврал ҳангоми нишастан дар фурудгоҳ ба далели обу ҳавои номусоид аз хатти нишаст берун рафта, шассии пешаш шикастааст. Аммо дар ин фуруди садамавии ҳавопаймо, хушбахтона, касе аз сарнишинони ин ҳавопаймо, аз ҷумла мусофирон осеб надидааст.