Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардони тоҷик: "Рӯзи 8 март дасти холӣ намеравем" (ВИДЕО)


Аксари мардҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса бо занҳо бештар иди занону модарон - 8-уми мартро интизорӣ мекашанд ва барои бонувони худ ҳамкоронашон аз ҷинси латиф тӯҳфаҳо омода мекунанд.

Ин натиҷаи назарсанҷии Маркази таҳқиқотии «Зеркало» аст, ки дар миёни 1000 нафар сокини манотиқи мухталифи Тоҷикистон анҷом шудаву муайн намудааст, ки 90 дарсади мардон ин идро ҷашн мегирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест ки дар байни занон шумори кмтар - 87 дарсад - гуфтаанд, ки 8 мартро таҷлил мекунанд.

Гулнора Бекназарова, коршарики маркази «Зеркало» мегӯяд, ҷараёни пурсиши телефонии сокинони кишвар, нишон дод, ки аз даҳ нӯҳ нафар мардони тоҷик гуфтанд, ин идро таҷлил хоҳанд, кард. Ба гуфтаи хонум Гулнора, аҷиб ин аст, ки мардон новобаста ба машғулият ва синну сол ҳозиранд хотири занонро дар ин рӯз бо тӯҳфа ва ё ҳадди аққал бо сухани хуб болида гардонанд.

Хонум Бекназарова афзуд, «занҳои синнашон аз 30 боло ва ё бознишастагон ин идро бештар хуш доранд. Шояд ин омил бастагӣ ба он доард, ки рӯзи занон мероси даврони Шӯравист ва насли нав бештар ба идҳое бартарӣ медиҳанд, ки дар замони истиқлол пайдо шудаанд. Ва, албатта, боиси хушҳолист, ки назар ба занон мардон ба ин рӯз зиёдтар арҷ мегузоранду ба табрики бонувонашон мешитобанд.»

Хонум Гулнора мегӯяд, 30 дарсади мардони пурсидашуда гуфтаанд, ки ба занон гул, атриёт тӯҳфа хоҳанд кард. Ҳар марди 15-ум "ваъда" додааст, ки барои бонуи худ дар 8 март либос ва ё ҷавоҳирот ҳадя мекунанд. Қанду ширинӣ ҳам дар ин рӯз яке аз тӯҳфаҳои серталаб будаанд.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, ки ҳатто нафақахӯрон ва мардони бекор низ дар ин рӯз дасти холӣ ба назди хонумҳояшон намераванд. Тавре 95 дарсади мардони бешуғл посух додаанд, онҳо бо як шавқ мунтазири рӯзи «8-уми март» ҳастанд ва хеле мехоҳанд то он рӯз бахт ба рӯяшон бихандаду то ҳадди аққал бо як тӯҳфаи рамзӣ табъи занони хонаводаҳояшонро хушҳол кунанд.

Пурсиши мо низ миёни мардикорони фақир, ки дар бозори Шоҳмансур мунтазири корфармо буданд собит кард, ки бо вуҷуди тангдастӣ дар ин рӯз хасисӣ намекунанд ва ҳарчанд ночиз ҳам бошанд ҳадяе барои бонувон мебаранд. Абдулло, яке аз ин мардикорон гуфт, «албатта, ин рӯзи ид аст, хоҳем-нахоҳем бо дасти холӣ ба хона рафтан намешавад. Дар рӯзи мардон духтарону ҳамсарам табрик карда буданд, мо табрик накунем, хуб намешавад. Чанд сомониро ҷамъ мекунему ягон курта, косаву табақ ё як дона гул тақдим мекунем. Онҳо ҳам ҳар рӯз ид надоранд-ку.»

Озода Расулова, сокини 45-солаи Душанбе, низ мисли дигар занҳои тоҷик дар иди занҳо мунтазири дарёфти тӯҳфа аст. Ҳарчанд медонад, ки дар ин рӯз тӯҳфаи гаронқадре дарёфт намекунад, аммо мутмаин аст, ки дар ин рӯзи ид фарзандон ва шавҳар ӯро фаромӯш намекунанд. Вай мегӯяд, «хайр шавҳару писарам ҳар 8-уми март ҳеҷ не, як собун, ҷуроб ва ё як рӯймолча тақдим мекунанд.»

Зимнан тибқи назарсанҷии маркази таҳқиқотии «Зеркало» 8-уми мартро бештар мардони шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон ба бонувони худ табрик мегуфтаанд. Дар вилояти Хатлон 93%, дар вилояти Суғд 90 % ва дар ноҳияҳои тобеи марказ танҳо 88 %-и мардон рӯзи занонро ҷашн мегирифтаанд.

Сарфи назар аз он ки сатҳи зиндагии мардуми тоҷик дар музофот нисбат ба шаҳр пойнтар аст, аммо ба ҳар сурат мардон талош мекунанд, ки дар ин рӯз ҳамсару хоҳару модар ва дустдоштаҳои худро ҳатто бо пули қарз ҳам бошад хурсанд намоянд.

Дар навори зер сокинони шаҳри Кӯлобро мебинем, ки 8-уми мартро чигуна пешвоз хоҳанд гирифт.

Таҷлили рӯзи модарон дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки 8-уми март аз замони Шӯравӣ ба унвони «Рӯзи озодии занон» таҷлил мегардид ва аммо шурӯъ аз соли 2010 ин ид дар Тоҷикистон табдили ном кард ва чун "Рӯзи модарон" ҷашн гирифта мешавад.

Аммо бо ин вуҷуд ба гуфтаи пажӯҳишгарони маркази таҳқиқотии «Зеркало» пурсиши онҳо нишон додааст, ки ҳатто бо тағйири ном ҳам иди занон дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст ва мардони тоҷик бо иштиёқ аз ин рӯз таҷлил менамоянд.

Дар навори зер мебинем, ки сокинони пойтахт барои 8-уми март чӣ тайёрӣ мебинанд ва онро чигуна таҷлил хоҳанд кард.

Шумо 8-уми Мартро таҷлил мекунед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00
XS
SM
MD
LG