Талбаков дар моҳи октябр бо нашри наворе дар Фейсбук гуфт, ки раҳбарони Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ӯ хостаанд, ки аз кор биравад. Касеро, ки ба гуфтаи худаш сарсупурдаи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон аст ва мехоҳад, дар татбиқи онҳо саҳм бигирад.
Чаро Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) бо вуҷуди сарсупурдагӣ ба қавле ронда шудааст? Мушкил дар худи ӯст ё низоми Тоҷикистон? Мавзӯи баҳси “Гапи озод” дар ҳамин бора аст ва меҳмонон – рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ ва ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров аз Аврупо. Абдуқодир Талбаков гуфт, ки наметавонад дар барнома ширкат кунад.
Чанд суоли барнома:
Чаро мақомоти Тоҷикистон аз Абдуқодир Талбаков парҳез мекунанд?
Абдуқодир Талбаков худро зардуштӣ эълон карда, аксаран ақидаҳои ифротиро дар ислом танқид мекунад. Ин ақида ҳаст, ки гуё ӯро барои ғайримусулмон буданаш хуш надоранд. То куҷо дуруст аст?
Дар Тоҷикистон асосан мунтақидони давлат, ки ҳоло кам мондаанд, ба идораҳои давлатӣ ба кор қабул намешаванд ва ё шаванд ҳам ба сахтӣ онҳоро ба кор мегиранд. Ҳоло ин гуна рафтор бо як пайраву ҳомии вафодори ҳукумат баёнгари чист? Яъне танқиди андак ҳам набояд бошад?
Барномаро дар ин ҷо бинед: