Ширкати алюминийи Тоҷикистон "Талко" бо имзои чанд санади ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ, мехоҳад дар зудтарин фурсат таҷҳизоти тавлиди ин фузулотро бозсозӣ карда, корхонаи тавлиди гилхок ва маҷмаи истеҳсоливу инноватсионии худро бунёд кунад.
Тавофуқи "Талко" бо се ширкати чинӣ
"Талко"-- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон солона даҳҳо ҳазор тонна алюминийи хом - як моли муҳими моли содиротии кишварро истеҳсол мекунад. Ин ширкат мегӯяд, дар пайи поинравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ дар чанд соли охир, дучори мушкили молӣ шудааст, вале баъди созишномаҳои нав умедвор аст вазъи корхона беҳтар шавад.
Коршиносони тоҷик, ки ҷараёни сафари президент ба Чин ва ҳосили ин дидору гуфтугӯҳоро мушоҳида мекунанд, мегӯянд, ки умеди ширкати "Талко" барои навсозии шеваи кораш бо кӯмаки Чин, метавонад натиҷа бидиҳад.
Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Чин рӯзи 3-юми сентябр миёни ширкати “Талко” ва ширкатҳои чинии “Юнан”, "Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн” ва "Ҷенерал Найс Инвестмент”, санадҳои ҳусни тафоҳум барои оғози ҳамкорӣ имзо шудааст. Аз ҷониби Тоҷикистон зери ин санадҳо Шералӣ Кабиров, раиси Шӯрои мудирони ширкати “Талко” имзо гузоштааст.
Масъулини ин ширкат мегӯянд, дар остонаи имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, коршиносони чинӣ аз Тоҷикистон ва муассисаҳои вобастаи корхонаи тавлиди алюминий дидан карда, бардоштҳои худро ба раҳбаронашон ироа кардаанд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, мутахассисони ширкатҳои чинӣ дар зудтарин фурсат вориди Тоҷикистон шуда, матни ниҳоии созишномаҳоро таҳия мекунанд.
"Юнан" хумдонҳои "Талко"-рои иваз мекунад
Игор Сатторов, сухангӯи ширкати "Талко" дар бораи ҳадафҳои ҳамкорӣ бо ин се ширкати чинӣ гуфт, тибқи тавофуқ бо ширкати “Юнан”, қарор аст ин ширкати чинӣ дар бозсозии ширкати “Талко” саҳм бигирад. Ҳоло Чин танҳо кишвари ҷаҳон аст, ки дар тавлиди алюминий аз хумдонҳои каммасраф истифода мекунад.
Ба гуфтаи вай, коршиносони “Юнан” мушаххас хоҳанд кард, ки ба чӣ наҳва хумдонҳои “Талко”-ро ба хумдонҳои муосир иваз мекунанд. Дар ин сурат масрафи нерӯи барқ барои тавлиди алюминий ду маротиба камтар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то ду баробар афзоиш меёбад. Гузашта аз ин, партовҳои фазоӣ аз тавлиди алюминий дар “Талко” бамаротиб коҳиш дода мешавад.
Игор Сатторов афзуд, ки ширкати "Ҷенерал Найс Инвестмент” мехоҳад дар интиқоли маодини тавлиди гилхок аз кони Курговад дар ноҳияи Дарвоз то корхонаи коркард дар ноҳияи Ёвон, “хатти интиқолӣ” ё “пулпопровод” бунёд кунад. Ин ширкат низ ҳамакнун ба таҳияи тарҳи хатти интиқолӣ, машғул мешавад. Сухангӯи ширкати “Талко” гуфт, ки ширкати "Юнан” алоқаманд аст, ки бар пояи корхонаҳои ширкати “Талко” як маҷмаи истеҳсоливу инноватсионӣ бунёд кунад.
Ба гуфтаи Игор Сатторов, бо эҳтимоли зиёд ин маҷмаа дар ноҳияи Ёвон бунёд хоҳад шуд, зеро аз партовҳои корхонаҳои тавлиди криолиту фосфат имкони афзоиши маҳсулоти зиёд вуҷуд дорад. Гузашта аз ин ҷониби Чин мавзӯи истихроҷи ангиштсангро низ бозбинӣ карда, роҳҳои муосири ба даст овардани ин навъи сӯзишворӣ барои ниёзҳои “Талко”-ро роҳандозӣ мекунад.
