Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 18 июн дар нишасти Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе гуфт, ин гурӯҳҳо бештар дар шимоли Афғонистон, ба хусус дар минтақаҳои Кундуз, Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб ҷойгиранд. Ҳарчанд ин мақоми баландпояи тоҷик афзуд, дақиқ кардани узви кадом гурӯҳ будани онҳо мушкил аст, вале гуфта мешавад, дар онҷо гурӯҳҳои “Толибон”, “Ансоруллоҳ” ва “Давлати Исломӣ” бештар фаъоланд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, ”моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамамарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд.”
Дар ҳар сурат барои бори аввал аст, ки фармондеҳи марзбонии Тоҷикистон шумораи ҷангиёни манотиқи шимоли Афғонистонро 1, 5 ҳазор нафар мехонад. Дар гузашта арқоме гуфта нашудааст, вале баъзе аз расонаҳо бо такя ба манбаҳои худ, шумораи онҳоро аз 1 то 4 ҳазор нафар тахмин мезаданд.
Ба навбаи худ Замонуддин Замон, вобастаи низомии сафорати Афғонистон низ бо такя ба мақомоти пулиси кишвараш таҷаммӯи ҷангиёни мусаллаҳ дар манотиқи шимоли Афғонистонро тасдиқ кард, вале гуфт, онҳо дар наздикии марз бо Тоҷикистон набуда, балки дар дохили вилоятҳои шимолии Афғонистонанд.
Вай гуфт, “бале ҷангиёни мусаллаҳ дар ин манотиқ вуҷуд доранд, ҳарчанд теъдоди дақиқи онҳоро намедонам. Онҳо дар наздикии марз бо Тоҷикистон нестанд, балки дар дохили Афғонистон ҷанг мекунанд. Ҳатто тибқи иттилои мо иддае аз онҳо бо хонаводаашон ҳастанд. Ҳоло ҷанг алайҳи онҳо дар ҷараён аст ва дар муқоиса ба қабл пешравӣ надоранд, балки саркӯб мешаванд.”
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро то кунун нирӯҳои пулиси афғон муваффақ ба саркӯбии ин ҷангиён дар манотиқи шимоли Афғонистон нашудаанд? Замонуддин Замон мегӯяд, “ҷанг ҷанг аст ва ҳарчанд ин нирӯҳо заиф шудаанд ва пулиси афғон алайҳи онҳо муқовимати шадид мебаранд, аммо онҳо то кушта нашаванд, ба муборизаашон идома медиҳанд”.
Дар ҳамин ҳол Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили дифоъ ва амният, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди иттихози тасмими сарони кишварҳои ИДМ барои кӯмак ба таҳкиму тақвияти марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва дар ин замина ёрӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, то кунун ба ҷуз аз Беларус ва Арманистон кӯмаке дар ин замина нарасидааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Хайруллоев, кишварҳо дар муқобили он таҳдидҳое, ки аз Шарқи Наздик, Африқо ва Афғонистон сар мезанад, дар алоҳидагӣ наметавонанд мубориза баранд. Ба ин далел, танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамоҳангии фаъолиятҳо мешавад алайҳи ин хатарот мубориза бурд .
Ҷаноби Хайруллоев афзуд, “агар тарҳи “Давлатӣ Исломӣ амалӣ шавад, нооромиҳо аз тариқи Афғонистон ба дигар кишварҳо аз ҷумла ИДМ ва Чин хоҳад кӯчид. Боиси нигаронист, ки ҳоло ДОИШ аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, дар миёни қишри камбизоати аҳолӣ ва ҷавонон варақаву адабиёти тарғиботиро паҳн мекунад ва онҳоро ба сарнагунии ҳукумат ва ташкили хилофат даъват менамояд. Чунин талошҳои ин гурӯҳ на танҳо дар миёни аҳолии минтақа, балки дар Русия ва кишварҳои Аврупо низ ба назар мерасад.”
