Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулҷамъкунӣ дар мактабҳо - дар авҷ. Ин бор барои 8 март


Дар ростои таҷлил аз иди 8 март дар мактабҳои Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пул барои «тӯҳфа» дар авҷ аст.

Дар арафаи Рӯзи модар ё Иди 8-уми март ҳазорон нафар аз мактаббачагон дар Тоҷикистон аз модару падари худ пул мепурсанд, то барои муаллимаҳо тӯҳфаҳои идона омода намоянд. Ин дастурро ба онҳо раҳбарони синфҳо ва муаллимаҳо медиҳанд. Ҳарчанд дар гузашта чунин иқдом ғолибан ба таври ихтиёрӣ ва аз рӯи меҳр ба муаллима амалӣ мегашт, акнун он ҳарчӣ бештар хислати маҷбурӣ касб кардааст. Дар ин байн тӯҳфаҳо хосияти рамзии худро гум карда, то рафт гаронбаҳотар мешаванд.

Аксари волидон мегӯянд, барои «тӯҳфапулӣ» дар иди 8 март ва ё «Рӯзи модарон» аз 30 то 100 сомонӣ бояд пардохт кунанд, ки барояшон гарон аст. Чанде аз чунин волидони норозӣ аз маблағҷамъкунӣ дар мактабҳо, ба Озодӣ шикоят карданд, ки имкони додани ин миқдор пулро надоранд.

Шарифа Саидова, як модари серфарзанд, ки ду фарзандаш дар яке аз мактабҳои миёнаи пойтахт таҳсил мекунанд, мегӯяд, ҳоло ҳайрон мондааст, ки барои «тӯҳфапулӣ» барои фарзандонаш аз куҷо пул пайдо кунад? Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар як моҳ 400 сомонӣ маош мегирад, ки ҳатто барои таъмини хонаводааш кофӣ нест: «Духтари калониям дар синфи 11 мехонад, азбаски хатмкунанда аст, чанд рӯз боз ба ҳолам намегузорад. Аз онҳо талаб шудааст, ки барои муаллимаашон духтарҳо ҳар кадом 50 сомонӣ ва писарҳо зиёдтар пул ҷамъ кунанд. Ман маҷбур шудам, ки 50 сомонӣ диҳам, то духтарам, ки хатмкунанда аст, дар назди ҳамсинфонаш шарм надорад.»

Волидоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, пардохти 100 сомонӣ барояшон мушкиле надорад, вале намехоҳанд низомномаи вазоратро вайрон карда ва омили пулҷамъкуниҳои беҳуда дар мактабҳо шаванд. Аммо падари як хонандаи мактаби рақами 60-и ноҳияи Синои пойтахт, ки худро Толиб ном бурд, мегӯяд: «5 фарзандам дар мактаб мехонанд ва дар ҳар иду ҷашнҳо барои ҳар яки онҳо тӯҳфапулӣ медиҳам. Ҷамъулҷамъ ба ҳисоби миёна ягон 300 сомонӣ мешавад ҳамааш.»

Аммо мудири мактаби рақами 60 Ҷалол Розиқов мегӯяд, аз маъракаи пулҷамъкунии омӯзгорон барои тӯҳфаҳои рӯзи 8 март дар муассисаи зери раҳбарияш хабар надорад, балки худи ӯ мустақиман ба ҳар як синф сар зада, ба хонандаҳо таъкид мекунад, ки аз маблағҷамъкунӣ дар идҳо худдорӣ кунанд. Ҷаноби Розиқов мегӯяд: «Ҳамаи ин мухолифи қонунгузорӣ аст. Барои ҳамин ин хабарҳо мутлақо дурӯғ аст ва ман ҳатман дар маҷлиси субҳгоҳӣ инро бори дигар такрор мекунам.»

Масъулини вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ҳаргуна пулҷамъкунӣ дар арафаи иду ҷашнҳо аз сӯи донишомӯзони макотиби миёна мухолифи низомномаи вазорат аст. Маҳмуд Шоев, сухангӯи ин вазорат дар сӯҳбат бо "Озодӣ" афзуд: «Қонуни танзими ҷашну маросимҳо ҳаст, қонуни масъулияти волидайн ҳаст. Дар низомнома гуфта шудааст, ки маблағ барои чӣ гирифта мешавад, барои таълими иловагӣ ё чизи дигар. Вақте мо мегӯем, ки соли нав таҷлил нашавад, Иди Алифбо баргузор нашавад, доираи ин ҷашнҳоро ба хотире маҳдуд кардем, ки пули беҳуда сарф накунанд. Дар ягон ҷой гуфта нашудааст, ки барои 8 март пул ҷамъ кунед.»

Аммо волидоне, ки бо "Озодӣ" сӯҳбат карданд, мегӯянд, дар баробари пули мактаб, пули бӯр, пули тиреза, пули бухорӣ, пули таъмири мактаб пули фаррош ва ғайраву ғайра масрафҳое, чун пули зодрӯзи устодон ва пули «Иди 8 март» ҳам зам шудаааст, ки феҳристи харҷи онҳоро тӯлонитар мекунад.
XS
SM
MD
LG