Игор Сатторов гуфт, ки ҳоло наметавонад арзиши ин тарҳҳоро эълон кунад, зеро акнун марҳилаи таҳияи онҳо шурӯъ шуда, арзиши ниҳоии онҳо баъдтар мушаххас хоҳад шуд. Вай танҳо гуфт, ки ширкатҳои чинӣ шакли боимтиёзи сармоягузории ин тарҳҳоро пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи вай, дар шароити феълӣ тамоми сармоягузории ин тарҳҳо бо истифода аз қарзҳои имтиёзноки Чин анҷом дода мешаванд. Аммо тибқи баровардаи коршиносони Норвегия, танҳо хароҷоти тавлиди гилхок дар Тоҷикистон ва кашидани лӯлаи интиқоли маъдани гилхок аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Восеъ ва сипас то ба корхонаи коркард дар ноҳияи Ёвон ҳудуди як миллиард доллар баровард шудааст.
Коршинос: "Ҳамкорӣ судовар хоҳад буд"
Коршиносони тоҷик, ки ҷараёни сафари президент ба Чин ва ҳосили ин дидору гуфтугӯҳоро мушоҳида мекунанд, мегӯянд, умеди ширкати "Талко" барои навсозии шеваи кораш бо кӯмаки Чин метавонад натиҷа бидиҳад. Аз ҷумла, иқтисоддон Нур Сафаров мегӯяд, модели кори корхонаи алюминийиТоҷикистон дар солҳои шӯравии собиқ татбиқ шудааст ва он замон қарор буд, ки таъмини ин корхона бо ашёи хом бо истифода аз зарфиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сурат бигирад.
"Аммо ҳоло вазъият тағйир ёфт. Тоҷикистон ва ширкати "Талко" дар масофаҳои дур аз бандарҳои обӣ воқеъ аст. Ба ин далел хароҷоти интиқоли ашё ва маҳсулоташ гарон меафтад. Дар пайи қазияҳои додгоҳӣ бо ширкати русии "Русал" фаъолияти "Талко" дар чанд соли ахир чандон судовар набуд. Аммо Чин бузургтарин кишвари тавлидкунандаи алюминий дар ҷаҳон мебошад ва фанновариҳои пешрафтаеро дар ихтиёр дорад. Мутмаинам, ки ҳамкории "Талко" бо ширкатҳои чинӣ мусоидат хоҳад кард, ки фаъолияти ин корхона судовар шавад",-афзуд Нур Сафаров.
Умаров: "Агар муваффақ шавем, дастоварди бузурге хоҳад буд"
Иқтисоддони дигар Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, солҳои 1960, замони бунёди корхонаи алюминий қарор буд, захираҳои маъданҳои тавлиди гилхок дар минтақаи Рашт коркард шавад. Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Умаров, он замон фанновариҳои тавлиди гилхок аз ин маъданҳо ихтироъ нашуда буд ва ин ҳадаф ба коми фаромӯшӣ рафт.
Ҷаноби Умаров афзуд: "Хушбахтона олимони чинӣ роҳҳои тавлиди гилхок аз маъданҳоеро ихтироъ карданд, ки захираҳои он дар кони Курговади ноҳияи Дарвоз зиёд аст. Агар Тоҷикистон воқеан ба таъмини ширкати “Талко” бо ашёи дохилӣ муваффақ шавад, ин барои кишвари мо дастоварди бузурге хоҳад шуд. Зеро, дар ин сурат Тоҷикистон ба тавлиди алюминий бо истифода танҳо аз ашёи ватанӣ ноил мешавад."
Ширкати “Талко”, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон) дар миёнаҳои солҳои 60-и асри гузашта сохта шуд. Баҳси суду зиёни усули толлинг ва бо қиммати имтиёзнок дарёфт кардани нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон, ки мардуми рустонишини кишвар ба он дастрасии маҳдуд доранд, тайи солҳои ахир ба мавзӯи доғе дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шудааст.
Он замон дар саҳифаҳои матбуот ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки “Талко” ба будҷаи давлат андози чандон бузурге пардохт намекунад ва беҳтар аст фурӯхта шавад. Аммо дар сурати бозсозиии таҷҳизоти тавлиди алюминий дар “Талко” масрафи нерӯи барқ ду маротиба камтар хоҳад шуд ва ин баҳсҳо то андозае коҳиш хоҳанд ёфт.
Зимнан, дар ним соли гузашта ширкати “Талко” тақрибан 50 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки нисбат ба нақша 32,3 дарсад камтар аст. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, тибқи нақша ширкати “Талко” бояд имсол ҳудуди 170 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кунад.
Алюминий дар баробари нахи пахта аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нархи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ миёнаҳои моҳи август якбора боло рафт. Як тонна алюминий дар биржаи металҳои рангаи Лондон рӯзи 15-уми август бо қимати 2 ҳазору 39 доллар хариду фурӯш шуд. Ҳанӯз ду-се соли пеш арзиши ин маҳсулот аз ҳазор доллар ҳам поинтар омада, даромади ширкати тоҷикистонии истеҳсолкунандаи алюминийро коҳиш дод.