Ҳанӯз соли 1964 мехостанд, онро вайрон ва дар ҷояш биноҳои бисёрошёна бунёд кунанд. Бо ҷонбозии рӯшанфикрони Самарқанд наҷот ёфт ва ба осорхона табдил дода шуд. Дар ҳоле ки булдозер дар паси дарвозаи ин ҳавлӣ омодаи рӯфтани пайи қадамҳои Айнӣ буд.
Бо вуҷуди ин, дертар чанд бори дигар талош шуд, онро вайрон кунанд. Бори охир дар соли 2009 дар айни сардии равобити Тоҷикистону Узбекистон бо баҳонаи бозсозӣ тасмим гирифта шуд, осорхона барҳам дода шавад.
Боз ҳам талошҳои фидокоронаи зиёиёни Самарқанд онро наҷот дод, вале масъулони хона-музей аз он гила доранд, ки тоҷикистониҳо ба дидани гӯшаҳои мухталифи Самарқанд мераванд, вале ба осорхона сар намезананд.
“Дар Самарқанд чанд осорхона ҳаст. Хона-музейи Садриддин Айнӣ, яҳудиҳои Бухоро, Афросиёб, Саидризо Ализода... Ҳар моҳ натиҷагирӣ мекунанд. Аз ҳама кам ба хона-музейи устод Айнӣ меоянд. Мепурсанд, ки барои кӣ ин музейро сохтем, наход ба сокинони Тоҷикистон ё тоҷикон лозим набошад? Меҳмонҳо аз Тоҷикистон меоянд, маҷмаи Регистонро мебинанд ва ба мақбараи Амир Темур мегузаранд. Ҳамин қадар илтиҷо мекунем, ҳозир меоем гуфта, гузашта мераванд,” – гила кард Амриддин Пӯлодов, мудири хона-музейи Садриддин Айнӣ.
“Мо тоҷик мегӯем, вале ба фарҳанг, миллат, забон аҳамият намедиҳем. Мехоҳем мошин харем, хона созем, тӯйҳои бадвоҳима кунем. Аз сари раққосаҳо доллар мепошем. Шири тоҷикро хӯрда, ба камол расида, китоб гирем, ба миллат хидмат кунем. Боз як гиламандӣ ҳамин аст, ки Тоҷикистон ҳамсояи мост. Аз Панҷакент шаст километр масофа аст. Одамон намеоянд, намебинанд. Дар инҷо чил-панҷоҳ мактаби тоҷикӣ ҳаст. Баъзе омӯзгорони адабиёт намедонанд, ки осорхона дар куҷост,” – илова кард Зоҳир Ҳасанзода, нависанда ва рӯзноманигор.
Ҳамсуҳбатони дигари мо дар ин видео нақл карданд, ки чӣ гуна ва бо чӣ роҳе хонаи Садриддин Айнӣ ҳифз шуд ва ҳоло дар чӣ вазъ аст:
Видео дар Ютуб: