Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" қариб ба 3 млрд. сомонӣ расидааст


Неругоҳи "Сангтӯда-1"
Неругоҳи "Сангтӯда-1"

Масъулини неругоҳи барқии "Сангтӯда-1" мегӯянд, дар ним сол дар ҳаҷми 1 млрд. 376 млн киловатт-соат нерӯи барқ тавлид карда, ба ширкати "Барқи тоҷик" интиқол доданд. Тавлиди барқ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 84 млн. киловат соат бештар будааст.

Аммо дар хабарномаи ширкати "Сангтӯда-1" омадааст, дар ним соли аввал, ширкати "Барқи тоҷик" танҳо то 31 дарсади маблағи барқро пардохт кардааст. Масъулини ин неругоҳ гуфтанд, қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" имсол 346 млн. сомонӣ зиёд шуда, ба 2,7 миллиард сомонӣ расидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон чандин маротиба қарзи "Барқи тоҷик" аз неругоҳи "Сангтӯда -1"-ро аз ҳисоби андоз кам мекунад.

Неругоҳи "Сангтӯда-1" бо сармояи Русия дар дарёи Вахш сохта шуда, 75 дарсад саҳми он ба Русия ва 25 дарсади дигар ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Масъулини ин неругоҳ солҳост аз пардохт нашудани маблағи барқи тавлидшуда аз сӯи "Барқи тоҷик" шикоят доранд. Масъулини "Барқи тоҷик" гуфтаанд, қарзро дар асоси тавоноӣ ва марҳила ба марҳила пардохт мекунанд.

XS
SM
MD
LG