Дар ду моҳи охир дар Қирғизистон шиддат гирифтани руҳияи зидди Чин ба назар мерасад. Аммо чеҳраҳои расмии кишвар, аз ҷумла раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷээнбеков онҳоеро, ки мехоҳанд равобит бо Пекинро хароб кунанд, ба муҷозот таҳдид кардаанд.
“Чин ҳамсояи мост. Гузаштагони мо гуфтаанд, ки бо ҳамсоя бояд муносибати хуб намуд. Онҳо ба мо маҳз ҳамин гуна муносибат мекунанд, бурсияҳо медиҳанд. Ҳар қадаре, ки зарур аст, қарз медиҳанд.Сооронбой Ҷээнбеков
Аз моҳи декабри соли гузашта дар пойтахти Қирғизистон бори дувум аст, ки бо талаби ихроҷ кардани шаҳрвандони ғайриқонунии Чин аз ин кишвар тазоҳурот баргузор мешвад. Бори аввал фаъолони қирғиз рӯзи 20-уми декабр дар муқобили сафорати Чин дар Бишкек тазоҳуроти сулҳомез карданд. Дар ин тазоҳурот талаб карданд, ки дар муддати 30 рӯз шаҳрвандони Чинро, ки ба таври ғайриқонунӣ будубош доранд, аз кишвар ихроҷ кунанд. Инчунин, барои тафтиши соҳиби шиносномаи Қирғизистон шудани шаҳрвандони хориҷӣ комиссия ташкил шавад.
Талоши дувум, ки таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб кард, рӯзи 7-уми январ аз сӯи фаъолон роҳандозӣ шуд. Ҳудуди 300 нафар дар майдони марказии шаҳри Бишкек талаб карданд, ки ба чиниҳо шаҳрвандӣ дода нашавад. Даъватҳо барои ба тазоҳурот ҳозир шудан тавассути паёмрасонҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст.
Президент нигарони чинҳаросӣ
Президенти Қирғизистон рӯзи 9-уми январ дар мулоқот бо сокинони вилояти Чуй назари худро мавриди руҳияи зиддичинӣ иброз дошт. Сардори давлат аз чиниҳо пуштибонӣ кард ва ҷанбаҳои мусбати равобит бо Чинро зикр намуд.
“Чин ҳамсояи мост. Гузаштагони мо гуфтаанд, ки бо ҳамсоя бояд муносибати хуб намуд. Онҳо ба мо маҳз ҳамин гуна муносибат мекунанд, бурсияҳо медиҳанд. Ҳар қадаре, ки зарур аст, қарз медиҳанд. Ин қарзҳо чӣ гуна ба масраф мерасанд? Ин мушкили дохилии мост. Мушкили мансабдорон ва онҳоест, ки дар ҳокимияти давлатӣ ҳузур доранд. Мо бояд ба онҳо барои қарзҳо ташаккур бигӯем”, -афзуд Ҷээнбеков.
Ба ҷуз ин, раиси ҷумҳур таъкид кард, ки давлат ҷараёни муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷиро назорат мекунад, иғвоандозӣ ва сару садоҳо кори нерӯҳои дохилӣ мебошад.
Ӯ афзуд, “ҳама чиро медонем. Ин амалкарди нерӯҳои дохилист, ки мавзуъро сиёсӣ карда, мехоҳанд равобитро тира намоянд. Намедонам, ки кадом нерӯи хориҷӣ дар ин ҷо даст дорад, вале кӣ будани нерӯҳои дохилиро мо медонем. Бигзор фикр накунанд, ки талош доранд кореро анҷом медиҳанд. Ҳамаашонро ба ҷавобгарӣ мекашем. Дар давлат қонун ва ҳокимият побарҷост. Мо аз чизе тарс надорем. Бародарони муҳтарам, нисбат ба ҳама чораандешӣ мекунем, мо ин мавзуъро ҳал мекунем”, - гуфт раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Дар Қирғизистон шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ будубош мекунанд бисёранд. Бигзор онҳо бо хоҳиши худ кишварро тарк кунанд, вагарна...
“Мардуме хашмгинанд, ки муҳтавои созишномаҳоро намедонанд”
Нахуствазири Қирғизистон Қувватбек Боронов дар нишасти матбуотие, ки барои тавзеҳи ин вазъ созмон дода шуда буд, гуфт, ақидаҳое, ки “Қирғизистон барои қарзҳояш аз Чин қисме аз заминҳояшро ба ин кишвар хоҳад дод” асос надоранд. “Дар ин бора шаҳрвандоне менависанд, ки муҳтавои созишномаҳои дуҷонибаро намедонанд. Ва ё инро нафароне мекунанд, ки мехоҳанд қонунро вайрон кунанд, баҳсҳоро атрофи ин масъала ташдид бахшанд ва тартиботи ҷамъиятиро барҳам бизананд”, - гуфт Боронов.