Ҳамзамон ҷаноби Хайруллоев, кишварҳои минтақаро ба густариши муносибатҳои ҳамсоягӣ даъват кард ва гуфт, ки бояд барои аз байн бурдани мушкилоти марзӣ, талошҳои ҷиддӣ ва қотеъ бояд сурат бигирад. Зеро ба иддаои ӯ, нерӯҳое, ҳастанд, ки барои баҳам задани субот дар ин кишварҳо аз мухолифати байниҳамӣ, мушкилоти ҳалношудаи марзӣ, минтақаҳои баҳсии марзӣ ва тақсимоти об метавонанд истифода кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Александр Манилов, муовини сардори Шӯрои марзбонии кишварҳои ИДМ мегӯяд, ҳоло марзбонони Тоҷикистон, ба таҷҳизоти фаннӣ аз ҷумла бунёди дидбонгоҳҳои наву муосир ниёз дорад. Вай гуфт, “инҳо таҷҳизоте ҳастанд, ки барои беҳбуд бахшидани вазъи мухобирот дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва ҳамчунин васили рушанидиҳанда мебошад. Мо ҳоло кӯшиш дорем барои муайян кардани он таҳизоти фанние, ки бештар дар шароити кӯҳистонва ҳифзи марз истифода мешавад, ба Тоҷикистон кӯмак кунем.”
Зимнан дар тӯли як моҳи ахир барои бори чандум аст, ки ниҳодҳои амниятӣ ва дифоъии кишварҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳон дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд ва масоили амниятӣ дар Афғонистону эҳтимоли ҳамлаҳоигурӯҳҳои ифротиро ба кишварҳои минтақа, баррасӣ мекунанд.
Вале таҳлилгарони тоҷик ин хатарро ба унвони ҳамлаи мустақим ба Тоҷикистон ё дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дур аз эҳтимол медонанд. Ҳарчанд мегӯянд, эҳтимоли ҳамлаҳои кӯчак ба хотири анҷоми тарҳ барои бесубот нишон додани шароити марзӣ дар кишварҳои минтақа вуҷуд дорад. Бо ин ҳам ин таҳлилгарон хатари ҳарчӣ бештар реша давондани андешаҳои ифротӣ дар дохили кишварҳоро камтар аз таҳдиде намедонанд, ки аз марзҳои Афғонистон барои ин кишвароҳо эҷод мешавад.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилагари масоили минтақаӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт,ки ин нишастҳо аз як тараф маъмулӣ ҳастанд ва барои расонидани кумаки фаннӣ ба тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъсири чандоне нахоҳанд дошт. “То замоне, ки барои манофеи милливу амниятии худ дар қаламрави Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа Русия таҳдиди воқеӣ эҳсос накунад ва дар муқобили он имтиёз ба даст наорад кӯмакҳои асосӣ ва қобили таваҷҷӯҳро анҷом намедиҳад,” -- гуфт ҷаноби Бекмуҳаммад.
Бо ин ҳама нозирони умур, ироаи маълумоти мутавофитро аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Афғонистон ва кишварҳои дигар дар робита ба таркиби ҳузури гурӯҳҳои тундрав ва ҳам шумораи онҳо дар минтақаи шимоли Афғонистон ба он рабт медиҳанд, ки ё онҳо маълумоти дақиқ надоранд ё мехоҳанд вазъиятро то ҳадде бузург намоиш диҳанд ба манфиати худ истифода бубаранд. Зимнан, ширкатдорони нишасти фармондеҳони неруҳои марзбонии ИДМ ният доранд рӯзи ҷумъаи 19 июл аз хати марзии Тоҷикистону Афғонистон дидан карда ва бо шароити марзбонони тоҷик аз наздик ошно шаванд. Тоҷикистон дар тӯли 1400 км марзи муштарак дорад, ки бархе аз манотиқи он душворгузар ва барои дидбонии доимӣ номусоиданд.