Мақомот мегӯянд, захираҳои нафт дар ин минтақаи вилояти Хатлон кам шудааст ва барои бештар баровардани он бояд заминро то шаш ҳазор метр кофт. Чоҳҳои нафти Балҷувон ҳоло то 2400 метр чуқурӣ доранд.
“Мутаассифона, солҳое, ки Шӯравӣ нафт истеҳсол мекард, он хел нест. Таҷҳизоте, ки мо дорем куҳнаву фарсуда шудааст,” – гуфт Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳия.
Чанд сол боз дар Балҷувон аз рафтуои соҳибкорони хориҷӣ гап мезананд. Ду сол пеш як гурӯҳ аз сармоядорони чинӣ барои дидани чоҳҳои нафти Балҷувон омаданд, аммо рафтанду дигар барнагаштанд.
Бахтиёр Ҷалолов, мудири ширкати “Ҷалолӣ”, мегӯяд, ӯ ҳам пули зиёд харҷ кард, то дубора нафт истихроҷ кунад: “Ҳама аввал фоидаро нигоҳ мекунанд, вале барои дубора баровардани нафт бояд то 6 ҳазор метр чуқурӣ канӣ. Барои ин пул ва таҷҳизоти муосир лозим аст. Ҳар кас таваккал намекунад.”
Раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ширкатҳои хориҷӣ дар оғоз барои коркарди нафт розӣ мешаванд, аммо пас аз дидани маҳалли он фикри худро дигар мекунанд.
Ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст ва минтақаи кӯҳист. Дар гузашта ноҳияи Ховалингу Восеъ ва Кӯлобро бо гази табиӣ таъмин мекард.