Дар ҳамин ҳол, дар тазоҳуроте, ки иттиҳодияи ҷамъиятии “Қирғиз чоролору” моҳи декабри соли 2018 ташкил карда буд, ба сафорати ин кишвар номае дода шуд, ки сабабҳои қарор додани қирғизҳои Чин дар урдугоҳҳои тарбиявиро шарҳ диҳанд. Инчунин талаб карда шуд, ки хушунат дар баробари ақаллиятҳои қавмӣ дар Чин манъ карда шавад.
Дар сурати қонеъ накардани талаботи худ фаъолон таҳдид карданд, ки мустақилона чиниҳои ғайриқонунӣ воридшударо шиносоӣ хоҳанд кард. “Дар Қирғизистон шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ будубош мекунанд бисёранд, бигзор онҳо бо хоҳиши худ кишварро тарк кунанд, вагарна иттиҳодияи ҷамъиятии “Қирғиз чоролору” дар ҳар ошхонае “рейд” мегузаронад. Албатта, мо инро аз мақомоти давлатӣ дархост мекунем, вале агар розӣ нашаванд, пас, худ иқдом мекунем”, - гуфт раиси иттиҳодия Замирбек Кочорбоев.
Кӯтоҳии ҳукумат
Ба назари муовини раиси кумитаи умури байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти порлумони Қирғизистон Абдуваҳҳоб Нурбоев, ҳукумат дар амри корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расондани иттилоъ ба мардум кӯтоҳ омадааст. Ӯ гуфт, “бояд ҳамеша шаҳрвандонро дар мавриди ин ки ба хазинаи мо ширкатҳои чинӣ чӣ миқдор андоз месупоранд, чӣ миқдор қирғизҳоро ба кор таъмин кардаанд ва давлат аз ин ҳама чӣ фоида мебинад, бохабар кард. Зеро ҳеч кишваре наметавонад бидуни сармоягузорӣ иқтисодашро рушд бидиҳад. Чин ва ё ҳар кишвари дигаре бошад, мо муваззафем, ки муносиботи худро бо сармоягузорон дақиқкорона ба роҳ бимонем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем рушд кунем.”
Хатар барои ҷомеа
Коршиносон бар ин назаранд, ки руҳияи зиддичинӣ дар Қирғизистон метавонад барои ҷомеа ва давлат пайомадҳои хатарзо дошта бошад.
“Дар ҷомеа аллакай ин гуна андешаҳо баён шуданд, ки қирғизҳо чиноӣ карда шудаанд, Чин онҳоро ғасб кардааст. Ин андеша дар бисёре аз кишварҳо вуҷуд дорад. Вале ин ки чунин як руҳия боло мегирад, бояд ҳукуматро нигарон кунад. Ин нишонаи як миллатгароии бисёр хатарнок аст. Онҳое, ки мавзӯи Чинро матраҳ мекунанд, шояд ба дунболи кадом ҳадафи сиёсие мегарданд. Агар онҳоро бигузоранд, ки ин гуна иқдомоти ғайримасъулонаро давом диҳанд, пас, метавонад алове дар бигирад, ки хомӯш карданаш номумкин шавад. Дар ин маврид ҳам бояд андешид. Дар ин гуна мавридҳо раиси ҷумҳур бояд посухи амиқ ва дақиқе бидиҳад, сарварии худро собит кунад”, - мегӯяд сиёсатшинос Эмил Ҷӯраев.
Масъалаҳои марбут бо муносибати эҳтиёткорона бо муҳоҷирати чиниҳо дар Қирғизистон бори аввал нест, ки матраҳ мешавад. Пештар вакили порлумон Таабалди Тиллоев изҳор карда буд, ки дар Қирғизистон шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ беш аз 100 ҳазор шудааст. Вале Хадамоти давлатии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ин иттилоъро рад мекунад.
Тибқи маълумоти ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин кишвар ҳоло 400 ширкати чинӣ ҳузур доранд. Ширкатҳои муштараки чиниву қирғизӣ 177-то будаанд. Аз ширкатҳое, ки ба таври расмӣ Пекин маблағгузорӣ мекунад, дар соли 2018 ба будҷаи кишвар 3,8 миллиард сом ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2017 20 дар сад бештар будааст. Дар соли 2018 ба Қирғизистон беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Чин омадаанд, ки беш аз 34 ҳазор нафари онҳо баргаштаанд.
Дар 9 соли охир 268 шаҳрванди Чин шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт намудаанд.